Шояд аксарият бехабаранд, ки солҳои 2024-2025 дуғдоғ (ба русӣ дрофа ва ба ӯзбекӣ тувалоқ) дар Ӯзбекистон Паррандаи сол дониста шудааст.
Дуғдоғ аз мурғони гаронвазни парвозӣ буда, аз ҳамҷинсони худ бо пару боли рангину пурҷило, инчунин панҷаҳои серҳаракату пурқудрат тафриқа дорад.
Дуғдоғ аз оилаи турнаҳост. Наринаи он 8-16 килограмм, модинааш ду баробар камтар вазн дорад. Болҳои ин мурғ қариб ду метр буда, гарданаш дароз аст, чашмонаш тезу дурбинанд.
Афсӯс, ки солҳои охир шумораи онҳо дар Ӯзбекистон коҳиш ёфтааст. Дуғдоғҳо фақат фаслҳои баҳор ва тирамоҳ, ҳангоми аз саҳроҳои Қазоқистон ба Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо тавассути мамлакати мо парвоз кардан ба чашм мерасанд.
Паррандагони зебову пурҷозиба, беозору серҳаракат, ки замоне дар баъзе минтақаҳои кишвари мо муқимӣ буданд, ба сабаби афзоиши аҳолӣ, кам гардидани ҷойҳои хилвату аз байн рафтани рустаниҳои худрӯй тарки манзил кардаанд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир шикор ба ҳайвоноти ёбоӣ ва мурғони парвозӣ таҳқиқ гардиду ҳоло боз шумораи онҳо меафзояд. Бино ба маълумоти расмӣ ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 500 сар дуғдоғ ба қайд гирифта шудааст.
– Дар тамоми гӯшаву канори дунё бошад, ҳамагӣ беш аз 33 ҳазор дуғдоғ мондаасту халос, – мегӯяд доктори фалсафа оид ба фанҳои биология, дотсенти кафедраи экология ва бехатарии ҳаёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Лайло Билолова. – Дуғдоғ низ ба Китоби сурхи Ӯзбекистон дохил карда шудааст. Мо аз дӯстдорони табиат хоҳиш дорем, ки агар паррандагони ноёб, хосатан дуғдоғро дар ҳудуди ҷумҳурӣ бинанд ё мушоҳида кунанд, ба ҷамъияти ҳифзи паррандагони Ӯзбекистон хабар диҳанд.