КОМЁБИИ ПАРВИЗ Ё ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ БАЛАНДИ ИЛМ

Чанд рӯз аст, ки комёбии илмии ҷавони бухороӣ Парвиз Тӯхсанов овоза гашта, ба дили ҳамдиёрон эҳсоси ифтихор меангезад. Вай, ки хатмкунандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-юми шаҳри Бухоро дар соли 2024 аст, бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ аз имтиҳони SAT (тести академии байналхалқӣ) аз 1600 хол имконият 1600 хол ба даст дароварда, ба натиҷаи баландтарин ноил гардид.

Бинобар маълумоти ВАО ин байни мамлакатҳои Осиё нахустин натиҷаи воло будааст. Ин комёбӣ имкон медиҳад, ки Парвиз ба беҳтарин донишгоҳҳои олам даромада дар асоси грант таҳсил гирад.

22 майи соли 2006 дар оилаи мудири шуъбаи хазинаи ноҳияи Когон Абдураҳим ва мудири кафедраи Институти давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои кимё Фирӯза Нуриддинова хурсандӣ рух дод. Аввалин фарзанд – писар ба дунё омад. Ба вай Парвиз ном ниҳоданд. Парвизи зирак дар мактаби номбурда бо баҳои аъло хонд ва онро соли гузашта бо медали тилло хатм кард. Вай фанҳои математика (омӯзгораш Розия Ибодова) ва забони англисӣ (устодаш Саодат Алиева)-ро бештар дӯст медошт. Аз ин рӯ, хост, ки аз имкониятҳои дар мамлакатамон барои наврасон фароҳамовардашуда истифода барад. Бо ин мақсад соли 2022 иқтидори худро дар соҳаи IELTS санҷид ва соҳиби 8,5 хол гардид, ки ин байни ҷавонони ҳамсол натиҷаи баландтарин буд. Вале Парвиз бо ин қаноат накард. Вай як соли дигар бо орзуҳои нек болои тести академии байналхалқӣ – SAT кор кард ва баъди имтиҳон аз 1600 хол имконият ба 1560 хол соҳиб шуд. Худи ҳамин натиҷа, ки ҳамто надошт, барои фатҳи қуллаи мақсад барои Парвиз кофӣ буд. Вале шавқи ҷавонӣ ва боварӣ ба иқтидори худ ӯро ором нагузошт. Парвизи сахтгир пайваста азму кӯшиш дорад, ки ҳатто ягона имконият ҳам бесамар аз даст наравад. Вай бо натиҷаи дастрасшуда маҳдуд монданро сустию заифии ирода мепиндорад. Зеро ӯ бо ҳамин ақида ҳар гуна душворӣ ва монеаро бурдборона паси сар карда, оқибат ба мақсад мерасад. Ин дафъа низ ҳамин гуна рафтор кард. Ирода ва иқтидори худро бори дигар имтиҳон кард. Находки инсон назди имконият оҷиз бошад?! Не, оҷиз он касест, ки аз заҳмат ва душвориҳо сӯйи мақсад ҳаросад! Ҳамин ақида ӯро роҳбалад шуд.

Шоир беҳуда нагуфтааст:

Ба азми дурусти сайъи комил,

Касро нашавад мурод ҳосил.

Ҳамин тариқа вай тайёрии пухта дид. Ниҳоят моҳи декабри соли 2024 дар ҳаёти вай воқеаи таърихӣ рух дод, Парвиз ба орзуи худ расид. Фатҳи баландтарини қуллаи илм, ки орзу мекард, насибаш гашт.

Ба қарибӣ мулоқоти мо аввал бо модари ӯ Фирӯза Нуриддинова ва баъд бо худи Парвиз сурат гирифт. Аён гардид, ки забони гуфтугӯии онҳо дар оила чун аксарияти бухороиён тоҷикӣ будааст. Мо аз фурсат истифода бурда, мусоҳибонро бо Соли нав ва комёбии фаромӯшнашавандаашон муборакбод намудем. А.Тӯхсанов ва Ф.Нуриддинова соҳиби ду фарзанд буда, писари дуюм Иззатулло хонандаи синфи VI-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-уми шаҳри Бухорост.

– Дар кадом риштаи таълимгоҳи олӣ таҳсил гирифтан мехоҳед? –  пурсидам аз Парвиз.

– Дар факултети иқтисодиёти Донишгоҳи Колбии ИМА. Таҳсил моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз меёбад, – гуфт вай.

– Чӣ орзу доред?

– Баъди хатми таҳсили чорсолаи бакалавр ба зодгоҳ баргашта, баҳри ривоҷу равнақи Ватан ва халқамон хидмат кардан мехоҳам.

– Омад ёр шавад!

– Раҳмат.

– Парвиз, имрӯзҳо чӣ машғулият доред?

– Гурӯҳ дорам (50 нафар)-ро репититорӣ мекунам.

– Вақти холӣ чӣ кор мекунед?

– Варзиш – сангбардориро дӯст медорам.

– Вазнбардорӣ ба чанд килограмм баромад?

– Ба 180 кг.

– Ҳоло кадом забонҳоро медонед?

– Ба ғайр аз забони модариам тоҷикӣ – забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва  арабӣ (бо луғат)-ро медонам.

– Бисёр хуб. Бухоро гаҳвораи бузургон аст. Фарзандони асили ин ҷо обрӯю эътибори  диёрамонро дар ҳафт иқлими олам шуҳратманд гардонидаанд. Имрӯз ғамхории давлат, бобати рушди ҳаматарафаи ҷавонон беҳамтост. Ин анъанаи таърихии ниёгон бо шарофати шумо барин ҷавонони соҳибиқтидор бояд идома ёбад!

– Ташаккур.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик»  дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: