Аз ҳисоби ҷалби сармояҳои хориҷӣ лоиҳаҳои зиёд мавриди татбиқ қарор мегиранд, иқтисодиёт рушд менамояд, дар соири шаҳру вилоятҳо корхонаҳои азим ба вуҷуд меоянд, сохтмонҳои гуногуни маъмуриву истиқоматӣ қомат меафрозанд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд, самараи истеҳсолот рӯ ба нумӯъ меоварад.
Барои ҳамин Президент ҷалби сармояҳои хориҷиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додааст ва аз мақомоти вилоятҳо низ тақозо менамояд, ки дар ин самт ташаббусҳои бештарро дар миён гузоранд. Аз ин раванд вилояти Фарғона ҳаргиз орӣ нест.
Дар ин замина муовини ҳокими вилоят – сардори Садорати инвеститсия, саноат ва савдо Нуриддин Мамаҷонов маълумот ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ соли сипаришудаи ҳудуди 1,8 миллиард доллар аз худ карда шуд ва корҳои пешбинишуда 114,1 фоиз иҷро гардид. Аз ин ҳисоб ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ 361 миллион долларро ташкил дод. Дар муқоиса ба соли 2017, ки ҳамагӣ 31 миллион долларро ташкил медиҳад, дар соли 2024 ин рақам ба 58 маротиба афзоиш ёфтааст.
– Корхонаи хусусии ҶС «Индорама Коканд Текстил»-и Қӯқанд 27 миллион доллар, ҶДММ «Global Textile Infinity»-и Қӯштеппа 40 миллион доллар, ҶДММ «Unays bilding»-и шаҳри Фарғона 27,2 миллион доллар аз худ намуданд. Ҳамчунин дар соли 2024 дар вилоят 35 иншооти бузурги истеҳсолӣ ва пуриқтидор ба маблағи 335,5 миллион доллар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, – мегӯяд Нуриддин Мамаҷонов.
Аксари дастовардҳои ҷалби сармоя ба татбиқи лоиҳаҳое вобаста мебошанд, ки дар соли сипаришуда ба анҷом расидаанд. Тибқи барномаҳои сармоягузорӣ 1 ҳазору 182 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 34 миллион доллар роҳандозӣ гардидааст, ки дар натиҷа зиёда аз 36 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шудааст.
– Як ҷанбаи корҳоро бахши кишоварзӣ ташкил мекунад, ки 123 лоиҳа ба маблағи 50 миллион доллар амалӣ гардида, 13,6 ҳазор ҷойҳои нави кориро таъсис дод. Дар ин росто дар ҳамкорӣ бо Олмон аз ҷониби ҶДММ «Teamdress holding GmBh» дар Фарғона лоиҳаи истеҳсоли либоси махсус ба маблағи 3,2 миллион доллар мавриди татбиқ қарор гирифт, ки аз ҳисоби сармояи хориҷӣ фароҳам овардани 200 ҷойи нави кориро таъмин намуд, – тазаккур медиҳад муовини ҳоким.
Акнун чашмандозе мекунем ба татбиқи иҷрои дурнамои содирот ва самаранокии тадбирҳое, ки дар вилоят мавриди назар қарор гирифта буданд. Ба таъкиди Нуриддин Мамаҷонов дар соли 2024 дар маҷмӯъ ба ивази 1 миллиард доллар содирот шуд. Ҳамин тариқ, маҳсулоти кишоварзӣ 332 миллион доллар, маҳсулоти саноатӣ 672 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми афзоиш 134 фоизро ташкил намуд.
– Ҷуғрофиёи содироти маҳсулот назар ба як соли пеш то 22 мамлакат васеъ гардид. Содироти маҳсулот ба Италия, Ҷопон, Испания ва Арабистони Саудӣ 4 маротиба, ба АМА, Тунис ва Туркия 3 маротиба, ба Белорус ду баробар рӯ ба афзоиш овард, – мегӯяд Мамаҷонов. – Ҳамзамон, бо мақсади васеъ намудани ҳаҷми содироту ҷуғрофияи он ва дастгирии молиявӣ ба содиркунандагони маҳаллӣ аз ҷониби Ширкати рушди тиҷорат ба 124 корхонаи содиркунанда дар ҳудуди 51,4 миллиард сӯм маблағ пардохт гардид ва аз ин корхонаҳо 182,2 миллион доллари амрикоӣ содирот ба амал бароварда шуд.
– Дар робита бо ҷолибияти сармоягузории вилояти Фарғона ва шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ чиҳо метавон гуфт?
– Солҳои охир тағйироти иқтисодӣ дар кишвари мо, бахусус иқтисоди озодшаванда таваҷҷуҳи зиёди сармоягузорони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Имрӯзҳо инвесторҳое, ки ба вилояти Фарғона ташриф меоваранд, ба ислоҳоти доманфарох аз наздик ошно мешаванд, аз раванди имтиёзҳое, ки барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудааст, ибрози ҳайрат менамоянд. Мешавад гуфт, ки ин раванд барои барпо намудани пули байни Ӯзбекистон бо мамолики Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Аврупо ва манотиқи дигари олам хеле мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардани ин минтақаи биҳиштосо ва афзоиши ҷолибияти сармоягузории вилоятро нишондиҳандаи чанде пеш эълонкардаи S&P Global Rating ҳамчун рейтинги кредитии «В+», яъне «Барқарор» эътироф кардааст.
Дарвоқеъ, дар гузориши нав, махсусан, суръати баланди афзоиши буҷаи вилоят, мавҷуд набудани қарзи тиҷоратӣ ва дар натиҷаи қариб сифр будани сатҳи қарзи вилоят устувор боқӣ мондани нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ эътироф шудааст. Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ва динамикаи босуръати савдои хориҷӣ ба гирифтани рейтинги мусбати байналмилалӣ таъсири мусбӣ расондааст.
– Инкишофи сармоягузорӣ аз ҳадафҳоест, ки ҳамеша мавриди назари Сардори давлат мебошад. Дар мисоли вилояти Фарғона барои соли нави 2025 иҷрои кадом нақшаҳо барномарезӣ шудаанд?
– Дар доираи қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Фарғона ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ» аз 16 декабри соли 2024 дар соли 2025 ҳудуди 3,7 миллиард доллар сармоя азхуд карда мешаванд ва 44 ҳазор ҷойи кори даромаднок фароҳам оварда мешаванд. Дар ноҳияи Данғара миёни Чин ва ҶДММ «Qashqar po’lat metall» ба маблағи 10 миллион доллар шартнома баста шуд. Лоиҳаи мазкур барои истеҳсоли гайка ба роҳ монда шуда, 30 ҷойи корӣ таъсис медиҳад. Дар корхонаи хориҷии «Ён Хин»-и ноҳияи Учкӯприк ба ивази 70 миллион доллар истеҳсоли плитаҳои сафолин роҳандозӣ мегардад. Интизор меравад, ки лоиҳа 500 ҷойи нави кор ба вуҷуд хоҳад овард.
– Ин маҳсулот асосан мавриди содирот қарор хоҳад гирифт?
– Бале. Мо дар соли 2025 бо маблағи 1,5 миллиард доллар содироти маҳсулотро ба нақша гирифтаем. Аз ин миқдор 475 миллион долларро маҳсулоти кишоварзӣ ва 1 миллиарду 25 миллион долларро маҳсулоти саноатӣ ташкил мекунанд, ки нисбат ба соли 2024 1,3 маротиба зиёд хоҳад шуд. Дар вилоят нахуст 95 корхонаи нав ташкил карда мешавад, ки маҳсулоти содиротии он 185 миллион доллар мебошад. Дувум, содири 10 намуди гиёҳи шифобахш ба роҳ монда хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки барои соли 2025 феҳрасти муқаддамотии лоиҳаҳо ташаккул дода шуд. Ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаи инвеститсионии минтақавӣ 1 ҳазору 200 лоиҳа ташаккул ёфтааст, ки маблағи он 1,5 миллиард долларро ташкил менамояд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо 44 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷаи ба 210 гектар тавсеа ёфтани майдони Минтақаи иқтисодии Қӯқанд дар шаҳри Қувасой 185 лоиҳаи нав ба амал бароварда мешаванд, ки 11,8 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис медиҳанд.
Нуриддин Мамаҷонов дар поёни сӯҳбат иброз дошт, ки мувофиқи супоришҳои Сарвари давлат зимни ташриф ба вилояти Фарғона дар 11-12 июли соли 2024, дар шаҳри Қӯқанд чораву тадбирҳои ташкил намудани минтақаи хоси индустриалӣ – «Технопарки Қӯқанд» беш аз пеш вусъат ёфтааст. Вай афзуд, ки дар 230 гектар замини барои технопарк ҷудошуда дар марҳилаи аввал ба маблағи 1,5 миллиард доллар лоиҳаҳо таҳти татбиқ қарор мегиранд, ки камаш фароҳам овардани 5 ҳазор ҷойҳои нави сердаромади корро барномарезӣ кардааст. Гузашта аз ин, дар 1 ҳазору 210 гектар майдонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ташкил намудани минтақаҳои махсуси саноатӣ бо суръати хос идома доранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.