Хусусан, аз тоифаи ҷамъияте, ки набзи ҷаҳонро зери ангушт доранд, пӯшида нест, ки дар аср ва ҳазораи нави таърихи башарият дубора садди ҷудокунанда – девори ду (ё бештар аз он) қутби сиёсӣ зуҳур карда, мамлакатҳои ҷаҳонро ба ихтилофи гурӯҳӣ ё худ бархӯрди манфиатҳои лагерҳои ба ҳам зид мекашанд.
Барои содатар гардидани фаҳми ин масъала аз гузаштаи начандон дур мисол мегирем, зеро дар он вақт ҷамъияти ҳоло синнашон аз 40-50 боло зиндагии бошуурона доштааст. Дар он замон ин ду қутби ба ҳам номуросоро «лагери сотсиалистӣ» ва «лагери сармоядории капиталистӣ» ном мебурдем ва заминаҳои ихтилофи онҳо асосан аз сӯи тафоҳуми идеологӣ иборат буд ва «олами капиталистӣ» дар арсаи ҷаҳон худро чун «ҷаҳони озод» муаррифӣ мекард ва бо олами сотсиалистие, ки ба таъбирашон, бо «девори оҳанин» баста шуда буд, ба далели ихтилофи назарҳо дар ҷанбаи арзиши инсону озодии баён, ба ҳам сари созиш надоштанд.
Ҳоло-чӣ? Азбаски ҳоло беш аз сеяк аср аз сарнагун гардидани лагери сотсиалистӣ гузаштааст, боз чаро чунин ихтилофҳо вуҷуд дошта бошанд?
«Девори оҳанин» аз байн бардошта шуд, аммо бархурди манфиатҳо ва мубориза барои захира ва манбаъҳои энергетикиро касе бекор накардааст. Бинобар ин абарқудратҳое, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, чун меҳвар ва муҳаррики лагери сотсиалистӣ, худро ғолиби ҷанги сард шумурда, қариб ба яккаҳокимиятии худ дар ҷаҳон бовар карда, ба ин ғарра ҳам шуда буданд, дубора қомат рост кардани Русия, чун меросдори Иттиҳоди Шӯравӣ ва «бабри Осиё» дар шахси Чинро ҳоло чун хоби наҳс таъбир мекунанд.
Агарчи лагери сотсиалистӣ аз байн рафт, рақиби ҳамешагии он дар мисоли олами сармоядор, ки ба таъбири дигар кутоҳакак «Ғарб»-аш ҳам меномем, назари худ ва сиёсати султагарии худро нисбати мамолики ҷаҳони сеюм ё худ баъзе узви дирӯзаи олами сотсиалистӣ дигар накард ва чун ҳокими мутлақи ҷаҳон сиёсати то андозае пуртакаббур ва ҳавобаландонаи худро идома дод.
Ва ин то андозае боис мегардад, ки олами боқимондаи ҷаҳони имрӯз роҳи дигарро ҷӯяд, то ки дар якҷоягӣ ҳам аз истиқлоли худ дифоъ кунад ва ҳам дар танҳоӣ зери зарби таҳриму муҷозоти иқтисодиву сиёсӣ ва дасисаҳои молиявии олами сармоядории Ғарб камараш нашиканад.
То андозае чунин сиёсатҳои ноадолатонаи Ғарб таҳрик бахшид, ки дар нақшаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон ташкилотҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС ба вуҷуд оянд, ки ҳоло ин созмонҳо аз анҷуман то анҷуман сафи худро зиёд карда мераванд. Дар натиҷа абарқудрати асосӣ ИМА на танҳо чун иқтисодиёти аввали ҷаҳон аз ин мақом ба фоидаи Чин маҳрум гардид, саҳмаш дар ҷамъи маҳсулоти ҷаҳон аз 40 фоизи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба 15 фоизи имрӯз кам гардид.
Доллари амрикоӣ бошад, дар пасманзари қарзи давлатии мамлакат (қариб 36 трлн. доллар) ҳоло ҳамагӣ 58 фоизи пули захираи байналхалқиро ташкил менамояд. Дар ҳоле ки роҳбарони Ғарб сиёсатро аз иқтисодиёт афзал гузошта, қурбони иддаоҳои худ мегарданд, дар Шарқ, ё ба таъбири имрӯза бигӯем, олами ҷаҳони Ҷануб, ба шарофати сиёсати нарм ва бурдборонаи худ дар якҷоягӣ ба дастовардҳои технологӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд. Ҳиндустону Русияро мисол овардан кофист, ки мамлакатҳои сеюму чоруми иқтисодии ҷаҳон гардиданд ва Ҷопону Олмонро аз ин мақомҳо маҳрум сохтанд.
Ба хайр буд, агар иддаоҳои ҳокимияти Ғарб танҳо ба сиёсат ва иқтисодиёт тааллуқ гирад.
Фарҳанги ғарбӣ, ки бе ин ҳам аз фарҳанги мадании шарқӣ бо шӯру шараш фарқ дошт, дар солҳои охир таҷовузкортар ва беҳаётару ба маданияти инсонӣ бегонатар мегардад.
Гузашта аз ин, ин маданияти «пешқадам» ва «гуманистӣ» зери ниқоби озодии инсон ва ғояҳои демократӣ ба ҷамъияту кишварҳое экспорт карда мешаванд, ки ба тинати милливу фарҳангиашон бегона аст. Чӣ гуна аз кӯдакӣ дигар кардани ҷинс, иҷозати қонунии издивоҷи ҳамҷинсон, интихоби ҷинси сеюму чорум... метавонанд барои фарҳангҳои маданӣ ва инсонпарварона қобили қабул бошанд? Одами соҳиби ақлу тинати солим баъзан ба андеша меравад, ки ин дунё куҷо равон аст?!
Ҳатто дар олами Ғарб, ки ғолибан бино бар арзишҳои масеҳӣ зиндагӣ мекунад, ин «тренд»-ҳои маҳшарӣ бо зӯри сиёсат ва ҳароси аз даст надодани овози як идда аъзои ҷамъият таҳмил карда мешавад. Табиист, ки дар сафи аввали ин фарҳанги ҷоҳилгаро Амрико қарор дорад ва ҳар мамлакате, ки худро посдори «озодӣ» ва «демократия» мешуморад, ин сиёсатҳои бародари калони худро бе чунучаро бояд бипазирад ва дар паҳн кардани он дар «ҷаҳони озод» ба хотири пойдории демократия ҳамдастӣ намояд. Ҳоло, мисле ки «тарбузи онҳо аз бағалашон афтод». Чунки...
...Чунки Доналд Трамп омад. Ҳоло вай давраи дуюми президентии худро сар кард ва ҳанӯз дар давраи пешазинтихоботии худ ваъдаҳо дода буд, ки ғайр аз ҷинсҳои «мард» ва «зан» ҷинсҳои дигарро намешиносад, ҳеҷ ягон трансгендер (касе, ки бо роҳи амалиёт ҷинси худро дигар кардааст) дар қувваҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ хидмат нахоҳад кард ва ҳоказо.
Президенти наву кӯҳнаи Амрико Трамп то ҳол бисёр ҳарфҳои ғайримуқаррарӣ задааст ва эҳтимол на ҳамаи онҳо иҷрошуданист. Аммо арзишҳое, ки мову шумо новобаста аз мазҳабу миллату фарҳангамон қадр менамоему дар таърихи бошарият чун маданияти инсонӣ ва маънавияти аслӣ шинохта шудааст, бароямон азиз аст ва онро бояд ҳифз кунем.
Тоҷибой Икромов,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».