АЗ ЯК ГЕКТАР ЗАМИН БОЯД 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДАРОМАД ГИРИФТ

Ин яке аз чорабиниҳое мебошад, ки дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» муайян гардидааст ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Воқеан, ҳоло боғдор, фермер ва соҳибкороне низ ҳастанд, ки аз як гектар замин зиёдтар даромад мегиранд. Аммо онҳо хеле каманд. Мақсад аз ин чорабинӣ зиёд кардани теъдоди чунин деҳқонон, боғдорону соҳибкорон, ҳамзамон афзунсозии рағбати мардум ба меҳнати шахсии худашон мебошад.

Дар мо мардуми одӣ ва деҳқонон бештар аз усулҳои анъанавии киштукор ва ё бунёди боғҳо истифода мекунанд ва ё ҳар сол ба парвариши як навъи маҳсулот одат кардаанд. Масалан, деҳқоне, ки картошка мекорад, ҳар сол бо ин кор машғул мешавад. Фикр намекунад, ки агар сирпиёз корад,  даромади бештар ба даст меорад. Ё худ бунёди гармхонаи хурд дар як гӯшаи замини наздиҳавлигӣ ба зиёд гардондани даромад мусоидат мекунад.

Фермерон низ дар майдони зиёдатӣ ба ғайр аз супориши давлатӣ, метавонанд намудҳои нави сабзавот ё маҳсулоти полизӣ парвариш кунанд, аз тухмиҳои нав ва серҳосил истифода намоянд. Аммо барои ин ҳавсала надоранд.

Аз ин рӯ, дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ бо мақсади истифодаи самараноки замин ва ба даст овардани даромади бештар, минбаъд васеъ намудани истифодаи тухмии хушсифат, ки аз кишварҳои хориҷӣ ворид шудааст, парвариши зироатҳо бо истифодаи технологияи интенсивӣ, бештар ҷорӣ кардани технологияи сарфаи об пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар лоиҳа вазифа гузошта шудааст, ки дар 51 ноҳияи ба меваю сабзавот ихтисосонидашуда лоиҳаҳои нав оид ба ташкили яхбандии шокии меваю сабзавот амалӣ гардида, то охири сол лоиҳаҳо бо иқтидори умумии 44 ҳазор тонна татбиқ карда шаванд. Ин бесабаб нест. Чунки  ҳоло дар ҷаҳон таъмини амнияти озуқаворӣ, дар давоми сол бо маҳсулоти хушсифати меваю сабзавот таъмин намудани аҳолӣ ва нигоҳ доштани устувории нархҳо дар бозор ба масъалаи муҳим табдил меёбад. Ғайр аз ин, ин имконият медиҳад, ки даромади деҳқонону соҳибкорон чандин маротиба афзоиш ёбад.

Натиҷаи корҳои шоистаи ин самт аст, ки тӯли солҳои охир дар мамлакатамон амалӣ гардиданд, ҳоло  дар фасли зимистон ҳам бозорҳо ва дасторхони мардум пур аз меваю сабзавот мебошад. Ҳатто меваҳои ситрусӣ дар худамон парвариш карда мешаванд.

Умуман, татбиқи мақсад ва чорабиниҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ ба миён гузошта шудаанд, ба фаровонии бозорҳо, серию пурии дасторхони мардуми мо, устувории иқтисодии деҳқонону субъектҳои соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хидмат мекунад.

Шавкат ШАРИФОВ, аъзои Сенати Олий Маҷлис.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: