ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ – БАРОИ ҚАДРИ ИНСОН

Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар табрики идонаи худ ба кормандони соҳаи тандурустӣ барҳақ таъкид кард, ки «Саломатии халқу миллат – сарвати бебаҳои ҷомеа. Дар ҷойе, ки сулҳу саломатӣ пойдор аст, албатта пешравӣ ва дигаргунӣ, зиндагии хушбахтонаву фаровон хоҳад буд».

Маҳз бо ҳамин мақсад, яъне барои беҳсозии сифати хидматрасонии тиббӣ, ба соҳаи раиятпарвар табдил додани ин сохтор ва ноил гардидан ба ризомандии мардум, чун дар дигар соҳаҳо, дар бахши тандурустӣ низ ислоҳоти густурда амалӣ гардида, дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Аз ҷумла, ба шарофати чанд баробар зиёд шудани маблағе, ки аз буҷет ҷудо мегардад ва боз шудани роҳи васеъ баҳри рушди сектори хусусӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва салоҳияти кадрҳои соҳа таҳким ёфт. Доираи хидматҳо васеъ гардида, муҳити солими рақобат ба вуҷуд омад ва сифату самарабахшии корҳо афзуд. Ҳамзамон, музди меҳнати кормандони соҳа зиёд ва механизмҳои нави ҳавасманд кардани онҳо роҳандозӣ гардид.

24 декабри соли 2024 машварати назди Президент бахшида ба баррасии корҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва мушаххас кардани вазифаҳои аввалиндараҷа барои соли 2025 доир гардид. Дар ин ҷамъомад низ масъалаи зиёд кардани миқдори музди маоши вазифавии кормандони тиб ба миён гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 41 триллион сӯм ҷудо хоҳад шуд. Бо ин маблағ беморхонаҳои нав сохта ва муҷаҳҳаз карда мешаванд, иқтидорҳои мавҷуда вусъат меёбанд ва фарогирӣ бинобар назорати профилактикӣ зиёд мегардад.

Инчунин, маоши вазифавии кормандони тиб зиёд гардида, тартиби пардохти иловапулӣ дар асоси нишондиҳандаҳои самаранокии кори шифокорони оилавӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар лоиҳаи Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар соли 2025 – «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» ва тасдиқи он» низ аз рӯйи ба марҳилаи нави рушд баровардани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ як қатор ташаббусҳои муҳим ба муҳокима гузошта шудаанд.

Бахусус, дар доираи самти «Фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳар як инсон ҷиҳати намоён кардани иқтидори худ» аз соли 2025 роҳандозии низоми самарабахши ёрии тиббӣ-санитарии ибтидоӣ ба аҳолӣ дар поликлиникаҳои оилавии тиббӣ, бунгоҳҳои шифокории оилавӣ ва нуқтаҳои тиббии маҳаллаҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, масъалаҳои роҳандозии технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тиб, бақайдгирии давлатии фаъолияти кормандони тиб ва дорусозӣ, чун поликлиникаи ташхисии машваратии шифохонаҳои марказӣ ташкил кардани фаъолияти поликлиникаҳои марказии бисёрсоҳа, инчунин, таъсиси лабораторияҳои марказонидашуда, дар асоси аутсоринг ба бахши хусусӣ гузаронидани хидмати стоматология, пурра дар шакли электронӣ ба роҳ мондани навбати қабули шифокорон ва ғайра ба миён гузошта шудаанд.

Дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ масъалаи ҳавасманд кардани кормандони соҳаи тиб низ оварда шудааст. Тибқи он аз соли равон ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки самаранок кор мебаранд, таъин намудани мукофотпулиҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо ин мақсад таҳияи нишондиҳандаҳои баҳодиҳии самаранокии меҳнати кормандони соҳаи тиб ва дар асоси он ба моҳонаи кормандоне, ки ба самаранокӣ ноил мегарданд, ҳамроҳ кардани иловапулӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки роҳандозии чунин механизми нави рағбатноксозӣ, пеш аз ҳама барои беҳтар гардидани сифати хидмати тиббӣ мусоидат мекунад. Инчунин, масъулият ва самарадории кори шифокорон меафзояд. Кормандони соҳа барои босифат ва саривақтӣ иҷро кардани вазифаҳои худ ҳаракат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, роҳбарони муассисаҳои табобатӣ метавонанд тавассути нишондиҳандаҳои онҳо фаъолияти кормандони худро назорат кунанд ва ба таври шоиста ҳавасманд намоянд.

Дар ҳақиқат, соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим ва устувори тараққиёти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин соҳа мавриди таваҷҷуҳи доимии ҳукумат қарор дорад ва дар меҳвари тамоми ислоҳоте, ки дар ин бахш татбиқ мешаванд, чанд ҳадафи мушаххас, аз ҷумла арҷ гузоштан ба қадри инсон, афзунсозии боварии мардум ба хидматҳои тиббӣ ва таъмини ризомандии аҳолӣ аз сифати кори шифокорон қарор дорад.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: