КОРХОНАИ ОИЛАВӢ 80 НАФАРРО БО КОР ТЪАМИН КАРД

Имрӯзҳо теъдоди соҳибкороне, ки тиҷорати худро дар партави ислоҳоти татбиқшудаистода ба роҳ мондаанд, зиёд мешавад. Аҳолӣ низ ба тиҷорати хурду хусусӣ мароқ зоҳир менамояд.

Қурбоналӣ Қазоқов низ, аз ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё, бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамомада, корхонаи оилавии худ – «Қурбоналӣ текстил»-ро созмон дода буд, ки он барои курсии автомобилҳо ҷилд (чехол) истеҳсол менамояд.

– Дар оғози фаъолият ашёи хомро мехаридем, – гуфт соҳибкор. – Баъди насби таҷҳизоти зарурӣ, имкон пайдо шуд, ки 70-80 фоизи маҳсулотро худамон омода кунем. Дар як рӯз 100 ҷилди гуногундӯхт истеҳсол менамоем.

Фаъолияти корхона, ки дар ибтидо 5 нафар дӯзанда дошт, аз соли 2017 шурӯъ шудааст. Ҳоло теъдоди дӯзандаҳо беш аз 80 нафарро ташкил медиҳад. Дар бозори маҳаллӣ талаб ба маҳсулоти корхона зиёд аст.

Дар акс: дар корхонаи оилавии «Қурбоналӣ текстил».

Аксбардор: Ҷ. ҚӮзимуродов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: