14 январи соли ҷорӣ ба Консулгарии генералии шаҳри Истанбул наздикони 5 нафар ҳамватанони мо, ки бар асари истеъмоли машруботи худсохт заҳролуд шуда, вафот карданд, муроҷиат карданд.
Тавре ки зикр шудааст, ин ҳодиса дар ноҳияи Аксаройи шаҳри Истанбул, дар натиҷаи истеъмоли машруботи спиртии харидашуда ба амал омадааст.
Фавтидагон асосан мардони 35–40-сола буда, ҳамаи онҳо кӯдакони ноболиғро ятим гузоштанд. Дар робита ба ин, консулгарии генералии Истанбул ҳамаи шаҳрвандонро ба худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва эҳтиёткорӣ даъват мекунад.
Дар ҳолатҳои таҳдид ба саломатӣ, тавсия дода мешавад, ки фавран ба беморхонаи наздик муроҷиат намуда, бо консулгарии генералӣ дар тамос бошед, омадааст дар хабар.