Даҳсолаҳо пеш омаду рафт ба пойтахт хеле кам буд. Ба рӯйхати шаҳр мондан ҳам мушкилиҳо дошт. Аз деҳа хешу табор, наздикон ва дигар ҳамдеҳаҳо бо баҳонаи беморӣ, бозор ва дигар кору бори зиндагӣ ба шаҳр омада, меҳмони хонадони мо мешуданд.
Онҳоро ба фарзандон «амакат», «тағоят», «аммаат», «холаат» гуфта шинос мекардем, ки ин дар дили кучаки онҳо меҳру муҳаббат, иззату ҳурмати якдигарро бедор мекард.
Рӯзе бо ҳамсоязани куҳансол оиди ҳамин мавзӯъ суҳбат кардем. Вай гуфт: «Боре хонаи духтарам хабаргирӣ рафтам. Дарро набераам кушод. Баъди ҳолпурсӣ модарашро пурсидам. «Бо меҳмон баромада рафтанд», – ҷавоб дод ӯ.
– Меҳмон кӣ буд? Аз куҷо омадааст?
– Намедонам, омаданашро ду-се рӯз шуд, – бепарвоёна гуфт набераам.
Баъд аз фурсате духтараму меҳмонаш омаданд. Меҳмон хоҳари бобояш, яъне аммааш будааст. Ҳол он ки дар китобҳо ибораи «Инсон бояд ҳафт пушташро донад», таъкид ёфтааст. Духтарамро коҳиш додам, ки ту бояд хешу табор, наздикон ва ҳатто ҳақу ҳамсояро ба фарзандонат шинос намоӣ.
Ҳамсоязан дуруст мегӯяд. Солҳои охир дар ҷамъияти мо низ, чун ҳаёти ғарбиён, нашинохтани хешу ақрабову наздикон ва ба онҳо бепарвоӣ зоҳир намудан, ба фикрам, ба назар бештар мерасанд. Инсон дар оила таваллуд меёбад. Оила қалъаи хурд, вале муҳимтарини ҷомеа, зану шавҳар, фарзандон, дигар аъзоён ва молу мулкро муттаҳид месозад. Бесабаб аллома Абӯалӣ Сино ҳанӯз дар замони худ ба хотири мақоми бузурги оила дар ҷомеа асари махсусе бо номи «Рисолаи тадбири манзил» нанавиштааст. Оила, аҳли хонавода, хусусан, падару модар, бобову модаркалон барои ҳар як фард бисёр азизу муътабар ҳастанд. Падару модар сабабгори ҳастии фарзандонанд. Доир ба шинохту ҳурмати модару падар дар додааст, «Қобуснома», «Кимиёи саодат», «Футувватномаи султонӣ», «Одоб-ул-асҳоб» ва ғайра фикрҳои пурқимат ифода ёфтаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
– Тибқи арзишҳои ахлоқию маънавӣ ҳар як фард бо падару модараш бояд муомилаи хуб кунад. Падару модар агар дарахт бошанд, фарзанди хуб монанди меваи он аст. Ҳарчи бештар дарахтро парвариш кунед, меваҳои он ҳамон андоза ширинтар мешаванд. Ба ин маънӣ Бадриддини Ҳилолӣ фармудааст:
Ҳар шох ба мева карда пайванд,
Ҳамчун падарон ба васли фарзанд.
Бузургон насиҳат кардаанд, ки фарзанд ба падару модараш ҳамеша бояд ғамхор бошад, онҳоро парастор ва роҳатрасон бошад, – мегӯяд ҳангоми суҳбат ҷонишини директор оид ба маънавият ва маърифати мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нурато Абдураҳмон Ғаффоров. – Фарзанд шабҳои бехобӣ, заҳмату машаққат ва он шири сафедро, ки модар ба ӯ додаст, набояд фаромӯш созад. Парвариши фарзанд заҳмату машаққати бағоят вазнин ва мураккабест, маҳз бо шарофати муҳаббати модарона анҷом мепазирад. Беҳуда нест, ки дар миллати мо бо номи муқаддастарин касон, аз ҷумла бо номи модар ва шири сафеди ӯ савганд ёд мекунанд ва ҳаргиз чунин савгандро намешикананд.
Фарзанд нисбат ба волидон ҳамеша бояд хушмуомила бошад, ба онҳо итоат ва лутфу марҳамат кунад. Дар китобҳои ниёгони мо зикр шудааст, ки хидмат, ғамхориву накукории фарзанд нисбат ба падару модар бартар аз намоз, садақа, рӯзагирӣ, адои ҳаҷ мебошад. Бузургон даъват кардаанд, ки ба волидонатон некӣ кунед, то ки фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд. Фарзанд, хусусан, ҳангоми пирии волидон бояд ба онҳо бештар таваҷҷуҳу ғамхорӣ, раҳму шафқат ва муҳаббат зоҳир кунад ва онҳоро бо нафақа таъмин созад. Ҳамеша бо чеҳраи кушод, самимияту меҳрубонӣ муносибат кунад, барои осоиш ва хотирҷамъии онҳо заминаву шароити мусоидро фароҳам оварад. Ба ин маънӣ Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» фармудааст: «Падару модар мавриди эҳсону шукранд, пас, агар писар барои нафақаи модар ба пешаву ҳирфа гардан намениҳад, писар осиму осист (гунаҳгор аст)». Чунин пандҳои бузургонро дар ҳар як дарс омӯзгорон ба хонандагон бояд ёдрас намоянд, чунки хонандаи имрӯз аз одоби муошират торафт дур рафта истодааст.
Дар фарҳангу ахлоқи ниёгон қоидаҳоест, ки аз худ кардан ва амалӣ сохтани онҳо барои ҳар як фарзанд ҳатмӣ мебошад: ҳурмати волидонро аз ҳама зарур бояд донист; барои молу чизи дунё ба онҳо набояд сахтӣ, чашмтангӣ кард; аз хидмате, ки барояшон мекунад, набояд миннат кунад; ба рӯйи падару модар давидан, яъне дағалию бадрафторӣ кардан, қатъиян манъ аст; чун фарзандро ба наздашон хонанд, бояд зуд ҳозир шавад; супоришҳояшонро ҳатман бояд иҷро кард; ба онҳо, ё дар наздашон бо каси дигар бо овози баланд сухан набояд кард; бе иҷозати онҳо набояд ба ҷое рафт; ҳангоми мулоқот бо онҳо набояд рӯйро турш, ё дарҳам кашид; ҳамеша аз пайи хушнудии онҳо бояд шуд; бо онҳо пайваста бо эҳсон ва дар хидмат мебояд буд...
«Қадри бобо он замон донӣ, ки худ бобо шавӣ...»
Дар оила ғайри падару модар, ки шахсони аз ҳама азизанд, дигар аҳли хонадон низ пушту паноҳ ва такягоҳи ҳар як инсон мебошанд. Аҳли хонавода яке аз дигаре ибрат мегирад, яке дигареро дастгирӣ, ҳамдамӣ мекунад. Хоссатан, ҳастии бобову модаркалон дар оила неъмати бузург аст. Онҳо таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва маънавӣ дошта, дар бунёди оила, таълиму тарбияи аъзои он хидмати шоиста доранд. Онҳо фарзандонашонро дӯст медоранд, вале меҳру муҳаббаташон ба наберагон боз афзунтар буда, бо ҳазор лафзи ширину гуворо онҳоро навозишу ситоиш ва таълиму тарбия мекунанд. Мақоли халқ аст, ки «Қадри бобо он замон донӣ, ки худ бобо шавӣ».
Иззату эҳтироми бобову модаркалон махсус аст. Ҳамчун ҳурмате, ки фарзанд ба падару модар дорад, нисбат ба бобову модаркалон низ онро самимӣ бояд ба ҷо овард.
Бо хоҳару бародарони хурдсол бо навозишу меҳрубонӣ, бо ҳурмату иззат муносибат бояд кард. Агар дар оила баъзе аз хешовандон бо сабабе ҳамроҳ, чун узви оила зиндагӣ мекарда бошанд, ба онҳо бо эҳтиёту бомулоҳиза бояд сухан гуфт ва муомила кард. Дар назди онҳо ҳар гуна сухан, ё дар мавзӯи маош, дахлу харҷи рӯзгор суҳбат кардан, ё байни хоҳарҳову додарҳо беодобӣ, хархаша аз рӯйи одоб ва шарти меҳмоннавозӣ нест.
Тибқи суннатҳои миллӣ баъд аз вафоти падару модар бародари калониро чун падар, хоҳари калониро чун модар ҳурмат мекунанд. Дар ҳалли ҳар масъалаи ҳаётӣ ва мураккабе, ки дар зиндагӣ пеш меояд, бо онҳо маслиҳат мекунанд.
«Силаи раҳм»
– Ҳар шахс аз ҷониби ҳам модар ва ҳам падар хешу ақрабо дорад. Бисёр будани пайвандон давлати бузург. Зиндагӣ пастиву баландӣ, мушкилоти зиёде дорад. Хешовандон ҳам дар рӯзи хурсандӣ ва ҳам дар лаҳзаҳои вазнинӣ якдигарро ҳамроҳиву ҳамдилӣ мекунанд. Бо онҳо рафтуомад, иззату эҳтиромашонро ба ҷо овардан зарур ва муҳим аст. Дар китобҳои ахлоқӣ доир ба мавзӯи муошират бо хешовандон, ки бо истилоҳи «силаи раҳм» омадааст, эътибори зиёд дода шудааст. Ҳар як фард нисбати онҳое, ки робитаи хунӣ ва хешутаборӣ дорад, бояд эҳтиром ва муҳаббати хосса дошта бошад. Вай бояд аз ҳоли онҳо бохабар бошад, бо онҳо рафтуомад кунад, кӯшиш кунад, ки алоқаҳоро бо онҳо пурзӯр гардонад. Агар касе молеву сарвате ёбад, аз он хешовандонро низ баҳраманд созад, ин амали хуб ва солеҳ ҳисоб меёбад, – мегӯяд фаъоли маҳалла Сиёвуш Расулов, ки дар танзими тӯй, таъзия ва дигар маъракаҳои деҳааш Эҷ ҳисса мегузорад. – Аз хешовандон иззату икром ва инъомро набояд дареғ дошт. Дар ривоятҳо омадааст: ҳангоме ки силаи раҳм ё ҳурмату эҳтироми хешовандӣ дар ҷомеа аз миён меравад, дар байни мардум раҳму шафқат суст мешавад ва бо хешовандон муошират накунанд, молу сарват ба дасти одамони бад хоҳад афтид.
– Тибқи суннатҳои миллӣ муоширати пайваста бо хешон сабаби сиҳатмандӣ ва дарозумрӣ низ мешавад. Се сол пеш ба бемории вазнине дучор шудам. Баробари доруву дармони табибон, хабаргириву ҳолпурсӣ ва дастгирии пайвандон ин бемориро рафъ намудам.
Бинобар он мебояд робитаи хешу табориро барқарор ва таҳким бахшид. Масалан, ба воситаи сухани ширин, некиву накӯкорӣ, дилёбӣ, хайру эҳсон, вохӯриҳои писандида ва амсоли онҳо. Бо онҳо ҳамеша меҳру муҳаббат бояд варзид, ҳаргиз ба озору ранҷиши онҳо роҳ нагузошт, – мегӯяд зани пурдида Мунаввара Худойназарова.
Қоидаҳои мушаххаси одоби муошират бо хешу ақрабо низ маъмул аст, ки аз ҷумла инҳо мебошанд: бо хешон робитаи дӯстиро бояд ба роҳ монд, ки ин умри касро дароз хоҳад кард; бо молу чиз ба онҳо кумак бояд кард; бо хурсандии онҳо шод, бо ғамашон ғамгин бояд шуд; дар вақти зарурӣ онҳоро дастгирӣ бояд кард; агар онҳо бадӣ кунанд ҳам, бо некӣ ҷавоб бояд дод; ба молу чизи онҳо тамаъ кардан нашояд.
Фаридуддини Аттор дар «Панднома»-худ дар баёни аҳамияти силаи раҳм фармудааст:
Рав ба пурсидан бари хешони хеш,
То ки гардад муддати умри ту беш.
Ҳар кӣ гардонад зи хешованд рӯй,
Бегумон нуқсон пазирад умри ӯй.
Ҳар кӣ ӯ аз хеши худ бегона шуд,
Номаш аз рӯйи бадӣ афсона шуд...
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».