МУЖДА АЗ «ШАКАРДАРА»

Нависанда ва шоираи маҳбуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода соли равон ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Соли гузашта «Шакардара» ном китоби адиба сазовори мукофоти ба номи Садриддин Айнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда буд. Ба ин муносибат мухбирамон Зоҳир Ҳасанзода бо Маҳбуба Неъматзода суҳбат орост.

– Устоди азиз, аввало шуморо ба муносибати 75-солагӣ, сипас, бо гирифтани ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ аз самими дил табрик мегӯям.

– Сипос, соли 2023 нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон «Шакардара» ном китоби маро чоп кард, ки он мисли китобҳои пешинаам аз шеъру ҳикоя, афсона ва чистону тезгӯякҳо иборат буд.

Китоби нав аз ҷониби хонандагон ва мунаққидони адабиёти бачаҳо баҳои баланд гирифт ва онро шӯрои адабиёти бачаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба мукофоти ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод кард. Баъди чанд моҳ интернет аз «Шакардара» ба ману самарқандиён мужда расонд.

– Хуб медонам, ки Шумо дар оилаи ҳунарманд ва санъаткорони номӣ ба дунё омадаед. Аз нӯҳ нафар фарзанд се нафар роҳи санъатро пеш гирифтанд. Додаратон – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов ҳамчун ҳофизи хушовоз ва бастакор дар инкишофи эстрадаи тоҷик саҳми босазо гузошт. Бародаратон Музаффар Неъматзода (руҳашон шод бод) ҳамчун меъмор ба гирифтани мукофоти ба номи Рӯдакӣ мушарраф гардиданд. Сабаби ба адабиёт рӯ овардани шумо дар чист?

– Модарам Марямҷон (ҷояшон биҳиштӣ барин бод) дар ҷавонӣ бахиядӯзи номӣ буданд. Модаркалони шеърдӯстам Мастурабонуи бухороӣ барои гулдӯзиҳои модарам абрешимро ранг дода, ба воситаи чарху дук ба ғалтак мепечонданд.

Ҳангоми чархресӣ борҳо шунидаем, ки ғазалҳои Ҳофизу Саъдиро замзама мекарданд.

Аз модаркалони зиндадилу шеърхонам ишқи шеър ба ман мерос монд.

– Аввалин шеъри худро кай навиштед?

– Овони таҳсил дар синфи нӯҳуми мактаби рақами 15-уми шаҳри Душанбе аввалин шеърҳои навмашқонаи ман рӯйи коғаз омадаанд. Рӯзе даҳ-дувоздаҳ шеърро дар дафтаре навишта роҳи идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»-ро пеш гирифтам. Бо ҳаяҷон дари утоқи сармуҳаррири рӯзномаи бачаҳо, шоира Мавҷуда Ҳакимоваро боз карда, бо эҳтиром салом додам.

– Дароед, дароед, – бо табассум ба саломам ҷавоб дода гуфтанд он кас. Азбаски фарши утоқ гилеми хушранг дошт, бо кафши гилолуд ҷуръати даромадан накарда, лаҳзае паси дар ҳайрон мондам.

– Ҳеҷ гап не, биёед духтарҷон, – бо меҳрубонӣ гуфтанд ҷонишини сармуҳаррир Акбар Қодирӣ. Устод Мавҷуда Ҳакимова баъди аҳволпурсӣ ба хондани навиштаҳои ман шурӯъ карданд...

Тақрибан баъди ду-се ҳафта дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» нахустин шеърам бо номи «Сулҳу дӯстӣ» чоп шуд. Хурсандиам ҳадду канор надошт...

– Бо санъатшинос, шоир ва воқеанигор Ҳазрат Сабоҳӣ беш аз 50-сол аст, ки зиндагии хушбахтона доред. Ба ҳаёти шумо, рости гап, бисёриҳо бо ҳавас менигаранд. Бигӯед, ки тақдир чӣ тавр шумоёнро рӯ ба рӯ кард?

– Соли 1966 ба бахти мо – хатмкунандаҳои мактаби миёна дар назди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бори аввал шуъбаи журналистӣ таъсис ёфт. Бо маслиҳати устодонам ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамин шуъба супоридам.

Шоири навқалам ва мухбири ҷавон Ҳазрат Сабоҳӣ низ бо нияти таҳсил дар ин шуъба ба Душанбе омада будаанд. Бахт ба рӯйи мо хандид, донишҷӯ шудем.

Ҳазрат Сабоҳӣ ситораи гарм ва дониши баланд доштанд. Муҳимтар аз ҳама камсухан ва хоксор буданд. Ман ҷавонҳои лаққиву сергап ва мағрурро бад медидам.

Мо моҳи сентябри соли 1971, баъди хатми донишгоҳ, издивоҷ кардем. Сад шукр, ки се нафар фарзанд, даҳ набера ва ду абера дорем.

– Шумо дар ҳар куҷо, ки будед ба ёди бачаҳо будед, барои онҳо шеър менавиштед. Бигӯед, ки беҳтарин шеъри худро кай, дар куҷо эҷод кардед?

– Ба фикрам, «Дар роҳ» ном шеърам беҳтарин аст. Он соли 2005 дар шаҳри Машҳади Эрон рӯйи коғаз омад.

Аз раҳи Сӯзангарон

Танҳо будам ман равон.

Баногаҳ омад ба шаст

Сарам бизад бо ду даст.

Сипас бизад он ба рӯ

Ба чашму абрӯву мӯ.

Бизад ба поҳои ман

Ба кафши зебои ман.

Аммо ман наранҷидам

Ба зери лаб хандидам.

Зеро ки баҳорон буд

Он чӣ мезад, борон буд.

– Дар як манзил бо ҳам зиндагӣ кардани ду эҷодкор осон аст ё мушкил?

– Ба фикри ман, шавҳари зани эҷодкор аҳли қалам бошад, хеле хуб аст. «Қадри зар – заргар бидонад». Агар шавҳари рӯзноманигор, олим ва шоир намедоштам, наметавонистам, ки солҳои зиёд дар соҳаи матбуот кор кунам. Ба шарофати ғамхории устод ман Олмон, Эрон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия, Покистон ва Афғонистонро дидам. Устод одати хубе доранд, ҳаргоҳ дар хона машғули навиштан мешавам, кӯшиш мекунанд, ки ба ман халал нарасонанд.

Шеъру ҳикоя ё афсонаву чистонҳоямро аввал ба дасти Ҳазрат Сабоҳӣ месупорам. Он кас хонда баҳояш панҷ гӯянд, хурсанд мешавам.

– Ҳаёти шумо хеле рангин, пурмазмун ва самарабахш гузаштааст. Дар баробари фаъолият дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чор сол дар Афғонистон, даҳ сол дар Эрон кор ва зиндагӣ кардед. Кадом солҳои ҳаётатон барои шумо солҳои пурмаҳсул буданд?

– Соли 1993 ба сабаби нооромӣ дар Тоҷикистон ва муваққатан аз фаъолият бозмондани маҷаллаи «Чашма» ба Самарқанд омадем. Дар мактаб омӯзгор шуда, бо рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамкорӣ доштам. Баҳори соли 1996 бо даъвати сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Самарқанд» Тошпӯлод Раҳматуллоев ва ба шарофати шодравон нависанда Ӯктами Иброҳим дар рӯзномаи шаҳрӣ ба кор шурӯъ кардам.

Солҳои 1996-2000 барои ман беҳтарин солҳои умр буданд. Ин солҳо, баробари хабару мақола, мусоҳиба, ҳаҷвия, пайваста барои бачаҳо шеъру ҳикоя, афсонаву чистонҳо менавиштам. Дар давоми панҷ сол се китобам бо номҳои «Меҳрубон», «Таваллудат муборак», «Бонуи бобо» дар нашриётҳои «Самарқанд», «Зарафшон», «Суғдиёна» бо тиражи чор ва ҳашт ҳазор нусха аз чоп баромад. Ҳамон солҳо хонандаҳои хурдсоли мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон ташнаи китоби бадеии тоҷикӣ буданд. Соли 2000 маро ба вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд даъват карданд. Хушбахтона дар ин вохӯрӣ як гурӯҳ иштирокчиёни олимпиада – донишҷӯёни Институти педагогии Ангрен таҳти сарварии олим Фарҳод Исомиддинов иштирок доштанд.

Фарҳод Исомиддинов китоби «Бонуи бобо»-ро бо шавқ варақ зада, аз баромадам шод гардида, баъди вохӯрӣ ба ман гуфтанд:

– Хоҳарҷон, аҷаб кори нек шудааст, ки барои бачаҳо китоб чоп кардед. Акнун бояд боз як кори савоб намоед. Ба мактаби деҳаҳои тоҷикнишини вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах, Навоӣ ва вилояти Чимкенти Қазоқистон рафта, китобатонро дастраси бачаҳо бинмоед. Шумо медонед, ки бачаҳои синфҳои ибтидоӣ зори китоби бадеӣ ҳастанд. Он кас рӯйхати мактабҳои тоҷикӣ ва дар кадом ноҳияву вилоят ҷойгир шудани онҳоро дар варақе навишта, ба ман доданд.

Ба шарофати устод Исомиддинов ва китобҳоям деҳаҳои хушманзари Порашт, Ӯхм, Моҷарми ноҳияи Фориш, деҳаҳои Синтоб, Эҷ ва Сойи хурди ноҳияи Нурато, деҳаҳои кӯҳии Заркат, Навдак, Невичи ноҳияи Паркент, деҳаҳои Бурҷимулло, Боғистон, Нанай, Полвонаки но-ҳияи Бӯстонлиқро дидам. Ба шаҳрҳои хушҳавои Ангрен, Чирчиқ ва деҳаи Навободи Бука, ба чандин деҳаҳои вилоятҳои Сирдарё ва Чимкент сафарҳои хотирмон доштам. Ман аз дидани хонандагон, бачаҳо аз дидани китоби бадеии тоҷикӣ он қадар шод буданд, ки он лаҳзаҳои нотакрорро бо қалам тасвир кардан мушкил аст.

– Зану шавҳар табъи хуби шоирӣ доред. Оё ба якдигар шеър навиштаед?

– Солҳои 1983-1987 устод дар Кобул машғули тарҷумонӣ буданду ман ва писари хурдиам Исфандиёр он касро ҳамроҳӣ мекардем. Тобистони соли 1984 ҳамроҳи писарам, ба баҳонаи тӯй, ба Душанбе рафтаму чор моҳ дар он ҷо мондам. Аз он кас рӯзе номаи ғафсакаке омад. Лифофаро кушода аввал дар коғазе расми устодро дидам. Эшон, ки дар расмкашӣ маҳорат доштанд, паси панҷараи пешайвони хона акси худашонро лоғару танҳову ғамгин тасвир карда буданд. Дар варақи дигар нома ва ин шеъри барои ман эҷодкардаи устод буд. Сад афсӯс, ки нисфи шеър аз ёдам рафтааст:

Шаддаҳои ашки ман бошад нисори поятон,

Гавҳари чашмони ман бошад ҳамеша ҷоятон.

Аз сари лутфе назар бар ҳоли мискинам кунед,

Хона холӣ, бистари холӣ мани танҳоятон.

Кай шавад рӯзе, ки гирад нур аз рӯйи шумо

Чашмҳои интизори кобулӣ оқоятон.

Шеър чунон таъсир бахшид, ки ҳафтаи дигар парида ба Кобул рафтам.

Солҳои 2000-2010 устод корманди радиои «Садои Хуросон» буданду дар шаҳри Машҳади Эрон зиндагӣ мекардем.

Рӯзе дар ошхона машғули шӯрбопазӣ будам, ки хонуме занг зада, пешинӣ маро ба меҳмонӣ даъват кард. Барои дастовез зуд як зувола гирифта, санбӯса пухтам ва ҳаққи устодро, то сард нашавад, дар тафдон гузоштам.

Вақти рафтан саросемавор ба устод чунин нома навиштам:

Оғоҷони ҷонона

Шӯрбо дар ошпазхона.

Дар тафдон чор санбӯса

Рӯи токча ду бӯса.

Ду бӯсаи ҳавоӣ

Ба оқои Сабоҳӣ.

– Чӣ орзуҳо доред?

– Дар аснои сафарҳои бисёр ва зиндагӣ дар Самарқанд шоҳиди воқеаву ҳодисаҳои аҷибе шуда, маҷбур гаштам, ки аз ҳаёти калонсолон ҳам ҳикояҳои воқеӣ нависам.

Ҳикояҳои «Дилбар», «Сарнавишт», «Духтари ноздона», «Домоди амрикоӣ», «Арӯси истанбулӣ», «Ситрамон-хола», «Қиссаи ном» ва ғайраҳо ҳама ҷанбаи воқеӣ дошта, дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Адабиёт ва санъат», «Овози Самарқанд» чоп шудаанд.

Орзу дорам, ки дар соли 2025 барои калонсолон китоби «Дуроҳаи ҳаёт» ва барои бачаҳо маҷмӯаи «Чил чистон»-ро ба дасти чоп супорам.

Ҳамчунин бисёр мехоҳам, ки болои сарам ҳамеша шавҳари ман, гавҳари ман Ҳазрат Сабоҳӣ зиндаву саломат бошанд.

– Парвози баланди эҷодӣ таманно дорем.

– Ташаккур.

Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: