ҲУКУМАТ БЕТАФОВУТ НЕСТ!

Таъмин намудани аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати ҷумҳуриамон буда, солҳои охир барои ноил гардидан ба ин мақсад маблағи зиёде равона ва корҳои шоёне дар амал татбиқ мегарданд.

Хоса, дар таъминоти аҳолии шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё бо оби ошомиданӣ беш аз пеш эътибор дода мешавад ва дар ин самт огоҳонаву пайгирона корҳои азим ва боиси фахр иҷро мегарданд. Зеро дар ин қаламрав қаблан дар робита ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза мушкилоти фаровоне вуҷуд доштанд, ки бештар боиси дилхирагиҳои сокинон мегаштанд. 

Назар ба маълумоти омор, дар вилояти Қашқадарё то соли 2016 таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ табъи дил набуд ва 20 дарсади аҳолӣ имкони дастрасӣ ба ин атои Худовандро доштанд. Дар идомаи солҳо мушкили таъмини аҳолии вилоят бо оби ошомиданӣ ҳалношуда боқӣ мемонд ва раҳбарони вақти кишвар ҳам ба мушкилоти мазкур чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд. Ин, албатта, ба сифати рӯзгузаронии мардум таъсири манфӣ расонда, боиси бад шудани вазъи тандурустии қисмати бештари аҳолӣ мегардид. Роҳбари тозаинтихоби давлат дар яке аз дидору мулоқот бо аҳолии вилоят чунин ваъда дода буд: “То дар Қашқадарё таъминоти оби ошомиданиро ба 100% нарасонем, даст аз ин амали хайр барнахоҳем дошт!” Ин тавр, яке аз пайи дигаре тарҳҳои бузург рӯйи даст гирифта шуданд, ки ҳар кадом барои беҳбуд бахшидани вазъи таъмини оби ошомиданӣ басо хидмат мекунанд. Назар ба маълумоти Ҷамъияти саҳҳомии “Таъминоти оби Қашқадарё”, то имрӯз барои ҳалли мушкили оби ошомиданӣ дар вилоят аз буҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ 1 триллиону 440 миллиард сӯм ҷудо гардида, таъминоти аҳолӣ бо оби тоза аз 20%-и соли 2016 ба 60 дарсад боло бурда шуд.

– Дар идомаи ҳашт сол ба чунин натиҷа расиданро тасаввур мекунед? Кори шӯхию ҳазле нест. Балки амалест, ки бузургдошти қадри инсонро дар кишвари мо махсус ифода месозад. Пеш аз ҳама ғамхории раҳбари давлат ва бетафовут набудани дигар аъзои ҳукумати ҷумҳуриро ба ҳаёти мардум ва фардои дурахшони онҳо бараъло таъкид мекунад, – гуфт директори Ҷамъияи саҳҳомии “Таъминоти оби Қашқадарё” Бекзод Шоимов.

Назар ба маълумоти ин идора, то кунун 4,5 ҳазор км хати обгузари қубурҳо хобонда шуда, 233 иншооти обрасонӣ барпо гардидаанд. Ҳамчунин маблағи ҳукумат ба харид ва насби 126 насоси замонавии каммасраф, ки оби тозаи ҳавзҳои махсусро ба самти манзили зисти мардум ва коргоҳу муассисаҳои қаламрав бо фишор интиқол медиҳанд, низ истифода шуданд ва кунун вазъи таъмини оби ошомиданӣ куллан тағйир ёфтааст. Дар натиҷаи татбиқ гардидани ин корҳо 256 маҳалла, ки фарогири 652 ҳазор нафар аҳолӣ ҳаст, аз оби тоза баҳраманд шуданд. Бояд таъкид кард, ки ба манзили зисти 285 ҳазор нафар сокинони вилоят бори нахуст оби ошомиданӣ интиқол ёфт, ки онҳо дар гузашти даҳсолаҳо омадани ин мояи ҳаётбахшро бесаброна интизор буданд. Ҷомаи амал пӯшидани орзуҳо боз ҳам фараҳбахш аст.

Ноҳияҳои Ғузор ва Деҳқонобод аз мавзеъҳое ба шумор мерафтанд, ки дар таъмини оби ошомиданӣ аз дигар ноҳияҳо хеле қафо монда, аҳолӣ бештар аз оби сой, заҳбур ва ҷӯйборҳо истифода мебурд. Аксари хонадонҳо обро бо мошинҳо кашонда, дар ҳавзҳои бетониву оҳанӣ нигоҳ медоштанд, ки харҷи зиёд дошт. Ин обро ба дидаҳо молидаву танҳо барои нӯшидан ва омода кардани ғизо истифода мекарданд. Одамон оби барфу боронро низ бо ҳар усул ҷамъ оварда, ба дигар ниёзи рӯзгор сарф месохтанд. Кунун то дари аксари хонадонҳо тавассути қубурҳои плостикӣ оби тоза интиқол ёфта ва одамон бароҳат аз ин неъмати худодод истифода мекунанд. Бояд гуфт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани вазъи таъмини оби ошомидании аҳолии ноҳияи Деҳқонобод лоиҳаи “Оқсу – Деҳқонобод”-ро дар амал татбиқ сохт, ки 282 миллиард сӯм қимат дошта, ба беҳтар гардидани ҳаёти 70 ҳазор аҳолии ноҳияи Деҳқонобод мусоидат намуд. Тибқи ин лоиҳа 79 километр қубурҳои ба фишори баланди об тобовар насб гардиданд ва дар фарҷом қисмати бештари аҳолии ноҳия, ки солиёни дароз аз камбуди оби ошомиданӣ ранҷ мекашиданд, бо об комилан таъмин шуданд. Ҳамчунин ноҳияи Ғузор низ аз минтақаҳое маҳсуб меёбад, ки бо мушкили оби ошомиданӣ сарбасар омада, кунун туфайли ғамхориҳои ҳукумат вазъ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Тибқи як тарҳи алоҳида барои таъмини аҳолии Ғузор бо оби тоза 212 миллиард сӯм равона шуда, барои таъмини аҳолии 12 маҳаллаи ин қаламрав 16 иншооти обрасонӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 17 ҳазор аҳолии ноҳияи Ғузор бори нахуст бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Шароити як қисмати аҳолӣ дар ин самт ба таври чашмрас беҳтар шуд ва зиндагиашон сафо ёфт.

Бекзод Шоимов гуфт, ки дар идомаи соли 2024 аз буҷаи ҳукумат 212 миллиард сӯм барои сохтани иншооти гуногуни обрасонӣ ҷудо шуда буд. Кормандони идора муваффақ гардиданд, ки дар 62 иншооти обрасонии вилоят корҳои сохтмон ва тармимнамоиро дар амал татбиқ созанд. Аз ҷумла, 296 км қубури нави обгузар хобонданд, ки дар натиҷа таъминоти 215 ҳазор аҳолии вилоят бо оби ошомиданӣ беҳбуд ёфт.

Кормандони идораи мазкур ният доранд, ки соли 2025-ум низ дар самти мазкур зарбдорона меҳнат кунанд ва таъмини аҳолиро бо оби тоза аз 60 фоиз ба 65 фоиз бирасонанд. Мушкил дар ин соҳа оҳиста-оҳиста ҳалли худро меёбад ва дар сурати комилан бартараф гардидани он табиист, ки сатҳи зисти аҳолӣ як зина боло рафта, вазъи тандурустии онҳо низ беҳтар хоҳад шуд.

Шариф Халил,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: