Маълум, ки вазифаи муҳимтарини меъморӣ бунёди муҳити муносиб барои зиндагии хушҳолона ба сар бурдани инсон аст. Албатта, барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаву хиёбон, маданию маърифатӣ лоиҳаи эъҷозофарини меъморон лозим.
Боиси ифтихор аст, ки меъмории мо таърихи бой ва хеле қадима дошта, меъморони мо дар давоми қарнҳои гузашта намунаҳои нодири ёдгориҳои таърихӣ офаридаанд, ки бо зебоӣ, шукӯҳу салобат, ороиши бой ва нафису бетакрорӣ ҷолиби диққатанд. Аксари онҳо беҳтарин намунаҳои ҳунару маҳорати волои аҷдодони мо – кандакорӣ, наққошӣ, хаттотӣ, гаҷкорӣ, чӯбкорӣ мебошанд, ки бо ҳашамату назокат хосатан сайёҳони хориҷиро дар ҳайрат мегузоранд.
Бо салоҳдиди сарвари давлатамон Самарқанд ба маркази сайёҳӣ ва анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ табдил ёфт. Бинобар ҳамин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди иншоотҳои хушсохти зебову замонавӣ, кӯчаву хиёбонҳои дилнишин дар авҷ аст. Аммо ба корҳои ободонӣ меъморони соҳибтаҷрибаву баландихтисос лозим. Бо ҳамин мақсад бо қарори Президент собиқ Донишкадаи меъморӣ ва сохтмони Самарқанд ба донишгоҳ табдил гардид. Мо бо ҷонишини нахустини ректор оиди кор бо ҷавонон ва маънавияту маърифат Шерзод УзоҚов дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои ба замона хос суҳбат кардем.
– Донишгоҳи мо ҳамчун узви таркибии меъморӣ дар ҷараёни тараққиёти бештар аз нимасраи худ аз анъанаҳои беҳтарини миллӣ, комёбиҳои барҷастаи ҷаҳонӣ ва аҷдодон баҳравар шуда, дар таҳия ва лоиҳакашии навсозии Самарқанд саҳми арзанда гузошт ва ин анъана идома меёбад, – гуфт Шерзод Ҳамидович, – ҳусни биноҳое, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Самарқанд қад афрохтаанд, зебу зиннат ва комёбиҳои санъати меъморист.
Боиси хушнудист, ки баъди ба истиқлол расидани Ӯзбекистон, хосатан 6-7 соли охир ёдгориҳои таърихӣ, майдону атрофи онҳо пас аз таъмиру тармим чун мӯъҷизаи ноёб тағйир ёфтанд. Бо ташаббус ва маслиҳати роҳбари давлатамон дар майдони Регистон, зиёратгоҳи Дониёр пайғамбар, расадхонаи Мирзо Улуғбек, маҷмӯаҳои Шоҳи Зинда, Бибихонум, Нодир Девонбегӣ корҳои ободонӣ дар савияи баланд ба итмом расид.
Маркази сайёҳии «Шаҳри абадӣ» дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар тадбирҳо аз Тошканд ба Самарқанд кӯчид.
Маълум аст, ки бисёр масъалаҳо ба кӯча ва рафтуомади бехатару қулай вобаста аст. Бинобар ҳамин шоҳроҳ ва кӯчаҳои Спитамен, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мирзо Улуғбек, Даҳбед, Берунӣ васеъ, ҳамвор, мумфарш, шабона чароғон ва аз ҳама муҳимаш, барои ҳаракати нақлиёту пиёдагард бехатар шуд. Қариб 15 ҳазор бинои ба талаби меъморӣ ҷавобнадиҳанда таъмир ёки аз нав бунёд гардиданд. Аксарияти лоиҳаҳои иншоотҳои миллӣ, хушсохт ва замонавии шаҳрамон аз ҷониби хатмкунандагону ҷамоаи мо таҳия гаштааст, ки лоиқи таҳсин аст.
– Шерзод Ҳамидович, дар шаҳраки Қаросув, кӯчаҳои Рӯдакӣ, Даҳбед ва ғайра биноҳои бисёрқабата барои истиқомати аҳолӣ қад афрохтаанд, ки чун қуттии гӯгирди болои ҳам гузошташуда якранг, қолабӣ асту халос. Ягон гуна меъмории миллӣ, нақшу нигорҳои ҷолиби диққат надоранд.
– Ба мушоҳидаи дақиқназаронаи шумо ҳамфикр ҳастам. Ба андешаи ман, идораи шаҳрсозӣ, меъморони бефарқ, тадбиркорони гирифтори ҳирси мол дар ин гунаҳкоранд.
Хабардор ҳастед, ки Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик эҳёи ба худ хосеро аз сар гузаронида, дар ҳамон айём масҷиду мадраса, тиму мақбараҳо бунёд шудаанд, ки дорои ороишоти бой, гунбазу манораҳои бошукӯҳ ва кандакорию нақшу нигори беназир будаанд, ки ҳоло ифтихори халқи мост.
Аммо истифодаи оҳану бетон, конструксияҳои гуногуни металлӣ, пластмасса, шиша боиси такомули меъморӣ, сохтани биноҳои бисёрқабата афзуда, як қатор услубу ҷараёнҳои навро ба миён оварданд. Бунёди манзилҳои зисти якхела, қолабӣ авҷ гирифт. Меъморон аз якдигар андоза гирифта, дар шаҳру ноҳияҳо иншоотҳои ба якдигар монандро ба сохтан пардохтанд. Ба масъалаи сифату меъёри масолеҳи бинокорӣ чизе гуфтан душвор.
– Хӯш, дар зиммаи шумо чӣ корҳо ҳаст?
– Тарбияи насли наврас дар рӯҳи маънавият. Рушди инсоният ба се зина – забон, тафаккур ва маънавият асос меёбад. Одам аз давраи ибтидоӣ маҳз бо ҳамин унсурҳо аз дигар ҷонзот куллан фарқ мекунад. Воқеан қариб се ҳазор сол аввал дар китоби муқаддаси «Авесто» ибораи «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» сабт шудааст, ки даъват ба фазилатҳои неки инсонӣ аст. Доктори фанҳои сиёсӣ, профессор Нарзулло Ҷӯраев дар асари худ «Маънавият – сарчашмаи қалби инсон» чунин менависад: «Маънавият – гултоҷи ҳаёти инсон. Маънавият қудратест, ки инсонро аз хурофот, ҷаҳолат нигоҳ медорад, зебоии инсонро дар худ ифода мекунад. Сарчашмаи ҳаётест, ки онро серҷило, сермазмун месозад».
Воқеан, боз як омили муҳим – фарҳангро ба пояи баланд бардоштан, дар ҷавонон бедор кардани муҳаббат ба китоб, илму дониш ва фарҳанг аст. Мо барои дар толибилмон бедор кардани завқи мутолиа клуби «Китобхони ҷавон»-ро ташкил кардем. Аъзои клуб дар тадбирҳои худ рӯнамоии асарҳои тозанашри шоиру нависандагон, шаби адабӣ, саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ гузаронда, фаъолон аз ҷониби ректорат бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Аз сабаби он, ки донишгоҳи мо ба номи мунаҷҷим, олими коинот Мирзо Улуғбек аст, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ гузаронидани викторина, саволу ҷавобҳо ба анъана табдил ёфта, ҳатто баъзе аз толибилмон шеъру ҳикояҳо эҷод мекунанд.
Боз як рӯҳбаландсозӣ, ройгон роҳхат додан ба аълохону пешқадамон ба хориҷ аст. Онҳо ҳангоми саёҳат, ба қавле, бо як тир ду нишон мезананд. Ғайр аз тамошо дар мактабҳои олии он кишварҳо бо ҳамсолони худ вохӯрӣ карда, хислату кордорӣ ва аз вақт чӣ тавр пурсамар истифода бурдани онҳоро меомӯзанд.
Инчунин, устодони мо дар асоси шартномаи тарафайн дар хориҷа такмили ихтисос мекунанд. Мақсад андозаҳои пешқадамро ба Самарқанд овардан аст. Дар омади гап таъкид кардан лозим, ки ректорамон Чинайхонум аз Туркия омада, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нуфузи донишгоҳи мо дар олам машҳур шавад. Ниҳоят роҳбари сахтгир, ҷиддӣ, серталаб, қолабшикан ҳастанд.
– Шерзод Ҳамидович, нақшаҳо дар соли 2025 аз чӣ иборатанд?
– Бо дасти пурэъҷози меъморон Самарқанди бостонӣ низ куллан тағйир ёфта, ниҳоят пурҷозиба, дилнишин ва ба яке аз шаҳрҳои зебои олам табдил меёбад. Тавассути рӯзномаи шумо мегӯям – марҳабо ба Самарқанди қандманд! Охир шунидан кай бувад, монанди дидан, гуфтаанд.
Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.