ТАРҒИБГАРИ ҒОЯИ ДӮСТӢ

Як гурӯҳ мухлисони шоир ва публитсист, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Карим Тошқулов дар маҷлисгоҳи мактаби рақами 5-уми мусиқа ва санъати ноҳияи Деҳқонобод ҷамъ омада, ба ифтихори адиб чорабинии хотирмоне баргузор карданд.

Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Маркази фарҳангии тоҷикони ноҳия роҳандозӣ шуд ва таъкид гардид, ки дӯстии ду халқи бародар – тоҷикон ва ӯзбекон басо муассир ва муфид мебошад. Сардори бахши маънавият ва маърифати ҳокимияти ноҳия Отабек Назаров дар пайи қироати «Табрикнома»-и ҳоким гуфт:

– Тоҷикон ва ӯзбекон дар қаламрави Деҳқонобод аз қадим паҳлӯи ҳам зиста, шарики рӯзҳои ғаму шодии ҳамдигар ҳастанд ва Карим Тошқулов барин эҷодкорони маҳаллӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ бо ҳар амали худ ба ин дӯстии безавол амал мекунанд ва ба насли нав намунаи ибрат мегарданд.

Тошқулов аз эҷодкорони маъруфи ноҳия аст. Вай 13 январи соли 1952 дар мавзеи Боғучорбоғ ба дунё омада, фориғуттаҳсили Донишкадаи санъат ва мусиқии Тоҷикистон мебошад. Умре барои ривоҷи санъат ва мусиқӣ дар ноҳия хидмат кардааст. Бо нашри чандин маҷмуаҳои насриву назмӣ дар ғановати адабиёти қаламрав низ саҳм гузошта, дар навиштаҳояш бештар истиқлолияти Ватан, таърихи гузаштаву имрӯзи он, пешрафти мардуми диёрро дар арсаи кору меҳнат тараннум ва васф кардааст. Вай чун раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳия чандин сол аст, ки пайваста дар роҳи рушди худогоҳии тоҷикон заҳмат мекашад.

Дар чорабинии фарҳангӣ раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Галавиддин Йӯлдошев зимни муборакбодӣ ба соҳибҷашн ҳуҷҷати узвияти ӯро дар созмони мазкур супорид. Вай таъкид кард, ки Карим Тошкулов ба ҷуз аз иншои асарҳои насриву назмӣ ва таърихномаҳо бо навиштани мақолаҳои публисистӣ ҳам сару кор дорад ва дар саҳифаҳои ВАО зиёдтар аз 200 қаламии ӯ рӯйи чопро дидаанд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: