Бо фармони Президенти Ӯзбекистон Эркинҷон Оқбутаевич Турдимов иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сирдарё таъйин шуд.
Дар ин бора котиби матбуоти сарвари давлат Шерзод Асадов хабар дод.
Эркинҷон Турдимов аз моҳи июли соли 2018 то охири моҳи ноябри соли 2024 ба вилояти Самарқанд роҳбарӣ мекард.
Ҳокими пешинаи вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев ҳафтаи гузашта бинобар камбудиҳои ҷиддӣ дар ҷалби сармоягузорӣ ва рушди кишоварзӣ дар минтақа аз вазифа озод карда шуд.