Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, ки фарогири нақшаҳои стратегии истиқболианд, ба масъалаи сиёсати берунӣ эътибори алоҳида нигаронида шудааст.
Яъне таъмини амнияти мамлакат ва пурзӯрсозии иқтидори мудофиавии он, пешбурди сиёсати кушод, прагматикӣ ва фаъолонаи берунӣ, боз ҳам равнақ додани муносибатҳои тарафайн бо ҳамкорҳои дерина, васеътар намудани ҷуғрофияи сиёсати берунӣ, пурқувватсозии дипломатияи иқтисодӣ, таҳкими базаи меъёрӣ-ҳуқуқии сиёсати берунӣ ва фаъолияти иқтисодиёти берунӣ, боз ҳам такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкории байналхалқӣ аз вазифаҳои устувор қарор гирифтаанд.
Дар баробари ҳамин дар татбиқи сиёсати берунӣ нақши муҳими парлумонро, ки аз шохаҳои муҳими демократия аст, ёдрас намудан бамаврид мебошад. Дар ин самт қабул карда шудани Консепсияи дипломатияи парлумонии Ӯзбекистон дар ҳаёти сиёсии мамлакат воқеаи муҳим эътироф гардид.
Самарабахшии ҳамкориҳои парламентии мамлакатҳои ба ҳам дӯст торафт бештар эҳсос шуда, ин иқдом ба вусъати муносибатҳои ҳарҷониба ва торафт наздикшавии кишварҳо, пойдории сулҳу салоҳ ва ҳамҷиҳативу якдилии халқҳо мусоидат менамояд. Олий Маҷлис дар ин ҷабҳа фаъолнокӣ зоҳир намуда, дар натиҷаи ҳамкориҳои он бо парлумони як қатор кишварҳои олам мақсадҳои устуворе, ки сиёсати беруниамон назди худ гузоштааст, амалӣ мегарданд.
Барои боз ҳам такмил додани фаъолияти парлумони мо дар майдони байналхалқӣ ва бо ин восита муташаккилонатар ба амал баровардани сиёсати берунии Ӯзбекистон чораҳо андешида мешаванд. Консепсияи дипломатияи парлумонӣ барои ҳарҷониба худро нишон додани парлумонамон дар майдони байнипарлумонӣ асоси ҳуқуқии ба худ хос аст. Мувофиқи ин ҳуҷҷат боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо бо парлумонҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнипарлумонии бонуфузи олам, ҳамчунин боз ҳам фаъол намудани иштироки Олий Маҷлис дар фаъолияти ташкилотҳои байнипарлумонии байналхалқӣ вазифаҳои ҳаллашон таъхирнопазир қарор гирифтаанд.
Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳаҳои гуногун татбиқи амалии худ меёбанд ва дигаргуниҳои бузурге, ки дар мамлакатамон ба назар мерасанд, ба сиёсати муттасил ва фаъолонаи берунӣ бетаъсир намонда, айни ҳол, ба боло рафтани аҳамияти дипломатияи байнипарлумонӣ боис мегарданд. Аз ҷониби палатаҳои Олий Маҷлис ташаббусҳои дахлнок пешниҳод ва ин гуна иқдомҳо дастгирӣ ёфта, робитаҳои амалии гурӯҳиву комиссиявӣ бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ торафт густариш меёбанд. Дар натиҷа, хусусан, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давраи нав мебарояд ва ин қабил гурӯҳҳо, ки воқеан ба дӯстиву ҳамҷиҳатӣ асос ёфтаанд, барои ривоҷ додани робитаҳои ҳарҷониба миёни давлатҳои гуногун вазифаи майдони мулоқоти доимиро ба иҷро мерасонанд. Гурӯҳу комиссияҳо дар навбати худ ба сифати қисмати муҳими демократияи парлумонӣ ба механизми муҳимми кушод, конструктив ва бевоситаи мулоқот ва гуфтугӯҳои дӯстона табдил меёбанд.
Агар палатаҳои Олий Маҷлис дар давоми солҳои 2015-2019 танҳо бо парлумонҳои 28 давлати дунё робита дошта бошанд, ин рақам ҳоло чанд баробар афзудааст. Хусусан, парлумонҳои кишварҳои рушдёфтаи дунё ва парлумони Иттиҳоди Аврупо аз самарабахшии муносибатҳояшон ба парлумони мамлакати мо бештар изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Парламенти мо, дар навбати худ, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, доираи муносибатҳоро дар майдонҳои байналхалқӣ торафт васеъ мегардонад. Реҷаҳои ҳамкорӣ андешида ва «Харитаи роҳ» мураттаб мегардад, ки ин гуна иқдом барои дар асоси чораҳои аниқ ба роҳ гузоштани муносибатҳо дар сиёсати берунӣ хидмат менамояд.
Экспертҳои миллиамон роҳҳои нав ва мусоидтари равнақдиҳии муносибатҳо бо парлумони кишварҳои хориҷиро ҷустуҷӯ ва дарёб месозанд. Албатта, ҷараёнҳои глобалӣ ба самтҳои устувори сиёсати берунии мамлакат бетаъсир нест. Бо назардошти ҳамин парлумони Ӯзбекистон баробари парлумонҳои мамолики Аврупо ҳамкориҳои ҳарҷониба бо парлумонҳои давлатҳои минтақаи Осиё-уқёнуси Оромро басо муҳим мешуморад.
Навъе экспертҳо ва мутахассисон таъкид менамоянд, таъмини принсипҳои амнияти байналхалқӣ, рушди иқтисодиёти рақамнок, афзунсозии ҷозибадории сармоявӣ ва баланд бардоштани ҳаҷми савдои хориҷӣ, эътибор ба экология ва ҳифзи муҳити гирду атроф, ба иҷро расондани ӯҳдадориҳои шартномавии байналхалқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, муттасил ба амал баровардани мақсадҳои Рушди барқарор ва дигар самтҳои ба ин монанд ҷиҳатҳои ба худ хоси муносибот дар майдони байналхалқӣ ба ҳисоб раванд, беҳтар намудани муносибатҳо бо парлумонҳои мамлакатҳои Осиё-уқёнуси Ором дар ин бахш нақши ҳалкунанда хоҳад бозид. Равнақёбии муносибат ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бошанд, баҳри баланд бардоштани нуфузи кишвари мо дар доираи байналхалқӣ хидмат хоҳанд кард. Муносиботи парлумони Ӯзбекистон ба парлумони кишварҳои Осиё ва дунё, минҷумла бо Шурои Вакилони Халқи Умумиҷумҳуриявии Чин, Парлумони Ҷопон, Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриё, Палатаи ҷамоатии Канада, Палатаи Вакилони Малайзия ва ҳоказо, аз ин нигоҳ, дар солҳои охир мазмуну моҳияти нав касб намудааст. Фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ торафт бештар ташаккул меёбад ва ҳамкориҳое, ки дар риштаҳои гуногун ба дараҷаи баланд ба роҳ гузошта мешаванд, самараи дилхоҳ мебахшанд. Аз рӯйи равнақ додани парламентаризм дар доираи ҳамкориҳо, эҷодкории қонун, назорати парлумонӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти парламент мутааллиқанд, маҷлисҳои машваратӣ доир мегарданд, ба таври муттасил бо мутахассисону экспертҳои дараҷаи байналхалқӣ бобати муҳимтарин масоили сиёсати берунӣ вохӯриву суҳбатҳо ташкил карда мешаванд.
Ҳамкорӣ ва муносибатҳои байнипарлумонӣ имконият медиҳанд, ки ҷонибҳо таҷрибаи пешқадами якдигарро омӯзанд. Вақтҳои охир аз рӯйи сохтори «парлумони электронӣ» низ бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ иваз кардани таҷриба роҳандозӣ мегардад. Рақамисозии сохтори кор бо шаҳрвандон дар навбати худ моҳияти байналхалқӣ касб менамояд.
Роҳбари мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни маърӯзааш дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис (20 ноябри соли 2024) марбут ба муҳимтарин масъалаҳо дар ҳаёти парлумон нақши муҳими парлумон дар сиёсати беруниро алоҳида таъкид намуд, зикр кард робитаҳои байнипарлумонӣ дар мустаҳкамшавии муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти аввалдараҷа доранд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».