САРВАРИ ҶАДИДОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар давоми умри кӯтоҳи худ ҳамчун шоир ва адиби тараққихоҳ, муҳарриру ношир ва ҳомии мактабҳои ҷадидӣ ном баровард. Ӯ поягузори асарҳои саҳнавӣ – драмманавис дар Мовароуннаҳр буд

Ҳаракати маорифпарварӣ, ки нимаи дуюми асри XIX дар Мовароуннаҳр ба миён омад, дар оғози асри ХХ хеле тараққӣ кард. Ин ҷунбиши маърифатӣ номи ҷадидияро гирифт. Бояд таъкид кард, ки ҷадидия танҳо идомаи маорифпарварӣ набуда, бо ғоя ва хислатҳои махсуси худ аз он фарқ мекунад. Ҷадидия баробари рушду камоли маърифат ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқлоли миллиро  тарғибу ташвиқ менамуд. Ин ҳаракати иҷтимоию фарҳангӣ хеле авҷ гирифта, дар саросари Мовароуннаҳр ва берун аз он дар музофоти Осиёи Марказӣ доман паҳн кард. Дар натиҷа, шумораи ҷадидон дар шаҳрҳои марказӣ зиёд мешуд. Яке аз онҳо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ далерона фаъолияти ҷадидии худро намоиш дода, равшанфикронро ба ватанпарварӣ ва истиқлоли миллӣ даъват мекард. Аз ин рӯ сарвари ҷадидони Осиёи Марказӣ ном баровард.

Бояд гуфт, ки фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва маорифпарварии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ хеле васеъ ва гуногунпаҳлӯ аст. Ӯ дар давоми умри кӯтоҳи худ ҳамчун шоир ва адиби тараққихоҳ, муҳарриру ношир ва ҳомии мактабҳои ҷадидӣ ном баровард. Ӯ  поягузори асарҳои саҳнавӣ – драмманавис дар Мовароуннаҳр буд. Мо лозим донистем, ки дар бораи фаъолияти пурғановати Беҳбудӣ чанд мулоҳизаи худро иброз дорем.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1875 дар деҳаи Бахшитеппаи ноҳияи Самарқанд (ҳоло Тайлоқ) дар оилаи марди босавод – имом-хатиби масҷиди деҳа таваллуд шуд. Саводи ибтидоӣ ва сарфу наҳви арабиро аз падар ва тағояш омӯхт. Чанд муддат дар қозихонаи шаҳр ҳамчун котиб кор кард.

Беҳбудӣ барои мукаммал донистани фанҳои мухталифи замонааш муддате дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро аз пайи донишомӯзӣ мешавад. Аммо ӯ аз фаъолияти баъзе мударрисҳои бесавод розӣ набуд. Ин норизоии худро вай баъдтар дар асарҳояш далерона иброз доштааст.

Ибтидои асри ХХ дар Самарқанд ҷараёни маорифпарварӣ авҷ гирифта буд. Абдуқодир Шакурӣ, ки аз пешвоёни ин ҷараён буд, дар деҳаи худ Раҷабамин мактаби навусул кушода, аз пайи саводнокии ҷавонон мешавад. Беҳбудӣ, ки дар вазифаи муфтӣ кор мекард, ба ӯ ва ҷадидони дигари маърифатпарвар аз ҷиҳати моддиву маънавӣ кӯмак мерасонд. Ӯ ҳамчун арбоби одили ҷамъиятиву сиёсӣ ҳунармандону деҳқононро ҳимоя мекард. Дар корҳои қозигию муфтигӣ адолатро шиори худ медонист.

Беҳбудӣ барои ошно шудан бо корҳои мактабу маориф ва давлатдорӣ чанд муддат дар Шом шуда, зиёрати Каъба мекунад. Ӯ нисбати дини мубини ислом эътиқоди калон дошт ва мудом аз пайи тоату ибодат буд. Тавре ки гуфтем, он замон Русияи подшоҳӣ дар музофоти Мовароуннаҳр ва берун аз он маданияти худро ҷорӣ мекард. Заминдорон ва ҳунармандон аз андозҳои гуногун ба дод омада буданд. Аз ин лиҳоз Маҳмудхоҷа соли 1906 дар анҷумани мусулмонони Русия, ки дар шаҳри Уфа гузашта буд, ҳамчун сарвари аҳли муслими Туркистон баромад карда, гуфта буд: «Ба мусулмонон узвият ба ҳизби сотсиал-демократҳо зарари калон меорад. Дастури ин ҳизб бар хилофи шариат аст.» (Рӯзномаи «Тараққӣ», 1906, № 29). Маълум мешавад, ки Беҳбудӣ пайрави маданияти русҳо набуда, Аморати Бухороро ҳамаҷониба ҳимоя мекард. Ӯ собит карданӣ мешуд, ки аморатро сарнагун не, балки ислоҳ бояд кард.

Вақте ки соли 1917 инқилоби  сотсиалистӣ дар Русия ғалаба кард, Беҳбудӣ онро бо хушнудӣ истиқбол намуда, умед дошт, ки он ба буржуазияи маҳаллӣ ҳуқуқи калони сиёсӣ медиҳад. Аммо ин тавр нашуд. Ин аст, ки Маҳмудхоҷа моҳияти Инқилоби Октябрро дарк карда натавонист.

Беҳбудӣ ҳамчун таърихнигор, нависанда, рӯзноманигор донистани забонҳои гуногуни оламро барои ҷавонон шарт ва зарур медонист. Аммо шахс бояд, пеш аз ҳама, забони модарии худро фаромӯш накунад. Ҳар касе, ки забондон аст, олами исломро ба хубӣ дарк карда метавонад. Ӯ ба матбуот таваҷҷуҳи калон дошт. Зеро агар миллатҳои маҳаллӣ нашрияҳои худро дошта бошанд, аз воқеаю ҳодисаҳои олам хабардор мешаванд. Ба ҳамин мақсад бо такудави зиёд чопи рӯзномаи «Самарқанд»-ро ба роҳ монд, ки ба се забон – тоҷикӣ, туркӣ ва русӣ нашр мешуд. Солҳои 1913-14 ӯ ҳамчун муҳаррир ва ношири он фаъолияти пурсамар нишон дод. Баробари ин ҳамон солҳо бо ташаббуси ӯ маҷаллаи «Оина» ба табъ расид. Ин нашрияҳо аз ҷониби равшанфикрони он замон бо хушнудӣ истиқбол гардиданд, мақолаҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва шеъру ғазалҳояшонро эълон карданд. Баробари Беҳбудӣ Саидризо Ализода, Фахриддини Роҷӣ, Ҳоҷӣ Муин, Фитрат ва дигарон барои пешрафти ин нашрияҳо фидокорӣ нишон доданд.

Ибтидои асри гузашта дар Самарқанд ва дигар воҳаҳои Туркистон шумораи мактабҳои навусул рӯз то рӯз зиёд мешуданд. Аммо китобҳои дарсӣ ангуштшумор буданд. Беҳбудӣ аз пайи ҳалли ин муаммо тӯли се-чор сол барои мактабҳои ҷадидӣ китобу дастурамалҳои «Оинаи асбоби савод», «Рисолаи ҷуғрофияи умронӣ», «Рисолаи ҷуғрофияи Русия», «Китоб-ул-атфол», «Амалиёти ислом», «Таърихи ислом»-ро  ба табъ расонид.

Қобили қайд аст, ки Беҳбудӣ сарватмандону амалдорони пулпарасту маишатбози давраи худро, ки вақти худро ба корҳои беҳуда сарф мекунанд, аз пайи тӯйҳои серхарҷ ва корҳои фаҳш мешаванд, дар мақолаю рисолаҳояш зери танқид гирифта, таъкид мекунад, ки ин амалҳои ношоиста ба тарбияи фарзандон таъсири нохуш мерасонад, онҳо бесаводу ҷоҳил мешаванд. Соли 1911 ӯ драмаи «Падаркуш»-ро  навишт, ки бо  баъзе сабабҳо соли 1913 ба чоп расид. Қаҳрамони асар писари сарватмандест, ки беақлу бесавод ва фоҳишабозу бекорхӯҷа буда, дар масъалаи пулу мол бо падараш муноқиша мекунад ва дар ҳолати мастӣ падари худро мекушаду ҳабс мешавад. Ҳамин эпизодро Беҳбудӣ аз номи муллои босавод чунин тасвир кардааст. Ӯ ба модари ғамзада мегӯяд:

«Модари азиз, ба шумо ғайр аз сабр кардан дигар чора нест. Сабаби асосии ин бадбахтӣ ҷаҳолат, нодонӣ, бемаънигӣ, бетарбиягист. Хонадонатонро бемаънигӣ хароб кард, беилмӣ хонавайрон сохт. Писари ягонаатон бинобар бесаводӣ ба Сибир бадарға шуд. Фарзандатонро падараш тарбия накард, таълим надод. Охир ба бало рӯ ба рӯ ва қурбони ҷаҳолат шудед. Акнун ба шумо ғайр аз сабр кардан дигар чора нест...»

Хулоса, фаъолияти пурғановати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дер давом накард. Душманонаш дар ҳар қадам ӯро таъқиб мекарданд. Ӯ бо баҳонаи сафари ҳаҷ тарки ватан кардан хост. Аммо соли 1919 дар роҳи Шаҳрисабз аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ дастгир ва кушта шуд.

Беҳбудӣ чун бузургтарин маърифатпарвари Осиёи Марказӣ дар роҳи тараққиёт, озодию истиқлоли Ватан ва миллат ҷон бохт.

Ҳамза ҶӮРА,

узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: