ВАТАНДОР ВА ҚАДРИ ВАТАН

Деҳаи моро оташ зада буданд, афсарон чун ҳайвони ваҳшӣ одамонро баъзан зинда месӯзониданд, занони ҳомиларо лагадкӯб мекарданд, ваҳшониятҳояшон ҳудуд надошт.

Ӯ шиносномаи қирмизиро пайваста мебӯсиду ба чашм мемолид ва ашкрезон мегуфт:

– Худоё, шукр, ки соҳиби шиноснома шудам.

– Паспорт гирифтан муваффақияти бузурге нест, магар бори аввал соҳиби шиноснома мегардӣ!? – бо ҳайрат китф барҳам кашид зани малламӯе, ки ин ҳолатро мушоҳида мекард.

– Хоҳари ҷон,  ман ин рӯзро 54 сол интизор будам. Магар намедонӣ, ки надоштани шиноснома чӣ қадар мушкил аст? Волидони раҳматиам ҳеч натавонистанд соҳиби шиноснома шаванд. Онҳо ин армонро бо худ ба хок бурданд. Тамоми умр пул пасандоз карданд то ба сафар раванд, аммо, мутаассифона, бо сабаби надоштани паспорт ин амалро иҷро карда натавонистанд. То омадан ба ин ҷо чӣ душвориҳоеро паси сар накардем. Ҳар лаҳза, ҳар қадам дучори таъқиб мешудем. Акнун метавонам ба кишварҳои дунё сафар кунам.

Замоне, ки ман азми сафари Шветсия мекардам, модарам гуфт:

– Духтарам, ҷудоӣ аз туву набераҳоям сахт аст, аммо аз ҷониби дигар шодам, ки соҳиби ҳуҷҷат мешавӣ. Ин пулҳоро пасандоз карда будам, ҳоло намедонам то соҳиби шиноснома шудан умр вафо мекунад ё на. Ту ин пулҳоро бигиру дар ҳаққи мо дуо кун...

***

Рошида занест аз кишвари Мянма (Бирма), аз мусалмонҳои қавми руҳинҷа. Дар ин кишвар мардуми руҳинҷоӣ пайваста дучори таъқиб мешаванд. Онҳо ҳеч ҳаққи шаҳрвандӣ надоранд. Қонуни асосии Мянма 135 гурӯҳи этникии кишварро ба тарзи расмӣ шинохтааст, аммо қариб 3,5 миллион руҳинҷӣ аз ин имконият маҳрум.

Мянма дар ҷанубу шарқии қитъаи Осиё дар васати халиҷи Банғола ва соҳили уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст. Бо Бангладеш ва Ҳиндустон аз тарафи ғарб ва бо Чин, Лаос ва Таиланд аз тарафи шарқ ҳамсарҳад аст. 55 миллион аҳолӣ дорад. То солҳои 1800-ум дар он чанд гурӯҳи этникӣ аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекарданд, урфу одат ва маданияти ба худ хос доштанд. Вақте ки Мянма мустамликаи Британия гардид, миллатҳои хурди кишвар дар хидмати инглисҳо бо онҳо ҳамкорӣ намуданд, аммо бирмагиҳо муқобилият нишон медоданд, норозӣ буданд.

Мардуми руҳинҷа ба минтақаи Аракан (Ракҳайн) дар асри ХVI бо сар задани ҷанги инглису Бирма омадаанд. Соли 1826 британҳо Араканро ишғол намуда, як гурӯҳ бенгалҳо – мардуми мусалмони Бангладешро ҳамчун қувваи корӣ оварданд ва шумораи онҳо то соли 1911 ба 178 647 расид. Худи руҳинҷагиҳо таърихи ба Бирма омадани худро бо тарзи дигар талқин мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки аҷдоди онҳо савдогарони араб мебошанд ва бо савдо машғул шуда инҷо омада, муқим шудаанд.

Соли 1942 дар минтақаи Ракҳайн байни мусалмонони руҳинҷа ва бутпарастони Аракан ҷанг сар зад. Дар ин ҷанг 50 ҳазор мардум аз ду тараф қурбон шуда, даҳҳо ҳазор гуреза шуданд. Мардуми руҳинҷа бо баҳонаи бар зидди ҷопонҳо ҷанг кардан аз иттифоқчиёни худ аслиҳа гирифтанд, вале онро бар зидди аракониҳои бутпараст истифода карданд. Солҳои аввали мустақилии Бирма дар байни мусалмонҳои Ракҳайн ошӯбҳои ҷудоихоҳона сурат гирифтанд. Ин ҷудоихоҳиҳо боиси бадбахтиҳои мардуми руҳинҷо шуд.

 Вақте ки режими сипоҳиён ба сари ҳокимият омад (соли 1962) мардуми руҳинҷиро ба ҳайси шаҳрванди Мянма эътироф накарданд.

Ҳукумат руҳинҷиёнро ҳамчун муҳоҷирони ноқонунии аз Бангладеш омада меҳисобад ва ба ҳамин хотир қатағон мекунад.

СММ мардуми руҳинҷиро яке аз аққалиятҳои аз ҳама зиёд таъқибу табъизшуда эътироф кардааст.

– Шумо соҳиби хату савод ҳастед, зеро кишваратон барои шумо ин ҳуқуқро фароҳам кардааст, мо чунин ҳуқуқ надоштем. Мардуми мо бидуни иҷозаи расмӣ ҳаққи сафар карданро надоштанд. Чун яке бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби мағоза ё ширкате мегардид, он аз тарафи гурӯҳи ҳукмдор мусодара мешуд. Дар ватани худ аксарияти руҳинҷиҳо дар бошишгоҳи муҳоҷирон зиндагӣ доштанд. Дар онҷо занону духтарони мо пайваста мавриди таҷовуз қарор мегирифтанд, мардҳоямон ҳамчун ғулом истисмор мешуданд.

Рошида меларзид, лаб мегазид то гиря накунад, аммо наметавонист, ашки чашмонашро пок карда, идома медод:

– Баъзан дар наворҳо мебинам, ки баъзеҳо намоишкорона шиносномаҳояшонро оташ зада, ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Ин мардуми ношукр намефаҳманд, ки соҳиби шиноснома будан чӣ бахти бузургест! Он рӯзе, ки мо тарки зодгоҳ мекардем, чун тасмаи синамо аз пеши назарам мегузарад ва ин хотираҳои бад ҳамеша дар хобу бедорӣ маро таъқиб мекунанд.

Деҳаи моро оташ зада буданд, афсарон чун ҳайвони ваҳшӣ одамонро баъзан зинда месӯзониданд, занони ҳомиларо лагадкӯб мекарданд, ваҳшониятҳояшон ҳудуд надошт. Хонаи мо ба баҳр наздик буд ва бо чанд нафар ҳамсоягон субҳгоҳе савори киштӣ шудем. Вақте киштӣ ҳаракат кард, тирпарронӣ шурӯъ шуд. Шавҳарам ману духтарчаи навзодамро ба оғӯш гирифта, тани худро сипар кард ва ҷисми беҷони ӯ болои ману духтарчаам афтод. Чанд нафаре, ки бо мо дар киштӣ буданд, тир хӯрда ҳалок шуданд. Мо гуруснаву ташна баъди чанд рӯз ба минтақаи Келантани Малайзия расидем. Падарам хонаеро иҷора гирифт ва мо бо тарсу ҳарос онҷо зиндагӣ мекардем, чунки полиси Малайзия зуд-зуд тафтишот мегузаронд. Ҳамин, ки садои мошини полисро мешунидем, зуд ба бананзор мегурехтем, хомӯшакҳо хунамонро мемакиданд, вале дандон ба дандон монда тоқат мекардем, даҳони бачаҳоро бо даст мепӯшондем, то полис садои гиряашонро нашунавад.

Баъди ду соли муҳоҷирӣ дубора бо як марди ҳамватанам издивоҷ кардам ва соҳиби чаҳор фарзанд шудам. Умед доштам, ки вай ба ман кумак мекунаду соябони сарам мешавад, аммо ӯ ҳафтаҳо ба куҷое ғайб мезаду парвои ману фарзандҳоро надошт. Замони дар хона монданаш ману кӯдаконамро азият мекард. Ҳамеша аз тарафи ӯ мавриди азият қарор мегирифтам. Ана ин захми корд аст, – ӯ ба зонуяш ишора карда, идома дод.

– Ман аз хонаи падару хоҳару бародаронам хӯрок меовардам, то аз гуруснагӣ намирем. Ин аҳволи риққатовари моро дида, яке аз ҳамдеҳагон дар бораи намояндагии СММ нақл кард ва маро он ҷо бурд. Баъди чандин соли интизорӣ ба Шветсия омадем, шукри Худо, зиндагии осудае насибамон гардид.

Ҳозирон аз нақли Рошида мутаассир шуда буданд.

– Мани ноогоҳро бубахш, хоҳар, – ашки чашмонашро тоза карда Рошидаро ба оғӯш кашид зани малламӯй.

– Имрӯз рӯзи шодмонии ман аст, бароятон ширинӣ овардам, биёед, қаҳва бинӯшем, – гуфт Рошида бо табассуми малеҳ.

Моҳи ноябри соли 2017 Мянма ва Бангладеш ҳуҷҷате оиди бозгашти паноҳандагон ба Мянмаро имзо карданд. Мақомоти Мянма омодаи баргардондани фирориёни руҳинҷӣ ҳастанд, ба шарте, ки Бангладеш ҳуҷҷатҳои дорои маълумотҳои шахсии гурезаҳоро ба ихтиёри онҳо вогузорад. Аз соли 2018 бозгашти руҳинҷиён ба ватанашон оғоз шуд. Онҳо бояд аввал дар лагерҳои полоишӣ, ки дар минтақаи Ракҳайн сохта шудааст, ҷойгир карда мешаванд, то ҳукумати Мянма мутмаин бошад, ки дар байни онҳо ҷангҷӯёни Артиши наҷотбахши руҳинҷаи Аракан набошад.

Чуноне ки мебинед, вақте ки ҷаҳл бар ақл ғолиб мешавад, боиси бадбахтии миллионҳо мегардад.

Шукр, ки дар Ӯзбекистони Нав роҳбарияти ҷумҳурӣ новобаста аз қавму мазҳабаш ба қадри мардумаш мерасад ва барои ҳамааш ҳуқуқ ва имконоти баробар фароҳам овардааст.

Улдон Қараева.

Шветсия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: