ЭҲТИРОМ БА ПЕШВОИ ҲАРАКАТИ ҶАДИДӢ
Аҳли фарҳанги Самарқандро анъанаест, ки ҳар сол 19-уми январ мавлуди яке аз парчамбардорони ҳаракати маърифатпарварӣ – Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ҷашн гиранд ва дар пояи муҷассамааш гулҳои тару тоза гузоранд.
Боиси хушнудист, ки дар арафаи Соли нави 2025-ум Қарори Президент «Дар бораи бошукӯҳ ҷашн гирифтани 150-солагии зодрӯзи асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ, нависандаи барҷаста, арбоби ҷамъиятӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» интишор ёфт. Бар асоси қарори мазкур имсол ва солҳои баъдина мавлуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бошукӯҳ ва васеътар ҷашн гирифта хоҳад шуд. Тавре дар қарори мазкур қайд шудааст, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар аввали асри ХХ – замони дар таърихи Ватани мо мураккаб ба сифати асосгузори ҳаракати равшанфикрон – ҷадидия шинохта шудааст.
Мавсуф ҳамчун намояндаи барҷастаи ҳаракати миллию озодихоҳӣ, умри худро ба рушди илм, маорифу тарбия, адабиёту ҳунар, матбуот, эҳёи худшиносӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинии мардум бахшида, барои истиқлолият ва азхуд кардани дастовардҳои маънавии ҷаҳон талош варзидааст.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ аз аввалинҳо буд, ки дар минтақа мактабҳои наву замонавӣ таъсис дод ва барои онҳо китобҳои дарсӣ тайёр намуд, нашриёт ва театрҳо кушод. Драмаи «Падаркуш», ки ба қалами ӯ мансуб аст, соли 1914 ба саҳна гузошта шуд.
Ӯ рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина»-ро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таъсис дод ва нашр кард.
Вале афсӯс, ки тобистони 1919, ҳангоми сафар ба Маккаву Мадина дар шаҳри Қаршӣ, вақте 44 сол дошт, ба шаҳодат расид. Мутаассифона, қабри ӯ то ҳол пайдо нашудааст. Аҷиб аст, ки муаллим Шакурӣ дар маҳбаси Тошканд, Ҳоҷа Муин дар бешазори Русия нобуд шудаанд ва қабрҳои онҳоро низ ҳеҷ кас намедонад. Турбати Саидризо Ализодаро наберааш Фарҳод Ализода аз маҳбаси Владимир пайдо кард.
Баъди ба истиқлол расидани кишвари азизамон барои амиқ омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти ҷадидон, абадӣ кардани хотираи неки онҳо корҳои ибратбахш амалӣ шуданд.
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат, набераҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – Шоҳруҳхон ва Зарруххон бо кумаки ҳайкалтарош Эргашхон Қаҳҳоров муҷассамаи ӯро тайёр намуданд ва он дар ҳавлии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон гузошта шуд.
Аз ин воқеа қариб бист сол сипарӣ гашт.
Соли гузашта бино ва ҳавлии хушсохти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки баъди «душмани халқ» эълон шуданаш ба тасарруфи идораҳои давлатӣ гузашта буд, бо қарори ҳокимияти вилоят ба Хона-музейи Беҳбудӣ табдил ёфт. Он баъди таъмири хушсифат дари худро боз кард. Ҳоло осорхона аз долону айвон ва ду хонаи васеъ, равшану хушҳаво иборат аст, ки дар яке экспозитсияҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва дар дигар осори фаъолони ҳаракати ҷадидӣ гузошта шудаанд. Дар байни онҳо устод Садриддин Айнӣ, Тошхоҷаи Асирӣ, Фитрат, Мунзим, Ҳамза, Аҷзӣ, Хоҷа Муин ва дигарон ҳастанд.
– Мо хеле хушҳолем, ки талошу ҷоннисории бобоямон барои рушди ақидаҳои маорифпарварӣ, бунёди мактабҳои нав, таъсису нашри матбуот барабас нарафтанд, – мегӯяд набераи Беҳбудӣ Шоҳруххон. – Аллакай дар асоси қарори сарвари давлатамон доир ба васеъ ҷашн гирифтани 150-солагии ӯ дар Самарқанд чорабиниҳои ҷолиби диққат амалӣ мешаванд.
Аз фурсат истифода бурда, шахсан ба Президент миннатдории самимона изҳор мекунем, ки дар Ӯзбекистони Нав таҷлили 150-солагии зодрӯзи бобоямонро дар сатҳи баланд ба роҳ монданд. Хурсандиовар аст, ки асарҳои бобоямон бознашр мешаванд, озмуни иншо таҳти мавзӯи «Сабақҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ», конфронси байналхалқӣ, шаби ёдбуди тантанавӣ ва ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Қаршӣ гузоштани ном ва насби лавҳаи ёдгорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Воқеан, соли 2020 романи нависанда Нусрат Раҳмат – «Ҷадид», ки аз зиндагиномаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ қисса мекунад, аз чоп баромад.
– Инсонҳои тараққипарвар аз азал ҳамватанони худро ба маърифат даъват карда, «масъалаи ҳаёту мамот ва бидуни илму дониш, ақлу хирад завол дидани одам муқаррар» гӯён бонги изтироб задаанд, – гуфт дар суҳбат устод Нусрат Раҳмат.
– Устод чӣ сабаб шуд, ки шумо ба навиштани романи «Ҷадид» камар бастед?
– Қисмати талхи ин марди шариф эътибори бисёр эҷодкоронро ба худ кашидааст, ки банда истисно нестам. Аввал таҳти номи «Ҳикояҳо дар бораи Беҳбудӣ» як силсила очерку лавҳаҳо иншо намудам. Барои пухта ва ҳаматарафа омӯхтани зиндагиномаи ӯ дар асоси хатсайри қаҳрамони асарам ба Туркия, Русия, Қафқоз, мамлакатҳои араб сафар кардам. Албатта, тӯли сад соли гузашта ин кишварҳо куллан тағйир ёфтаанд, аммо ёдгориҳои меъморӣ, иқлим, макон бетағйир аст.
Аслан аз мутолиаи китобҳои доир ба бузургон иншошуда навиштаҳои худи онҳоро хондан афзалтар аст. Ба ин хотир аз мутолиа китоби камина хондани навиштаи устод Беҳбудӣ «Қасди сафар» ва дигар асарҳояшон айни муддаост.
Сониян, Беҳбудӣ шахсияти бузург, ибратомӯз, эҷодкори рангинхаёл, сермаҳсул ва арбоби сиёсӣ буд. Чеҳраи чунин зоти бузургро офаридан кори ниҳоят душвор аст. Ман аз чашмаи хушкнашавандаи устод чанд қатра гирифтаму халос.
Бинобар ҳамин онро «Ҳикояҳо дар бораи Беҳбудӣ» номидам.
Воқеан, дар роман натанҳо дар бораи устод ва ҳаракати ҷадидӣ дар минтақа, инчунин шахсони ҷоннисори фарҳанг, тамаддуни Шарқ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маводи ҷолиби диққат мавҷуданд.
– Оё нияти идома додани романро доред?
– Дар куҷое ин шоҳбайтро хонда будам:
То пир нашуд мард, надонад
хатари умр,
То монда нашуд мурғ,
надонад хатари бол.
Синнам аз 80 гузашта, ба 90 наздик мешавад. Хотира суст шудааст, саломатӣ беҳбуд мехоҳад.
Ана барои ҳамин ҳам ҳоло бештар бо мутолиа банд ҳастам. Хушҳолам, ки фарзандону наберагон низ ба адабиёт, илму фарҳанг дилбастагӣ доранд. Духтарам Дилафрӯз номзади фанҳои филологӣ шуд. Ӯ низ бо ҳаёт ва фаъолияти Беҳбудӣ машғул аст.
Камина ба мақоли «Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд» амал мекунам ва бо тарбияи насли наврас, шогирдони эҷодкор машғулам.
Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ҷавонони Ӯзбекистони Нав ҳамчун бобои рӯзгордида маслиҳат медиҳам: Шумо асосгузори эҳёи савум ҳастед. Чун алломаҳо Устод Айнӣ, Беҳбудӣ, Хоҷа Муин, Саидризо Ализода ва дигар маърифатпарварон неруву иқтидори худро ба омӯхтан ва рушди илму дониш, ҳунару забон, садоқат ба халқу Ватан, мустаҳкам намудани истиқлоли кишвари азизу муқаддас сафарбар намоед. Зеро бузургон фармудаанд:
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод
ба даст.
Суҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.
Хабарҳои дигар
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
Зимни корҳои ҳафриётӣ – пажӯҳишӣ дар ҳудуди ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, кӯшки суғдӣ кашф гардид.
ДАР ОРЗУИ РӮШНОӢ
Нарзулло духтур рӯйи ду қабат кӯрпача хобидааст.
Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме
11-уми октябри соли ҷорӣ дар мактаби рақами 19-уми деҳаи Навдаки ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд бо ибтикори Бунёди фарҳангии тоҷикони Тошканд «Ориёно» ва дастгирии мудирияти мактаб ҷашни фархундаи Меҳргон баргузор шуд.
ҶАШНИ ШОДИВУ СУРУР
Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи идҳои хеле зебо ва пурмазмуни мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба шумор меравад. Онро бо номҳои гуногун: Иди Наврӯз, Ҷашни Баҳор, Наврӯзи Ҷалолӣ, Наврӯзи Ҷамшедӣ ва ғайра ба забон мегиранд. Ин ҷашн аз қабили идҳои хеле қадимтарини миллӣ ба шумор меравад.
БАРОДАРОНИ ҲАММАСЛАК
Гузари Орифҷонбой аз маҳалҳои хеле қадимаи шаҳри Самарқанд буда, дар ин ҷо зиёиёну маорифпарварон, аз ҷумла Ҳодизодаю Шаҳидӣ, Сиддиқию Исматӣ ва дигарон зиндагӣ карда, барои рушду камоли маънавияти мардум ҳиссаи муносиб гузоштаанд.
ЗАНЕ, КИ МОДАРАШ ЧУН МАРД ЗОДАСТ
Аввалин вохӯрӣ ва шиносоиамро бо апаи Ӯғилой ростӣ дар ёд надорам. Зеро аз ин солҳо сипарӣ шудааст. Аниқтараш на кам аз 30 сол мешавад, ки бо ӯ шинос ҳастам.
БИЕННАЛЕИ Х БАЙНАЛХАЛҚИИ БАЧАГОНА
Маросими ифтиҳоҳ ва ҷоизасупории Биенналеи Х байналмилалии расмҳои бачагона дар Қасри фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон баргузор гардид.
«БОЗГАШТ – НАФАСИ ВАҚТ»
Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд -намоишгоҳи шахсии рассом Сардор Нӯъмонов таҳти унвони «Бозгашт – нафаси вақт» баргузор гардид.
ТОҶИК МАРД БУД... ҲОЛО-ЧӢ?
Бо анҷоми моҳи декабр чун ҳарсола обунаи солона ба рӯзномаҳо низ анҷом мепазирад. Алҳол масъалаи обуна басо сангину заҳматталаб аст. Дар ин боб ҳар кас фикру хаёли худро дорад.
Аз «Панорама» то «Офтоб»:шоҳкориҳои Тошканд дар Феҳристи ЮНЕСКО
Чанде пеш дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Куриёи сессияи 48-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор шуд. Дар кори он ҳайати Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок намуданд.
Санъат – воситаи муҳими тарбия
Бозёфтҳои зиёди археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки санъат дар баробари пайдоиши одам инкишоф ёфтааст. Бо такомули олоти меҳнат диди эстетикӣ ва олами маънавии одами қадим ғанӣ гашта, майлу зарурати инъикоси мавҷудоту махлуқот ва ҳодисоти олами атроф пайдо шуд.
Тимсоли муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бузург
Алишер Навоӣ дар таърихи забон ва адабиёти ӯзбек ҳамон мақом ва мартабаро дорад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ё Ҷомӣ дар адабиёти форс-тоҷик. Шоирони бузурги ӯзбек ҳам дар назм ва ҳам дар наср осори зиёде аз худ боқӣ гузоштаанд. Дар бораи замон, ҳаёт ва эҷодиёти Алишер Навоӣ таърихнигорон ва адабиётшиносон таҳқиқоти гаронбаҳо ва пурқимат анҷом додаанд.