Солҳои охир эътибор ба мазмун, мундариҷа ва сифати китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонӣ афзуд. Ҳоло китобҳо бо сифати хуб ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ чоп мешаванд, вале наметавон гуфт, ки беғалату камбудӣ... Дар аксар китобҳои дарсӣ хатоҳои имлоӣ, вайрон шудани мазмуни ҷумла, тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва корбурди нодурусти калимаҳо, ба мавзӯъ мувофиқат накардани мисолу супоришот ва монанди ин ба чашм мерасад.
Китоби дарсӣ яке аз аёниятҳои муҳимтарини ҷараёни дарс мебошад. Босифат, беғалат ва дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудани китобҳои дарсӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардидани сатҳи дониши хонандагон, инчунин, пурмазмуну ҷолиб гузаштани дарсҳо мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир эътибор ба мазмун, мундариҷа ва сифати китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонӣ афзуд. Ҳоло китобҳо бо сифати хуб ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ чоп мешаванд, вале наметавон гуфт, ки беғалату камбудӣ...
Дар аксар китобҳои дарсӣ хатоҳои имлоӣ, вайрон шудани мазмуни ҷумла, тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва корбурди нодурусти калимаҳо, ба мавзӯъ мувофиқат накардани мисолу супоришот ва монанди ин ба чашм мерасад. Бахусус, дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мушоҳида шудани чунин ғалатҳо хеле нохушоянд аст.
Мо чунин камбудиҳоро дар китоби «Математика»-и синфи дуюм, ки соли 2021 бо тавсияи Вазорати таълими халқ нашр шудааст, метавонем мушоҳида кунем.
Масалан, дар машқи дувуми мавзӯи «Квадрат ва росткунҷа» (дарси 6) ҷумлаи «Тарафҳои росткунҷа қад ва бари он номида мешавад» гуфта шудааст. Дар ин ҷумла истифодаи калимаи «қад» норавост. Чунки «қад» асосан ба маънои қомати одам, ҳайвон ё растанӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, корбурди калимаи «дарозӣ» мувофиқтар аст. Дар машқи чоруми ин мавзӯъ «Дар асоси намуна ифода сохта онро ҳисоб мекунем» навишта шудааст. Агар ҳамин ҷумларо дар шакли «Дар асоси намуна ифода менамоем ва ҳисоб мекунем» менавиштанд, беҳтар буд.
Дар машқи якуми мавзӯи «Периметри квадрат ва росткунҷа» (дарси 7) чунин ҷумла ҳаст: «Ба ҳамин тавр усул периметри квадратро меёбем». Агар ҷумларо дар шакли «Бо ҳамин усул периметри квадратро меёбем» менавиштанд, хубтар буд. Калимаи «тавр» бемаврид истифода шудааст.
Шарти машқи дувуми ин мавзӯъ – «Периметрҳои шаклҳо ба чӣ баробар аст?» низ мантиқан нодуруст аст. Бояд «Периметри шаклҳо ба чанд баробар аст?» ё «Периметри шаклҳоро ёбед» менавиштанд. Чунин тарзи нодурусти саволгузорӣ дар машқи якуми мавзӯи «Бисёркунҷа ва периметри он» (дарси 9) низ ба чашм мерасад.
Дар китоб аз чӣ сабаб бошад, ченакҳо бо ҳарфҳои лотинӣ навишта шудааст: cm, mm, dm, kg ва ғайра. Масалан, дар мавзӯи «Воҳиди ченаки дарозӣ – миллиметр» (дарси 22) онро тавзеҳ дода, «Мухтасар ба тарзи mm навишта мешавад» гуфтаанд. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро бо ҳарфҳои лотинӣ ишора кардаанд? Ё дар ҷумлаи «Массаи ҳар як тӯб 1 kg аст, массаи қуттиро ёбед» (дарси 13, саҳ.133) низ чунин ғалат ба чашм мерасад.
Дар китоб номи пурраи ченакҳо бо кирилӣ навишта шудааст, аммо шакли мухтасари онҳо бо лотинӣ ишора гардидааст, ки ин начандон дуруст аст.
Инчунин, дар бисёр калимаву ҷумлаҳо ғалатҳои имлоӣ ва маъноӣ ба чашм мерасад. Масалан, танҳо дар саҳифаи 113-уми китоб (дар акс) калимаҳои «катак» (хонача), ашёҳо (ашё), «милиметр» (миллиметр) нодуруст ва бо ғалат корбурд шудаанд.
Ин ҷо аз ғалатҳои зиёди китоб андакеро овардем. Дуруст, ки баъд аз чопи ин китоб боз чанд нашри нави онро нашр намуданд ва ба мактабҳое, ки таълим бо забони ӯзбекӣ ва русӣ аст, дастрас карда шуд. Аммо дар мактабҳое, ки таълим ба забони тоҷикӣ аст, то ҳол аз ҳамин нашри куҳна истифода мебарем.
Набояд фаромӯш кард, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ табиатан кунҷков мешаванд ва ба ҳама чиз, ҳар як маводу маълумот бо шавқу рағбат муносибат мекунанд. Вақте онҳо дар китобҳои дарсӣ камбудӣ, нуқсон ва ё ғалатеро пай мебаранд, зуд ба муаллим муроҷиат мекунанд. Дар чунин ҳол муаллим ба вазъи ногувор меафтад. Худ аз худ боварии донишомӯзон на танҳо ба муаллими фан, балки ба китобҳо низ аз байн меравад.
Аз ин рӯ, аз кормандони масъул хоҳиш мекунем, ки дар раванди омодасозии насли нави китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи онҳо эҳтиёткор бошанд, барои ҳамкорӣ омӯзгорони бохираду ботаҷрибаро даъват кунанд, то чунин камбудиву ғалатҳо ба китобҳо роҳ наёбанд.
Азамат МИРЗОЕВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ