КАНАЛИ «ҲАЗОРБОҒ – ОҚҚАПЧИҒАЙ» АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД

Лоиҳаи бузургҳаҷми «Беҳсозии раванди истифодабарии манбаъҳои об дар вилояти Сурхондарё» барои аз нав барқарор сохтани канали «Ҳазорбоғ – Оққапчиғай» амалӣ гардид.

Об манбаи ҳаёт аст, бидуни он тараққиёт, билхосса пешравии хоҷагии қишлоқро умуман тасаввур наметавон кард. Дар вилояти Сурхондарё ҳам оби ошомиданӣ ва ҳам захираҳои оби обёрикунанда кифоят мекунад. Дарёҳои мавҷуд, обанбору каналҳои бунёдёфта барои таъминоти аҳолӣ бо манбаи ҳаёт омили муҳим маҳсуб меёбанд.

Ниҳоят, лоиҳаи бузургҳаҷми «Беҳсозии раванди истифодабарии манбаъҳои об дар вилояти Сурхондарё», ки бо иштирок ва маблағи Бонки тараққиёти исломӣ барои аз нав барқарор сохтани канали «Ҳазорбоғ – Оққапчиғай» нигаронида шуда буд, амалӣ гардид. Қиммати умумии ин лоиҳа 121,7 млн. доллар буда, амалисозии он зиёда аз се сол идома ёфт. Тазаккур бояд дод, ки манбаи ин канали бузург Тӯпалангдарёи азим буда, он ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфтааст ва он 5 ноҳия – Сариосиё, Деҳнав, Олтинсой, Бандихон ва Қизириқро убур мекунад ва хоҷагии қишлоқи ин минтақаҳо ва боз қисме аз заминҳои ноҳияҳои Шӯрчиву Қумқӯрғон ва Шерободро бо об таъмин месозад. Баъд аз зиёд шудани аҳолӣ ва васеъ гардидани майдонҳои кишт дар минтақа, инчунин, таъмирталаб гардидани канали мазкур зарурати боз ҳам чуқуртару васеътар кардани он ба миён омада буд. Ниҳоят, 156 километри он пурра реконсруксия карда шуда, 538 иншооти гидротехникӣ ва 27 кӯпруки мустаҳками нақлиётгузар бунёд карда шуд.

30 декабри соли сипаришуда, дар арафаи Соли нав чун туҳфаи идона ба муносибати ба истифода дода шудани ин иншооти бузург чорабинии мутантан баргузор шуд. Дар он вазири хоҷагии об Шавкат Ҳамроев, ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, ҳокимони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои мутасаддӣ, намояндагони ВАО, нурониёну фахриёни меҳнат ширкат варзиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди аз нав барқарор кардани канал обёрӣ кардани 103,4 ҳазор гектар майдони кишти манотиқи зикршуда беҳ мегардад. Аз ҷумла, 38,5 ҳазор гектар майдони кишти ноҳияи Шеробод низ бо оби ҷорӣ таъмин мешавад. Заминҳои нави лалмие, ки то ҳол нокорам буд ба замини корами обӣ мубаддал мегардад. Хоҷагиҳои деҳқонии наздиҳавлигии 232 ҳазор аҳолии ноҳияҳои зикршуда бо об таъмин карда мешаванд. Дар назар аст, ки исрофи об ҳам то 40 фоиз кам мешавад.

Вазири хоҷагии қишлоқ таъкид кард, ки дар вилояти Сурхондарё раванди амалисозии лоиҳа рушд мекунад ва сол то сол тарзи зисту зиндагонии аҳолӣ беҳ мегардад. Дар чорабинӣ нурониёну собиқадорони меҳнат низ ба сухан баромада, эътибори ҳукумат ва Президентро дар боби беҳсозии ҷараёни таъминоти об дар вилоят алоҳида таъкид намуда, миннатдории хешро изҳор намуданд. Заминҳои нави корам ва боғзорҳо бунёд гардиданаш албатта, баҳри фаровонии ҳаёти мардум хидмат мекунад.

Инчунин, дар чорабинӣ бо мақсади боз ҳам беҳсозии фаъолияти Саридораи ҳавзаи ирригатсионии «Аму – Сурхон» 4 экскаватор, 10 мотороллери боркашон, 6 трактор ва 4 ядак (присеп) супорида шуд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: