Ба гуфтаи портали ҷаҳонии «BBC Travel», Ӯзбекистон ба рӯйхати 25 макони беҳтарин барои саёҳат дар соли 2025 ворид шудааст.
Дар мавод қайд шудааст, ки сайёҳӣ қисми муҳими стратегияи Ӯзбекистон барои ҳифзи анъанаҳои нодир ва мероси фарҳангии худ мебошад. Дар кишвар инфрасохтор фаъолона рушд меёбад: меҳмонхонаҳои нав, хатсайрҳои баландсуръати роҳи оҳан, парвозҳои дохилӣ ва тамошобоби фарҳангии таҷдидшуда имкониятҳои беҳамтоеро барои сайёҳон эҷод мекунанд. Ҳамаи ин ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуда, сайёҳонро ҷалб менамояд, ки сарвати беканори таърихӣ ва фарҳангии Ӯзбекистонро кашф кунанд.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони беш аз 90 кишвар, аз ҷумла Британияи Кабир, Канада ва Австралия метавонанд бе раводид ба Ӯзбекистон сафар кунанд, ки ин саёҳатро хеле осон намуда, имкониятҳои навро барои сайёҳон мекушояд.
Ғайр аз ин, гузаштани сарҳад бо кишварҳои ҳамсоя хеле осон шудааст. Дар моҳи ноябри соли 2024 аввалин хатсайри байналмилалии роҳи оҳани Silk Road Railway Tour, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистонро мепайвандад, ба кор даромад. Ин хатсайри қулай ба сайёҳон имкон медиҳад, ки осонӣ ҷойҳои тамошобоби беназири таърихӣ ва фарҳангии ҳар ду кишварро омӯхта, пайраҳаи Роҳи Бузурги Абрешимро пайгирӣ кунанд. Ин гуна саёҳат на танҳо ба фазои тиҷорат ва табодули қадима ғӯтавар мекунад, балки имкониятҳои нави табодули фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ дар минтақаро фароҳам меорад, — ҷамъбаст кардааст «BBC Travel».
Дар рӯйхат инчунин чунин кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Канада, Ҷопон, Италия, Австралия, Марокаш, Англия ва дигарон шомил шудаанд.