Моҳи феврали соли равон намояндагони ҳокимияти шаҳри Тошканд ҳамроҳ бо роҳбарони марказҳои сайёҳии Тошканд ба шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд рафт.
Интизор меравад, ки охири моҳи феврали соли равон намояндагони ҳокимияти шаҳри Тошканд ҳамроҳ бо роҳбарони марказҳои сайёҳии Тошканд ба шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо иконияти сайёҳии шаҳр шинос шаванд. Ин нукта дар мулоқоти муовини ҳокими шаҳри Тошканд Санҷар Тоҷиев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳамзамон муовини ҳокими шаҳри Тошканд пешниҳод кард, ки онҳо барои вусъати ҳамкорӣ омода ҳастанд ва мехоҳанд бо шаҳри Хуҷанд низ робитаи дӯстӣ барқарор намуда, бо марказҳои сайёҳии он шинос шаванд. Дар ин самт ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва зиёд кардани теъдоди сайёҳон ба шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе изҳори назар карданд.