ДУРНАМОИ ТАДҚИҚОТҲОИ КАЙҲОНӢ БАРРАСӢ ШУД

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Агентии «Ӯзбеккосмос» таҳти мавзӯи «Сарҳисоби фаъолияти агентӣ дар соли гузашта» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Роҳбари шуъбаи агентӣ Муҳиддин Иброҳимов таъкид кард, ки «Ӯзбеккосмос», ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон аз соли 2019 дар соҳаи тадқиқоти кайҳонӣ ва технологияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дорад, дар соли 2024 кори зиёдеро ба анҷом расонд. Тавассути системаи давлатии мониторинги кайҳонӣ бо истифода аз технологияҳои аэрокосмикӣ, аз қабили экология, геология, кишоварзӣ, муносибатҳои замин, хоҷагии об ва ҷангал мавриди таҳлил қарор гирифта, беш аз 100 ҳазор ҳодисаи қонунвайронкунӣ бо эҳтимоли зиёд ошкор карда шуд. Аз ҷумла, Маркази мониторинги кайҳонӣ ва технологияи геоинформатсионӣ дар самти муносибатҳои замин дар саросари ҷумҳурӣ муайян кардааст, ки беш аз 96 ҳазор бино ва иншоот худсарона дар ҳудуди 9 ҳазору 200 гектар сохта шудаанд.

Илова бар ин, дар соҳаи экология муайян гардид, ки дар 721 гектар майдони мамлакат 1928 партовгоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст. Бояд гуфт, ки чунин партовгоҳҳои ғайриқонунӣ ба муҳити зист ва экология таъсири манфӣ расонида, боиси бад шудани сифати хок ва обу ҳаво, зиёд шудани шумораи ҳашароти зараровар, афзоиши бемориҳои сироятӣ, пайдоиши саратони шуш ва роҳи нафас мегардад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ояндаи тадқиқотҳои кайҳонӣ ва баланд бардоштани самаранокии сохтори давлатӣ ва технологияҳои ташхиси фосилавии назорати ҳаворо ба иштирокдорон баррасӣ карданд.

Тавре ки вакили «Ӯзбеккосмос» Исмоил Расулов қайд кард, дар татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ, алалхусус, соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии обу ҷангал, экология, геология, кадастр, шаҳрсозӣ ва телекоммуникатсия бо воситаи тадқиқоти кайҳонӣ натиҷаҳои муайян барои маълумоти таҳлилӣ ба даст оварда шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи ҳолоти фавқулодда, моҳи августи соли гузашта дар 38 гектар майдони ҷангали ноҳияи Зомин   сӯхтор ба вуҷуд омад, ки ҳаҷми масофаи сӯхтор дар панҷ дақиқа бо воситаи аксҳои кайҳонӣ таҳлил шудааст.

– Дар бахши обуҳавошиносии «Ӯзгидромет» бо ҳамкории «Ӯзбеккосмос» дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои кишвар хатари обхезӣ, фаромадани тарма ва ярчро бо воситаи аксҳои кайҳонӣ пайваста мавриди омӯзиш қарор дода, ба обуҳавошиносон таҳлили ҳодисаро равона мекунанд ва онҳо мардуми кӯҳиро аз хатар огоҳ менамоянд, – гуфт Муҳиддин Иброҳимов.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: