Бино ба таҳлили комиссияи махсуси ташкилоти байналхалқии фурудгоҳҳои Аврупо World Airport Awards фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд аз рӯйи нишондодҳои соли 2024 ғолиб эътироф гардид.
Боиси хушнудист, ки соли гузашта фурудгоҳ ба 1,38 миллион нафар мусофир хидмати шоиста расонд, ки нисбати соли 2023 37 фоиз зиёд аст. Ҷаҳиши баланд дар моҳҳои феврал (59 фоиз), апрел-май (60 фоиз)-ро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи хидматрасониҳои босифат дар хатсайрҳои Самарқанд–Маскав, Самарқанд–Истанбул, Самарқанд–Санкт-Петербург ва Абу-Дабиву Ҷидда шумораи мусофирон афзуд.
Ҳоло аэропорти Самарқанд 23 хатсайри байналхалқӣ дорад. Ҷамоаи аҳлу тифоқ нақша доранд, ки дар соли нав ҳамкориҳои дуҷонибаро бо мамлакатҳои араб, Аврупо ва Осиё густариш диҳанд.
Зоҳир Ҳасанзода.
Вилояти Самарқанд.