Аз минтақаи Қӯрғонтеппаи маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Пастдарғам тангаҳои суғдӣ ва зарфҳои сафолин дарёфт шуданд.
Ҳоло ходимони пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии Самарқанд ба омӯзиши бозёфтҳои нодир машғул ҳастанд.
– Дар ноҳияи мазкур беш аз 300 иншооти гуногуни мероси фарҳангӣ мавҷуданд, вале аз ҷониби садорати мероси фарҳангӣ танҳо нисфи онҳо ба рӯйихати давлатӣ гирифта шудааст, – иброз дошт бостоншинос Шарифҷон Саҳатов. – Барои ҳамин ҳам мардуми таҳҷоӣ худсарона ба ҷустуҷӯ ва дарёфти сарватҳои қадимӣ машғуланд. Мо, таърихшиносон ва фаъолони гузару маҳаллаҳо ба ташкилотҳои масъули археологӣ барои ба ҳифозат гирифтани иншооти гуногуни меросӣ муроҷиат кардем, аммо то ҳол натиҷа нест.
Ин мушкил бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шавад. Охир ёдгориҳои таърихӣ ганҷинаҳои бебаҳоянд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои Самарқанд, Ҷомбой, Тайлоқ, Иштихон низ теппаҳои таърихӣ хеле бисёранд, вале аксари онҳо нобуд мешаванд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.