ШОҲИМАРДОН БА ШАҲРИСТОНИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров якҷо бо роҳбарони секторҳо ба минтақаи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона ташриф овард ва бо рафти корҳои сохтмони иншооте ошно шуд, ки дар канори манзараҳои хушбоду ҳаво, водиҳои сарсабзу хуррам ва кӯҳҳои сар ба фалаки он бунёд мегарданд.

Ҳоло дар осорхонаи ёдгории он корҳои таъмиру тармим бо суръат идома дорад. Ҳоким дастур дод, ки дастандаркорони осорхона барои афзоиши теъдоди экспонатҳои он чораҷӯӣ кунанд. Инчунин корҳои сохтмони амфитеатр, ки барои 1 ҳазору 600 ҷой сохта мешавад, беш аз пеш вусъат пайдо кардааст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани амфитеатр барои роҳандозии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳоким тақозо кард, ки лоиҳаи бозсозии маркази деҳаи Шоҳимардонро дар асоси талаботи меъмории замон таҳия намоянд ва ба кабудизоркунии маҳалла, зиёд намудани шумораи муассисаҳои фароғатӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Деҳаи Шоҳимардон, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи вилояти Боткенти Қирғизистон қарор дорад, бо табиати афсонавӣ, оби чашмаҳои мусаффо, рӯди шӯх ва кӯлҳояш дар вилоят ва берун аз он маъруфу машҳур гаштааст. Онро мардум беҳуда «Швейтсарияи Ӯзбекистон» унвон накардаанд.

– Ҳоло деҳаи Шоҳимардон ба шаҳристони замонавӣ табдил меёбад. Кӣ гумон мекард, ки ин минтақаи дуру дастнорас ва як замон мушкилгузар бо мурури замон чунин намои нав касб карда, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони зиёд қарор мегирад. Ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон ва фароҳам овардани шароити корӣ барои соҳибкороне мебошад, ки даҳсолаҳо наметавонистанд бо маблағи худ сохтмони иншооти гуногунро ба роҳ андозанд, – мегӯяд яке аз истироҳаткунандагон, ки худро Абдувоҳид Мансуров муаррифӣ намуд.

Аз гуфтаи ӯ ҳувайдост, ки ин минтақаи босафо дар чаҳор фасли сол аз истироҳаткунандагон лабрез мебошад. Баъзеҳо фасли зимистон ба ин ҷо меоянд ва барфи сап-сафедро дида лаззат мебаранд. А. Мансуров мегӯяд, мисли вай одамони синну соли гуногун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин ҷо ҳам барои истироҳат ва ҳам барои табобат меоянд. Вай аз муштариёни ҳамешагии ин табиат мебошад.

Шилдироси ду рӯди кӯҳӣ, ки дар маркази деҳа ба ҳам пайваста, бо номи Оқсув рӯ ба ҷониби маркази маъмурии ноҳияи Фарғона – шаҳристони Водил ҷорӣ мешавад, асабҳоро ором ва табъро болида месозад. Оби яке аз ин ду рӯд, ки онро Кӯксув меноманд, хеле софу шаффоф аст. Баъди пайвастани он бо рӯди Оқсув шаффофии худро аз даст медиҳад, аммо таъму маззаи он ҳаргиз тағйир намеёбад.

Дарвоқеъ, бо талоши ҳокимияти вилоят дар ин ҷо иншооти зиёд бунёд мегарданд, ки дар баробари истироҳаткунандагон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷиро низ таъмин хоҳанд кард. Ташрифи бемонеъаи меҳмонон ва убуру мурур аз тариқи посгоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Қирғизистон хеле сода шудааст.

Посгоҳҳои марзии Водил – Қадамҷо шабу рӯз фаъол аст ва равуокунандагон вақти дилхоҳ метавонанд худро аз як манзил ба манзили дигар расонанд. Ин ҳолат мусоидат хоҳад кард, ки Шоҳимардон ба ҳайси яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар аз мамолики дигар низ сайёҳонро ба канори худ ҷалб намояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: