Зиндагии одамизод бе ду ғизо – ғизои моддӣ ва маънавӣ тасаввурнопазир аст. Ҳамин ду ғизост, ки имкон медиҳанд, инсон инсонвор умр ба сар барад. Шояд на ҳама дақиқ медонанд, ки инҳо чӣ ғизоянд.
Агар иқтисодиёт ба масал пайкари ҳаёти иҷтимоӣ бошад, маънавият рӯҳу ҷони ин пайкар аст. Мо тасмим гирифтем, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ба ду сутуни мӯҳкам такя намоем: якум – ба иқтисодиёти муқтадире, ки асосашро тамоюлҳои бозорӣ, дуюм – ба мероси ғании аҷдод ва маънавияти муқтадире, ки асосашро арзишҳои миллӣ ташкил медиҳанд.
Шавкат Мирзиёев
Зиндагии одамизод бе ду ғизо – ғизои моддӣ ва маънавӣ тасаввурнопазир аст. Ҳамин ду ғизост, ки имкон медиҳанд, инсон инсонвор умр ба сар барад. Шояд на ҳама дақиқ медонанд, ки инҳо чӣ ғизоянд.
Ғизо муродифи вожаҳои таом, қут ва хӯрок бошад. Модда ё моддӣ мансуб ба ҷисм ва шайъ (чиз) аст, яъне ҷисмест, ки мо метавонем онро бубинем ва ламс бикунем. Нону об, гӯшт, меваҷоту сабзавот, шириниҳои гуногун ва кулли хӯрданиҳое, ки мо онҳоро мебинему ламс мекунем, ғизои моддиянд. Ғизои моддӣ ба тани инсон неру мебахшад, имкон медиҳад, ки зиндагиашро идома диҳад. Аз ин рӯ, вақте ба сафар мебарояд, барои бар асари гушнагӣ аз по наафтодан, бо худ ғизои моддӣ мегирад.
Ҳар ду ғизо ба ивази меҳнати зиёд ба даст ояд. Бигирем, яке аз ғизоҳои моддӣ – нонро аз орди гандум омода мекунанд. Қабл аз коштани гандум, бояд заминро шудгор кард. Баъд аз расидан, гандумро медараванд ва ба анборҳо интиқол медиҳанд. Сипас дар корхонаҳои махсус гандум ба орд, орд ба нон табдил меёбад ва тавассути ҳавопаймо, қатора, мошин барои баҳрабардорӣ ба манзилҳои зист интиқол дода мешавад...
Ғизои маънавӣ қути рӯҳ аст. Онро метавон ҳис ва дарк намуд, вале наметавон ламс кард. Ғизои маънавӣ тавассути гулӯи рӯҳи инсон вориди меъдаи зеҳни ӯ мегардад. Китобҳои осмонӣ: «Авасто», «Таврот», «Инҷил», «Забур», «Қуръон», «Алла»-и модар, мероси маънавии ниёгон ва маърифате, ки инсон дар муассисаҳои таълимӣ мегирад, ғизои маънавиянд. Фикр мекунам, барои кӯдак нахустин қути маънавӣ «Алла»-и модар мебошад, ки бо беҳтарин ғизои моддӣ – шири ҷонбахши ӯ вориди меъдаи рӯҳаш мегардад.
Ғизои маънавиро, ҳамчунин, шоирону нависандагон, олимон, рӯзноманигорон, коргардону актёрон, овозхону ровиён ва зиёиён омода мекунанд. Ин ғизоро низ тавассути ҳавопаймову поезд ва мошинҳо аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳанд.
Дар муқоиса бо ғизои моддӣ фарқи ғизои маънавӣ дар он аст, ки ғизои маънавиро ҳайвонҳо истеъмол намекунанд. Оё хару гов ва вуҳуш (ҳайвонҳои ваҳшӣ)-ро дидаед, ки китоб хонда бошанд? Ҳамчунин, ҳайвонҳо, барои ба донишу маърифати худ афзудан, дар муассисаҳои гуногун таълим намегиранд. Инсон агар ғизои маънавӣ истеъмол накунад, рӯҳан басе заифу муфлис мегардад ва кирдору рафторҳояш ба кирдору рафторҳои вуҳуш монанд мешавад...Ин аст, муфлисони маънавӣ барои ба даст даровардани ғизову сарвати моддӣ, мисли гурге, ки гӯсфандро медарад, ҳамгинонашонро бо теғу шамшер медаранд...
Аҷдоди донишманд ва донишписанди мо, барои инсонвор зистан, ҳамеша ба ғизои маънавӣ арҷ гузоштаанд. Дар рӯзгоре, ки матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва васоити электронӣ набуд, онҳо шабҳо гирди ҳам омада дар партави шамъу фонус Қуръон, аҳодиси набавӣ, «Шоҳнома», «Гулистон»-у «Бӯстон», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Маснавии маънавӣ», девони Ҳофиз ва дигар китобҳои пурҳикматро хонда тафсир кардаанд... Ва он осори мондагор дар тарбияи насли ҷавон нақши бориз дошт...
Қуту ғизои маънавии ҳар як қавм, аз ҷумла қавми тоҷик, дар ошхонаи забони модарӣ омода мегардад. Бо назардошти ин, барои ҳар қавм, аз ҷумла қавми тоҷик, танҳо ҳамон ғизо ғизои маънавӣ маҳсуб мешавад, ки онро дар ошхонаи забони модарӣ пухта бошанд. Ғизои моддӣ ба тавону қудрати ҷисми инсон, ғизои маънавӣ ба тавону қудрати рӯҳи ӯ биафзоянд.
Оила, кӯдакистон, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими олӣ муҳити парвариши забони модариянд. Суоле табиӣ ба миён меояд: «Оё насли ҷавон (бигирем, насли ҷавони тоҷике, ки дар кӯдакистону мактабҳои русӣ ё ӯзбекӣ таълим мегирад), аз ғизои меънавии миллӣ баҳра бурда метавонад? Таҷриба нишон медиҳад, ки баҳра бурда наметавонад. Ба мушоҳида гирифтаем, ки насли ҷавони тоҷике, ки мактабҳои русиву ӯзбекиро хатм намудаанд, аз табиату феълу хӯйи тоҷикӣ дуранд ва аз мероси маънавии аҷдод бебаҳра. Танҳо дар доираи шеваи маҳалии худ (махлут ба забонҳои дигар) табодули афкор карда метавонанду бас. Фикр мекунам, онҳо ҳамчунин аз ғизои маънавие, ки дар ошхонаи забонҳои дигар омода мегардад, ба таври бояду шояд баҳра бурда наметавонанд. Зеро то ба остонаи мактаб по ниҳодан, дар муҳити яке аз шеваҳои тоҷикӣ парвариш ёфтаанд, нахустин сурудеро, ки шунидаанд, «Алла»-и модари тоҷик будааст...
Дар пойтахти кишварамон кӯдакистону мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Таҷриба кардаем, ки онҳо, яъне фарзандони тоҷике, ки дар мактабҳои ғайритоҷикӣ таҳсил доранд, аз осори адибони қадиму муосири тоҷик ва нашрияҳои даврие, ки ба тоҷикӣ чоп мешаванд, баҳра бурда наметавонанд.
Фикр мекунам, ҳам он насле, ки бо вуҷуди дар маҳалҳо мавҷуд будани шароити таҳсил ба забони модарӣ, бино ба хоҳиши падару модарон, дар кӯдакистону мактабҳои дигар таълим мегиранд, дар ин ҳолу ҳавоянд...
Таърих яке аз серғизотарин ғизоҳои маънавист, ки бояд дар муассисаҳои таълимӣ ба насли ҷавон дода шавад. Насли ҷавони бебаҳра аз ин ғизо мисли ин аст, ки дар торикистоне бе чароғ роҳ мепаймояд...
Худо ба ҳар як қавм, барои табодули афкор ва эҳдосу эҳёи дунёи рӯҳонияш, забон ато кардааст. Ӯст, ки ҷисму ҷони бандаҳоро бо неъматҳои моддиву маънавиаш зинда нигоҳ медорад. Ҳеч бандаеро аз забони модариаш, ки сарчашмаи ғизои маънавӣ мебошад, маҳрум магардонад!
Дар хотима байте аз як ғазалгунаам ба ёд омад, ки фикр мекунам, даст ба дасти ин навишта медиҳад:
Ҳама қавмҳои дунё ба
худӣ расанд, ай кош,
Ба худӣ расида зеро ба
Худо расида бошад.
А. Субҳон.