ХОНАҲОИ НАВ БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ТУҲФА ГАРДИД

Табрики солинавии Президентро 30 оилае, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷанду фарзандони ногиро доранд ва дар навоҳии Музработ, Шеробод ва Ангор истиқомат мекунанд, дар хонаҳои наву шинами худ, ки дар маҳаллаи «Боғи обод»-и ноҳияи Шеробод бунёд ёфта ба онҳо туҳфа гардид, шунида, қалбҳояшон аз сурур лабрез гардид.

Дар доираи амалисозии барномае, ки таҳти шиори «Аз камбағалӣ ба сӯйи ҳаёти фаровон» сурат мегирад, бо ҳомигии Саридораи умури дохилии вилоят дар ду хол замин хонаҳои наву шинам, ки дорои ҳама гуна шароит аст, бунёд ёфта, дар арафаи соли нав ба соҳибонаш армуғон гардид. Ин хонаҳо бо ҳама ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар оилаи сокини маҳаллаи «Боғи обод»-и ноҳияи Шеробод чӯпон Холмурод Бойтӯраев ду нафар фарзанд ба камол мерасанд. Ҳамсараш кор намекунад, бо тарбияи фарзандон банд. Бо як музди чӯпонӣ оилаву рӯзгорро таълимин кардан амри муҳол. Ҳангоми омӯзиш маълум гардид, ки ин оила бо ду нафар фарзанди худ, ки яке ногиро аст дар як хонаи вайрона умр ба сар мебаранд. Дар арафаи Соли нав ин хонадон ҳангоми қабул кардани калиди хонаи нав аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфтанд. Аз чунин ғамхориҳои ҳукумати Ватани ҷоноҷони худ арзи сипос ва шукронагӣ ба ҷо оварданд.

Муҳаббат Шомуродова, ки дар маҳаллаи «Орият»-и ноҳияи Музработ бо ду нафар фарзандаш истиқомат дораду нафаре аз онҳо низ ногиро аст, то кунун дар иҷора зиндагӣ мекард. Саробони оила барои кор ба Русия рафтаасту музди меҳнати дар мусофират меёфтааш барои рӯзгор басанда нест. Модари бепарастормонда бо фарзандонаш бори аввал Соли навро дар хонаи нави худ, ки дорои ҳама гуна шароит аст, истиқбол намуданд, ки аз ин туҳфа хурсандиашон ҳадду канор надошт.

– Президент дар табрики солинавӣ иброз дошт, ки: «Ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо Соли навро дар хонаҳои нави худ истиқбол намуданд». Ман ҳам ин суханонро дар хонаи нави худ шунида истода худдорӣ карда натавонистам, дар чашмонам ашки шодӣ ҳалқа зад, – гуфт бо эҳтирос Муҳаббат Шомуродова. – Аз он ифтихор намудам, ки мо аҳли хонадон ҳам аз ҳазорон якеи ҳамин оилаҳои хушбахт ҳастем. Охир зиёда аз 7 сол дар иҷора зиндагӣ кардем. Дар ин муддат 4 маротиба иҷора ба иҷора кӯч бастем. Дар ин миён фарзандонамон ҳам ба воя расиданд. Сарвари хонадонамон барои хона сохтан ва маблағ пайдо намудан ба Русия ба кор рафт. Вале маблағи коркардаи ӯ ҳам барои рӯзгор ва иҷорапулӣ кифоят намекард. Акнун шавҳарам ҳам аз мусофират баргаштанӣ аст. Барои чунин ғамхориҳое, ки нисбати мо барин оилаҳои эҳтиёҷманд мекунад, ба давлатамон ва раҳбари он беҳад сипосгузорем.

Дар гузаре, ки зери ҳомигии муҳофизони халқу Ватани орому осоиштаамон хонаҳои замонавӣ бунёд ёфт, маркази маҳалла, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, дӯкони китоб, маскани тиббиёт, 21 моҳихонаи интенсив, ки дар маҷмӯъ 40 тонна моҳӣ ғунҷоиш дорад ва 3 кӯле, ки 50 тонна об ғунҷоиш дорад, ба баҳрабардорӣ супорида шуд. Акнун оилаҳои мазкур, ки то кунун ночор буданд, дар шароити мусоиди муҳайёгардида кор карда, даромад гирифта, сатҳи зиндагии худро боло мебардоранд. Аз зиндагии камбизоатӣ ба ҳаёти ободу фаровон қадам мениҳанд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: