ТАҲРИФИ НОМИ МАҲАЛҲО ТАҲРИФИ ТАЪРИХ АСТ

​Номҳои ҷуғрофӣ мулк ва оинаи таъриханд. Ҳеҷ як ном, худ аз худ, тасодуфан пайдо намешавад. Дар ҳар як номи ҷуғрофӣ воқеоти таърихӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, урфу одат ва хусусиятҳои забонии мардуми таҳҷойӣ инъикос меёбад. Номҳои ҷуғрофии деҳоти қисмати шимолии қоторкӯҳҳои Нурато ҳам аз ин истисно нестанд.

Шоҳроҳи автомобилгарди Нурато – Фориш. Дар самти шимолии ин шоҳроҳ якчанд деҳаи тоҷикнишин воқеъ мебошанд, онҳо бо инфрасохтори худ созгори замон, барои зиндагии осоишта ва фаровони мардум ҳамаи имконотро доранд. Фарзандони аҳолии ин деҳот дар даҳ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими томактабии ҷавобгӯ ба талаботи рӯз бо забони модарӣ таълиму тарбия мегиранд. Аҳолӣ қисман бо газ ва пурра бо барқ таъминанд. Мардум аз телевизион, алоқаи мобиливу интернет хуб бархурдор мебошанд. Ҳар як деҳаро роҳи мумфарш бо шоҳроҳ мепайвандад. Зиндагонии фаровон доранд мардум. Аз сиёсати Сарвари давлат ризо, онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Чун бо шоҳроҳ равон мешавед, дар гардишгоҳи ҳар як деҳа номи он бо ҳарфҳои хоно навишта шудааст. Касе, ки бо ин деҳот қаблан ошност, номҳоро мехонаду ҳатман ба ҳайрат меафтад. Онҳое, ки бо таърихи деҳот ошно нестанд, (99 фоизи гузарандагон аз ҳамин қабил ашхос мебошанд), номи онҳоро ба ҳамон тарзи навишт ба зеҳни худ ҷо медиҳанд, бо ҳамон тарз номи деҳаҳо дар ҳудудҳои дигар машҳур мешавад.

Ягон номи деҳоти минтақаи номбурда дар аломатҳои сари роҳ дуруст сабт нагардидааст. Дар онҳо моҳияти таърихӣ ва забонии номҳо таҳриф шудаанд. Таваҷҷуҳ бифармоед: «Кичиксой», «Каттасой», «Симбулоқ», «Соп» , «Сентоб», «Можарум», «Ухум», «Эски Фориш» ва ғайраву ҳоказо.

Оё номҳои таърихиву ҷуғрофӣ, умуман номҳои хос тарҷума мешаванд? Мо ба ин ҳодиса дучор наомадаем. Мешавад, ном бо гузашти таърих тағйир ёбад ё тарзи навишту гӯиши нав пайдо кунад, вале ҳеҷ гоҳ тарҷума намешавад. Оё русҳо шаҳри Душанберо «город Понеделник» ва мо Тошкандро «Шаҳри Санг» ном мебарем? Ҳеҷ гоҳ!

Пас сабаб чист, ки муассисаҳои номгузории ноҳияҳои Нуратову Фориш дар аломатҳои сарироҳии даромадгоҳи деҳоти номбурда ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ Сойхурдро «Кичиксой», Сойкалонро «Каттасой», Собро «Соп», Синтаб ё Синтобро «Сентоб», Моҷармро «Можарум», Ӯхмро «Ухум» менависанд?! Номҳои «Кичиксой», «Каттасой», «Соп», «Сентоб»,»Можарум», «Ухум»-ро мардуми маҳаллӣ ва ё аҳолии кӯчбастаи солҳои 50-уми асри гузаштаи маскуни вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Тошканд ва Қазоқистон мавриди истифода қарор намедиҳанд, деҳоти номбурдаро бо номҳои аслӣ – таърихиашон ба забон мебаранд. Мисолан, истилоҳоти «Сойхурд» ва «Сойкалон» солҳои 50-уми асри гузашта нисбати аҳолии муқимӣ дар қиёси ҳам пайдо шудааст. Ҳатто имрӯз истилоҳи «Сойкалон»-ро касе истифода намебарад, балки номи таърихиаш «Эҷ» дар истифода аст. Сойхурд бошад, дар заминаи деҳоти бузургу хурди Зиҳнок, Сариоб, Дари Уштурӣ, Миёни Донич, Чишми Сурх, Соягиву Баландӣ ва Маҳчаровут пайдо шудааст. Қисми зиёди аҳолӣ ба вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззаху Самарқанд ва деҳоти Эҷу Симбулоқ кӯч бастаанд. Ва имрӯз бархе бозгашта заминҳои бобоиро обод мекунанд.

Имрӯз маҳаллаи «Каттасой», ки деҳоти Симбулоқ, Эҷ ва Сойхурдро дар бар дорад, бо «ном»-и худ ба забони мардуми маҳаллӣ ҳеҷ гуна иртибот надорад. Ин ном сохтаву бофтаи кумитаи истилоҳоти ҳокимияти ноҳияи Нуратост. Маҳалла дар ибтидо номи Амониддин Зайниддиновро дошт, ба талабу дархости мардум беэътиборӣ намуда, «Каттасой» номгузорӣ карданд. Муроҷиати бисёркаратаи  мардум дар бораи иваз намудани номи мазкур ба номи аслиаш – «Эҷ» то ҳол  беэътибор мондааст.

Дар моддаи 4-уми таҳрири нави «Қонун дар бораи забони давлатӣ» мехонем: Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои миллат ва халқиятҳое, ки дар ин сарзамин зиндагонӣ мекунанд, барои омӯзиши забони давлатӣ имконоти ягона муҳайё намуда, ба забони он халқҳо ҳурмату эҳтиром гузошта, барои рушду нумӯи онҳо имконоти васеъ муҳайё карда мешавад.

Оё тарҷума ва ё тағйири истилоҳи таърихиву ҷуғрофии забони мардуми маҳаллӣ арҷгузорӣ ва ё ҳурмату эҳтиром ба забони он мардуми маҳаллист, ки дастҷамъона зиндагӣ доранд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: