КИТОБДОРИ НАМУНАВӢ

Китобхона – кони хазина. Воқеан ҳам камолу ҷамоли одамӣ ба китоб вобастагӣ дорад.

Маданияти китобхониро дар мактаб бояд бештар ташаккул дод, ки нафъи зиёде дорад. Хушбахтона, дар мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯх фаъолияти китобхона хеле ибратбахш роҳандозӣ гардидааст. Барои ғанӣ гардонидани теъдоди китобҳо директори мактаб Ҳабибҷон Ҷӯраев ва мудири китобхона Шоира Ихтиёрова беш аз пеш заҳмат мекашанд. Мисоли ин гуфтаҳоро ба худи китобхона ворид шуда эҳсос кардаем ва аз гуфтаҳои муаллимони дабистон дарк кардем. Мактаб яке аз маскани намунавӣ маҳсуб ёфта, қариб ҳар сол шахсони маъруфи кишвар ва меҳмонони ҳамсоякишвар ташриф меоранд. Охири соли 2024 ин иқдом боз рух дод. Гурӯҳи меҳмонон бо сарварии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А.Раҳмонзода ва намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва вилоятҳо омаданд ва дар қатори дигар мактабҳо бо ҳаёти мактаби 11 низ шинос шуданд. Рӯзноманигорони «Овози тоҷик», омӯзгорон ва чанде дигарон рафи китобҳоро бо завқ дидан карданд. А.Раҳмонзода барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона зиёда аз 30 дона китобҳои арзишманд эҳдо карданд, ки дар дафтари хазинаи китобхона сабт гардид.

Барои рушди фаъолияти китобхона заҳмати роҳбари он Шоира Ихтиёрова назаррас аст. 

Ш.Ихтиёрова соли 1972 дар ноҳияи Риштон дида ба дунё кушодааст. Соли 1989 техникуми ба номи Ашуралӣ Зоҳирии шаҳри Қӯқандро хатм кардааст. Солҳои 1989-2005 дар муассисаи томактабии «Дилафрӯз» ҳамчун мураббӣ, 2005-2019 дар ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Чашма дар вазифаи мушовир фаъолият бурд. Аз соли 2019 то ҳол дар мактаби мазкур вазифаи мудири китобхонаро дар ӯҳда дорад. Ҳоло дар китобхона беш аз ду ҳазор адабиёти бадеӣ, 14466 дона китобҳои дарсӣ ва дигар адабиётҳои сиёсию фарҳангӣ вуҷуд доранд. Бемуболиға гуфтан мумкин, ки Ш.Ихтиёрова ҳафтае ягон чорабиние ташкил мекунаду дар сатҳи ба худ хос мегузаронад. Мавсуф доим дар такопӯ буда, мекӯшад, ки сафи китобхонон зиёд шавад. Ӯ ҳар лаҳза мехоҳад китоб ва гулҳои китобхона тоза ва пур-пури хонандагону омӯзгорон бошад. Худ низ вақт ҷудо карда ба мутолиаи китоб машғул мешавад ва эҷодкор ҳам аст. Маҳсули эҷодаш дар рӯзномаи «Садои Сӯх» нашр шудаанд. Меҳнати китобдор аз ҷониби мутасаддиёни ноҳияю вилоят доим қадр карда мешавад.

Ҳотамалӣ Раҳматов.

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: