Дар Вазорати тандурустӣ буридани дасти тифли думоҳаро дар Тошканд шарҳ доданд

Кӯдак 9-уми декабр бо шикоят аз баландшавии ҳарорат, сулфа ва душвории нафаскашӣ ба беморхонаи клиникии шаҳрии кӯдаконаи №1-и Тошканд оварда шуд.

Пас аз муоинаи аввалия, табибон ташхиси "илтиҳоби шуш" гузоштанд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба шуъбаи навзодон бистарӣ карданд.

Таҳқиқоти иловагӣ нишон доданд, ки мушкилиҳо, аз ҷумла сепсис, нуқсонҳои модарзодии дил ва норасоии нафаскашӣ пайдо шудаанд. Дар ҷараёни табобат кӯдак ба тромбоэмболия ва норасоии шадиди гардиши хун гирифтор шуд, ки ампутатсияи фаврии ҳар ду даст бо розигии волидонро тақозо гардид.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ин ҳолатро таҳти назорат гирифта, барои муайян кардани тамоми паҳлуҳои ҳодиса тафтишоти хидматӣ  гузаронида мешавад. Чунон ки интизор меравад, маълумоти иловагӣ пас аз анҷоми тафтишот нашр хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: