Монографияи корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба номи А.Берунӣ, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов «Тариқати Хоҷагон – нақшбандия ва «Ҳафт пир»-ро нашриёти «Мавло»-и Теҳрон ба забони форсӣ аз нашр баровард.
Монографияи корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба номи А.Берунӣ, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов оид ба таърих, таълимот, тариқати хоҷагон – Нақшбандия ва ҳаёту фаъолияти асосгузорони ин тариқат – «Ҳафт пир», инчунин ифодакунандаи тадқиқоти олим – «Тариқати Хоҷагон – нақшбандия ва «Ҳафт пир»-ро нашриёти «Мавло»-и Теҳрон ба забони форсӣ аз нашр баровард.
Ба вуҷуди он ки таърихшинос, адабиётшинос, диншинос ва тасаввуфшиносони Эрон бобати омӯхтани тариқати Хоҷагон – Нақшбандия корҳои муайяни тадқиқотӣ ба сомон расонда бошанд ҳам, то ҳол дар Эрон оид ба таърих, таълимот ва намояндагони он пажӯҳиши начандон мукаммал ба табъ расида буд. Бинобар ин шубҳае нест, ки асари олими тасаввуфшиноси ӯзбекистонӣ ба забони форсӣ барои китобхонон, тадқиқотчиёни Эрон, Афғонистон, Покистон ва мамлакатҳои дигар бобати омӯхтани тариқати Хоҷагон – Нақшбандия чун сарчашмаи муҳим хидмат мекунад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки асари номбурдаи К. Раҳимов ба ғайр аз Эрон дар Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯрдун низ интишор ёфтааст.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.