Ёвари Президент Саида Мирзиёева бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон Тойво Клаар мулоқот карда, масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши «ИА – Осиёи Марказӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Тарафҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоише, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, муҳокима карданд.
«Ҷаноби Клаар омодагии худро барои дастгирии ислоҳоти мо, ки ба ҳимояи ҳуқуқии занон ва густариши имкониятҳои иқтисодии онҳо нигаронида шудаанд, изҳор намуд», – гуфт Мирзиёева.
Сафири ИА инчунин аз муносибати эҳтиёткоронаи Ӯзбекистон ба таърихи ғании худ, ки бояд ҳамчун манбаи ифтихор хидмат кунад ва ба таҳкими айнияти миллии кишвар мусоидат намояд, тавсиф кард.