ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ – МАНБАИ ДАРОМАДИ ИЛОВАГӢ

Оилаи Рӯзимаматовҳо, ки дар маҳаллаи Кӯлчовдури ноҳияи Олоти вилояти Бухоро умр ба сар мебаранд, дар замини наздиҳавлигии худ гармхона барпо намуда, дар чаҳор фасли сол бо деҳқонӣ шуғл меварзанд.

– Дар гармхона барои парвариши сабзавот шароит хеле қулай, – мегӯяд яке аз коргари ин оила Норгул Қурбонова. – Зиёда аз чор сол аст, ки бо аъзоёни оилаамон ин ҷо бо парвариши помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва пиёзу кабудиҳо машғулем. Замини наздиҳавлигӣ ризқу рӯзӣ, манбаи даромади иловагӣ мебошад. Соли гузашта 250 миллион сӯмина маҳсулот ба фурӯш баровардем.

Дар гармхонаи Рӯзимаматовҳо таҷрибаи соле 3 бор ҳосил гирифтан ҷорӣ шудааст. Зеро фаровонии ҳаёт, файзу баракаи дасторхони онҳо ба туфайли ин замин мебошад.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: