Сохтмони бинои нав барои мактаби рақами 95-уми ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон ба анҷом расид.
Бинои дар доираи инвеститсия бунёдгардида дорои 660 ҷой, толори варзишии пӯшида (андозааш 12х24 метр) ва толори маҷлисҳо мебошад, ки ба 250 ҷой пешбинӣ шудааст.
Ба бунёди мактаби замонавӣ 10 миллиарду 691 млн. сӯм масраф гардид. Дар бинои нав барои хонандагону омӯзгорон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар акс: дар мактаби рақами 95-уми ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон.
Аксбардор: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).