КУЛОЛГАРӢ – ХАЗИНАИ БЕБАҲО

Маркази байналмилалии кулолгарии Риштон се сол муқаддам бо иқдоми Сарвари давлатамон арзи вуҷуд намудааст.

Он аз тамоми шароити зарурӣ бархурдор буда, дар ҳамин ҳол ба ҷойи дӯстдоштаи даҳҳо ҷавононе табдил ёфтааст, ки ба он ҷо барои омӯзиши асрори кулолгарӣ меоянд. Дар оянда маҳз ҳамин ҷавонон баҳри ҳифз ва рушду ривоҷи санъати кулолгарии суннатӣ, барқарор намудани навъҳои гумшудаи он талош хоҳанд кард.

Аз вақти ифтитоҳ то кунун дар Маркази байналмилалии кулолгарии Риштон 20 нафар намояндагони оилаи кулолгарон машғули кор мебошанд, ки маҳсулоти онҳо кайҳо аз қаламрави кишвар баромада, дар бозорҳои мамолики гуногуни Аврупову Осиё ва Амрико харидорони худро пайдо кардааст.

Дарҳақиқат, вижагии кулолгарии Риштон хеле зиёд аст. Ҳатто аз гили маҳаллӣ кулолгарон маҳлулҳое тайёр мекунанд, ки барои ҷозибаву дурахши зарф ва намудҳои гуногуни маҳсулоти сафолин масраф мегардад. Дар он ягон моддаи кимиёвӣ истифода бурда намешавад, барои ҳамин харидорони он дар тамоми олам рӯ ба афзоиш овардаанд.

– Ман зиёда аз 140 нафар шогирд дорам. Ба фарзандони оилаҳои камтаъмин низ ин касби ниёконро меомӯзам. Дере нагузашта шогирдонам нозукиҳои ин касбро ёд мегиранд ва паррончак шуда, мустақилона ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни сафолин машғул мешаванд, – мегӯяд яке аз кулолгарони номии Риштон Алишер Назиров. 

Ба гуфтаи ӯ санъати кулолгарии Риштон дар тӯли асрҳо ҷузъи ҷудонашавандаи сарвати маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Таърихи ин санъат решаҳои амиқ дошта, расму оинҳои қадимии мардуми бумиро дар худ инъикос мекунад.

Агар ба таърихи он як назар андозем, санъати кулолгарии Риштон дар асрҳои миёна ташаккул ёфта, ҳазор сол боз инкишоф меёбад. Ашёи хоми ин сарзамин — ҳамон «гили сурх»-и ноёбу нотакрор мебошад, ки ба инкишофи санъати кулолгарӣ такони қобили мулоҳиза бахшидааст. Зарфҳои сафолини Риштон асосан бо нақшҳои хоси худ маъруфанд, ки дар истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, кӯза, табақ ва маснуоти дигари ҳунарӣ ҷилвагар мегарданд.

Кулоли Риштон натанҳо санъати зебо, балки рамзи маънавиёт ва ҳуввияти миллӣ низ мебошад. Намунаҳо дар маснуоти кулолӣ ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва арзишҳои мардумамонро бозтоб медиҳанд. Масалан, «ислимӣ» (яке аз навъҳои нақшу нигор дар кандакории чӯбу гаҷ, ки иборат аз гиреҳ ва печу хамҳои занҷир монандишабеҳ ба унсурҳои табиат аст)  ё «нақшҳои гул» рамзи дарозумрӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ маҳсуб мешаванд.

 Иштироки ҳунармандони риштонӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва маъруфияти маҳсули онҳо дар миёни сайёҳони хориҷӣ барои рушди ин санъат имкониятҳои нав ба навро фароҳам меорад. Санъати кулолгарии Риштон на танҳо санъати тасвирӣ, балки зуҳуроти дурахшони олами маънавии мардум, мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии он низ мебошад. Ҳифзи ин ҳунар ва ба насли наврас расонидани он вазифаи муҳими кулолгарони номии Риштон аст. Дар айни ҳол ин рисолатро Шарофиддин Юсупов, Бахтиёр ва Алишер Назиров, Шокирҷон Аҳмадҷонов ва як идда кулолгарони дигар бо сарбаландӣ анҷом медиҳанд ва барои дарозумрии он саҳми бузург мегузоранд.

Дилором ДОДОБОЕВА,

мудири бахши ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар Риштон.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: