Мактабе, ки замоне ба вай Муаллими халқии Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Эл-юрт ҳурмати» Тӯхтамурод Ҷумъаев асос гузошта буд, солҳои тӯлонӣ на фақат дар мамлакатамон, балки берун аз ҳудудҳои он низ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
(Ҷомӣ).
Овозаи таълиму тарбияи намунавӣ, комёбии шогирдони ин даргоҳ чунон машҳур гардид, ки падару модарон аз гӯшаву канори мамлакат бо орзуи таҳсил дар ин таълимгоҳ фарзандони худро меоварданд. Аз тарафи дигар ба ин даргоҳ на ба ҳар кас бахти талабагӣ насиб мекард. Азбаски дар ин ҷо риояи меъёри адолати иҷтимоӣ волост, ба бачагони муносибтарин, соҳибилму пуриқтидор имконияти шогирдӣ муяссар мегардад.
«Ба ин даргоҳ қабулкунии довталабон нисбат ба таълимгоҳҳои олӣ душвортар аст» гуфтани волидон беҳуда нест.
Борҳо ба ин даргоҳ рафта аз ҳаёти он дар «Овози тоҷик» мақолаҳо навиштаем. Темир Рӯзиев аз соли 2009 директори ин таълимгоҳ. Мактаб бо ташаббуси ӯ худи ҳамон сол бо қарори ҳокими ноҳия ба таълимгоҳи ихтисосонидашудаи давлатии таълими умумии №52, соли 2013 мувофиқи қарори ҳокими вилоят ба мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии миёнаи умумии №1 мубаддал гашт. Бачагон ба ин ҷо аз синфи 2, баъдтар аз синфи 5, се-чор сол сонӣ аз синфи 7 қабул мегарданд. Мактаб-интернат ба фанҳои математика, физика, кимиё, биология ва забони англисӣ ихтисосонида шудааст.
Роҳ сӯйи камолот
Самараи кори ҷамоаи мактаб-интернат соли 2015 падид омад.
Шогирдаш Аббос Сайлиев тобистони ҳамон сол дар озмуни байналхалқии фанни математика дар Чин соҳиби медали нуқра гардид. Пас аз як сол хонандаи синфи VII Шаҳбоз Ҳасанов низ дар озмуни байналхалқии математика дар Шоҳигарии Таиланд медали нуқра гирифт. Ӯ баъди панҷ моҳ дар Ҷопон дар озмуни математика «Гран-при»-ро ба даст даровард. Шогирди дигари мактаб Олимҷон Олимов дар озмуни фанни математика дар Маскав таҳти унвони «Ҳазорсолаи сеюм» сазовори медали биринҷӣ шуд.
Соли 2017 озмуни байналхалқии Лакҳнави Ҳиндустон барои таълимгоҳ таърихӣ гардид. Шогирдони он Дониёр Исмоилов, Севара Остонова соҳибони медалҳои тиллоӣ ва Олимҷон Олимову Исмоил Пӯлодов соҳибони медалҳои нуқра гардиданд. Бобур Ҳалимов дар озмуни байналмилалии «Мирзо Улуғбек»-и Самарқанд медали биринҷиро ба даст дароварда, ба таҳсили мактаби олӣ роҳхат гирифт. Соли 2018 дар озмуни байналхалқии математикаи Булғория Дониёр Исмоилов медали тиллоӣ, Лазиз Раҷаббоеву Севара Остонова медалҳои нуқраро ба даст дароварданд. Охири ҳамон сол онҳо дар озмуни байналхалқии Боку аз фанҳои математика, физика ва кимиё бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Комёбиҳои пай дар паи шогирдони мактаб боиси афзудани обрӯю эътибори таълимгоҳашон гардид. Беҳуда нест, ки соли 2019 дастпарварони ин ҷо Нафосат Ҷӯрабекова, Севара Остонова соҳиби мукофоти давлатии ба номи Зулфия ва сонитар Дониёр Исмоилов, Анварбек Раҳматов ва Лазиз Раҷаббоев сазовори мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гардиданд.
Соли 2019 дар Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 4 нафар шогирди мактаб-интернат иштирок карда, бо 1 медали тиллоӣ ва 2 медали биринҷӣ (бо ҷамоа ҷойи сеюмро гирифта бо 4 медали биринҷӣ) баргаштанд.
Ҳамон сол дар озмуни «Инфоурок» аз фанни математика, ки дар шаҳри Смоленски Русия ба амал омад, 36 нафар талабагони мактаб онлайн иштирок карда, 33 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои 1,2,3 гардиданд. Худи ҳамон сол шогирдони ин мактаб дар озмуни математика таҳти унвони «Ҳазорсолаи сеюм»-и Маскав иштирок карда, сазовори дипломҳои дараҷаҳои 1,2,3 шуданд. Боз дар соли 2019 шогирдони таълимгоҳ дар озмуни биология дар шаҳри Мински Белорус бо иштироки онлайн соҳиби се диплом гаштанд.
Ҳамин тариқ, дар «Озмуни ҷумҳуриявии математикаи Қарокӯл – Тӯхтамурод Ҷумъаев» зиёда аз 1300 нафар (аз Қарокӯл 25 нафар шогирдони мактаб-интернат) талабагон иштирок карданд.
Моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Голд Кости Австралия дар озмуни байналхалқии математика Бекзод Нуриддинов соҳиби медали тиллоӣ гардид.
– Боиси ифтихор аст, ки ҳар чор медали тиллоие, ки ҷамоаи Ӯзбекистон дар озмунҳои байналхалқии фанни математика ба даст овардааст, маҳсули заҳматҳои талабагони мактаби мост, – гуфта буд он гоҳ сарвари таълимгоҳ Темир Рӯзиев.
Бо қарори Девони Вазирон бинои коллеҷи касбу ҳунари саноат ва нақлиёти Қарокӯл ба мактаб-интернати ҳамин ҷо дода шуда он мақоми «Мактаби байналхалқии математики»-ро гирифт. Баъди харҷи зиёда аз 40 миллиард сӯм маблағ ва таҷдидёбии бино ҷамоаи мактаб-интернат ду сол муқаддам ба он ҷо кӯчид ва фаъолияти худро дар шароити имкониятҳои қулай идома медиҳад. Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои охир комёбиҳои ҷамоа боз ҳам афзуд. Фақат соли 2024 шогирди синфи XI Юсуфҷон Ортиқов дар озмуни байналхалқии Туркманистон ба гирифтани медали тиллоӣ ноил шуда бошад, ҳамсинфи вай Фарҳод Очилов дар ҳамин озмун сазовори медали нуқра гардид. Ба шогирди синфи IX Муродҷон Маматов медали нуқра ва ҳамдарси вай Анвар Рустамов медали биринҷӣ насиб кард.
Дар озмуни байналхалқии математикони ҷавон «Ал-Хоразмӣ»-и Тошканд шогирдони синфи VIII Нурбек Умаров ва Муҳаммадалӣ Расулов соҳиби медали нуқра гашта бошад, Муҳаммадалӣ дар озмуни фанни геометрияи Эрон – 100 – 2024 соҳиби медали нуқра, дар озмуни IMAC – 2024 соҳиби медали тиллоӣ гаштааст.
Дар озмуни Лакҳнави Ҳиндустон моҳи июл – InIMC 2024-озмуни байналхалқии математика Бахтиёр Остонов соҳиби медали нуқрагин шуда бошад, ҳамдарсони вай Меҳмонбек Амонов, Аббос Сатторов, Муҳаммадшоҳ Мардонов дар ҳамин озмун соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
***
Дар мактаб-интернат бо 497 нафар талаба 68 нафар омӯзгорони пуриқтидор машғулият мегузаронанд. Аз ҷумла 51 нафари омӯзгорон соҳиби тоифаи олӣ, 6 нафар дорои тоифаи якум буда, 4 нафар бо мукофоти давлатӣ тақдир ёфтаанд.
Соли хониши гузашта мактаб-интернатро 81 нафар хатм карда, 75 нафари онҳо алҳол дар донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни низоми таълими олӣ таҳсил мегиранд.
Соли таҳсили ҷорӣ дар мактаб-интернат 64 нафар хатмкунандагон машғули илмомӯзианд. 51 нафари онҳо ба сертификатҳои миллию байналмилалӣ соҳиб шудаанд. Аз ҷумла 22 нафар сертификати CEEFR, 8 нафар LELTS, 3 нафар SAT, 18 нафар сертификатҳои миллиро гирифтаанд.
Таълимгоҳ бобати лоиҳаи «Қадам ба сӯи ихтироъ» низ дар вилоят пешсаф аст.
«Асрор»-и комёбиҳои донишомӯзони таълимгоҳ дар чист?
Ҳар касе, ки аз комёбиҳои шогирдони мактаб-интернат огоҳ аст, беихтиёр дар бораи замина ва омилҳои ин пешравӣ фикр мекунад. Ҳарчанд ки аз «сир»-ри муваффақиятҳои ин ҷамоаи заҳматкаш каму беш хабардор будам, бо вуҷуди ин чи хеле ки «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст», хостам дар ин бора ақидаи худи онҳоро шунавам.
Аввалин шахсе, ки аз вай асрори комёбиҳои донишомӯзони мактабҳои ноҳияи Қароқӯлро пурсидам, вай мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ҳамин ноҳия Умедҷон Саҳатов буд.
– Интизом, сахтгирӣ ва меҳнат, – ҷавоб дод вай.
Дар ин бора хостем ақидаи худи роҳбари мактаб Темир Рӯзиевро шунавем. Вай дастовардҳои ҷамоаи таълимгоҳро чунин маънидод кард:
– Аввало аз сарвари давлат сипосгузорем, ки баҳри болоравии самаранокию сифати таълиму тарбия, обрӯю эътибор ва манфиатдории омӯзгор, ислоҳоти соҳа ғамхориҳо зоҳир мекунад. Аз тарафи дигар бевосита бо ташаббус ва пуштибонии вай мактаб-интернати мо соҳиби бинои ҷавобгӯи замон шуд ва дар он ҳамаи шароит муҳайёст. Ин барои ҷамоаамон ҳамчун пойдевори муваффақиятҳо хидмат мекунад. Баробари ин фидокорӣ, меҳнат, қабули адолатноки шогирдон, раҳнамоии устодон омили комёбиҳои мост.
Омӯзгори заҳматкаш
Солҳои зиёд аст, ки аз хидматҳои арзандаи омӯзгори пуриқтидори математикаи ин даргоҳ Рӯзимурод Рӯзимуродов ба туфайли шогирдони боистеъдодаш, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ борҳо комёб шудаанд, огоҳ ҳастам. Омӯзгори камсухани хоксор ҳанӯз ҷавон бошад ҳам (ӯ 36-сола) комёбиҳои меҳнаташ ибратбахшанд. Ӯ ифтихор дорад, ки шогирди собиқи вай – Аббос Сайлиев соли 2015 дар озмуни байналхалқии Чин аз фанни математика соҳиби медали нуқра гардида буд. Ин дар навбати худ аввалин комёбии мактаб-интернат дар миқёси байналхалқӣ маҳсуб меёфт. Шогирди дигари Р. Рӯзимуродов Анварбек Раҳматов аст, ки дар бисёр озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ комёб шудааст. Аз ҷумла вай, чи хеле дар боло гуфтем, дар озмуни байналхалқӣ ғолиб гардида буд.
Р. Рӯзимуродов соли 2021 соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» гардид. Соли 2023 бошад, барои фаъолияти самаранокаш бо медали «Шуҳрат» сарфароз гашт.
12 декабри соли 2024 – зодрӯзи омӯзгори заҳматкаш бахосият омад. Ду шогирдаш: хонандагони синфи 6-уми мактаб-интернат Мироншоҳ Нуруллоев ва Абдулазиз Нарзуллоев (писари худи Р. Рӯзимуродов) дар озмуни марҳилаи ҷумҳуриявии ASMO соҳиби медалҳои тиллоӣ шуда, ба марҳилаи хотимавии озмун роҳхат гирифтанд.
Мо омӯзгорро бо ин комёбии навбатӣ муборакбод намуда, ба шогирдонаш дар озмуни бонуфузи пешистода омад хостем.
– «Сир»-и комёбиҳои мо натиҷаи меҳнат, сабру тоқат, ҷустуҷӯ ва мувофиқии муҳит аст. Агар муҳит мӯътадил набошад, заҳмату фидокориҳо самараи дилхоҳ намедиҳад, Барои он ки ранҷ ганҷ орад, бояд омилҳои таъкидёфта сӯи мақсади ягона муштаракона равон гарданд. Маълум аст, ки ҳар як шахс иқтидору имкониятҳои фардӣ дорад. Чи хеле ки дар як дарахт ҳатто ду барги якхела нест, хоҳишу талаби бачагон низ аз якдигар фарқ мекунад, – мегӯяд ӯ.
Мардум мегӯянд: «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ – бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ». Барои он, ки бача илмдору соҳибфазилат, меҳнатдӯсту комил ба воя расад, волидон бояд донанд, ки фарзандашон бо кӣ шину хез дорад. Хушбахтона, бачагони ҳудудамон, ки аксарият деҳотианд, аз хурдсолӣ ба ташвишу рӯзгори падару модар кумак расонда, ба меҳнат ва сахтиҳои зиндагӣ тобовар шудаанд, бо андешаи ояндаи худ дар таълимгоҳ табъи дил мехонанд... Ислоҳоти васеъмиқёси таълиму тарбия, таъмини адолати иҷтимоӣ, шаффофона гузаштани озмунҳо низ имконият медиҳад, ки шогирдони пуриқтидор ва соҳибистеъдод рӯи об бароянд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.