ё худ сухане чанд оид ба олими пуркор Раҳмон Фармонов
Соли 1975. Охири моҳи август. Шаҳри Душанбе. Факултаи таърихи Донишгоҳи давлатӣ. Дар комиссияи мандатӣ ба як гурӯҳи начандон калони мо – ҷавонони аз ҳар гӯшаву канор (аз Ӯзбекистону ноҳияи Сариёғочи Қазоқистон ҳам) омада, сазовори номи донишҷӯ шуданамонро эълон карданд. Албатта, хурсанд будему аз хурсандӣ дар куртаамон намегунҷидем. Ҷавононе, ки аз роҳи дур ба Душанбе омада буданд, мехостанд ба зодгоҳ рафта, хабари хушро бо наздикон баҳам бинанд ва аввали сентябр боз ба пойтахт баргарданд. Вале аз деканат супориш шуд, ки донишҷӯёни «нав» бино ва синфҳои факултетро тозаву саришта, партаҳоро ҷо ба ҷо кунанд ва ҳоказо. Ҳар касе, ки бори аввал ба муддати тӯлонӣ аз оғӯшу меҳри волидайн дур афтодааст, ҳоли моро хуб дарк мекунад. Декан, профессор Мансур Бобохонов баъди қабули донишҷӯён ба таътил рафта буду ҳама ташвиши факултет бар дӯши муовини ӯ афтод. Мо бошем, ӯро ҳанӯз намешинохтем. Ба вохӯрӣ бо вай ҷуръат карда натавонистам. Боз як рӯз ба охир мерасид. Ҳама ба қавле бо «уборка» машғул будем. Як марди миёнақади гандумгун суйи мо меомад. Аз ваҷоҳати ӯ пайдо буд, ки инсони ботамкин ва ором аст. Аз кормандони факултет яке гуфт, ки ин кас, муовини декан Раҳмон Фармонович аст. Ӯ баъд аз пурсупос ва суҳбати кӯтоҳ аз «дарди» мо воқиф шуда, гуфт, ки агар ҳамин рӯз то шом корро анҷом диҳем, метавонем ба зодгоҳамон равем. Аз ин меҳрубонии устод хурсанд шудем. Ин таассуроти аввалини мо аз муаллим Фармонов буд.
Мутаассифона, дотсент Фармонов фақат ба гурӯҳи русӣ дарс мегуфт. Аммо чанд дафъа ба ҷойи мудири кафедра, яке аз олимони намоён А. Слонимский ба гурӯҳи «А» низ лексия хонд, ки хеле хотирнишин буд.
Ҳама донишҷӯёни он замон мавсими душвор будани ғунучини пахтаро хуб медонанд, хусусан донишҷӯёни курси аввал. Шукр, ки дар ин мавсим ҳам устоди меҳрубон Раҳмон Фармонов сарвари гурӯҳи мо буд. Бо ҳалимиву ғамхориҳояш моро аз зулми «план»-и ҳаррӯзаи пахта наҷот медод.
Тирамоҳи соли 1978. Ҳама ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ – ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ тайёрӣ медиданд. Ба зиммаи банда таҳияи маърӯза оид ба ташкил гардидану равнақ ёфтани факултети таърих гузошта шуд. Зимни омӯхтани мавзӯъ, бояд дар бораи ташкилкунандагони факултет, аввалин устодону декану профессорҳо ва ғайра маълумот гирд меовардам. Чун навбат ба шарҳи ҳоли Р.Фармонов расид, маълум шуд, ки устод аслан зодаи ноҳияи Самарқанд буда, баъди бо медали нуқра хатм кардани мактаб, соли 1961 омӯзишгоҳи педагогии Панҷакентро бо дипломи «сурх», соли 1967 факултети моро бо дипломи имтиёзнок тамом кардааст. Сипас аспиранти Донишгоҳи давлатии Маскав, ҳимояи рисолаи номзадӣ оид ба таърихи Фаронса, бозгашт ба донишгоҳи азиз, кор дар кафедраи «Таърихи нав ва навтарин», соҳиби мартабаи дотсент шудан, муовини декан таъин гардидан...
Дар он замон донандагони таърихи кишварҳои Аврупо аз ҷумлаи кадрҳои маҳаллӣ камшумор буданд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи маърӯза устодон гуфтанд, ки ба шарҳи ҳоли муҳаққиқи нодир, яке аз донишмандони таърихи Фаронса, дотсент Фармонов эътибори алоҳида диҳам. Зиёда аз он вай забони фаронсавиро хуб медонистааст, зимни тадқиқоти мавзӯи номзадӣ аз сарчашмаҳои фаронсавӣ васеъ истифода кардааст. Аз ин лиҳоз номбурда ифтихори донишгоҳ буд.
Аммо соли 1980, дар арафати хатми донишгоҳ устодро «гум» кардам, вале пас аз як сол дар Тошканд пайдо намудам. Бо ҳамсарам дар бозори Чорсӯ харид мекардем. Муаллим ва ҳамсараш янгаи Саидаи варганзагӣ (мутаассифона, янга ин дунёро барвақт тарк карданд) дар даст халтаҳои пур гаштугузор доштанд. Дар суҳбати мухтасар муаллим хабар дод, ки дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд дарс мегӯяд. Он замон дар ин мактаби олӣ муҳассилон қариб аз тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна таҳсил мекарданд ва ба дараҷаи роҳбарии ноҳиявию вилоятӣ, ҳатто ҷумҳуриявӣ мерасиданд. Бидуни шубҳа, устодони ин маскани илмию таҳсилотӣ тибқи талабот дар риштаи худ олимони варзида буданд.
Пас аз адои хидмати низомӣ ва оғози кор дар «Овози тоҷик» суҳбату мулоқоти самимӣ бо ин инсони пурмеҳру хоксор маҷрои доимӣ касб намуд. Муаллим дар мавзӯъҳои мухталифи байналхалқӣ силсилаи мақолаҳояшро ба мо тақдим менамуд. Ӯ ҳарчанд дар мактаби миёна ӯзбекӣ, дар донишгоҳ ба русӣ таҳсил гирифта буд, маҳорати баланди ба тоҷикӣ эҷод кардан дошт. Худ гувоҳ шудаам, ки муаллим ҳам дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳон, дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ, ки он ҷо низ мудири кафедра буд, дар ҷамъомадҳои бонуфуз бо дӯстон ва шогирдони тоҷикаш дар тафовут аз баъзе ҳамзабононамон, аз муколама ба забони онҳо парҳез намекунад, баръакс бо лаҳни ширини тоҷикӣ ҳарф мезанад. Дар чунин лаҳзаҳо аз устод бӯйи факултаи таърихи донишгоҳи Тоҷикистон меояд, ки барои ҳар дуи мо кошонаи азизу меҳрангези илм буд. Устод дар бораи муаллимон, ҳамкоронаш ҳамеша бо меҳр ҳикояҳои ширин мегӯяд, нисбати воқеаҳои фарҳангиву илмии Тоҷикистон лоқайд нест. Боре муаллим аз ман рисолаи «Санг ҳам диле дорад»-и академик Аҳрор Мухторовро пурсид. Медонистам, ки дар ин рисола дар бораи навиштаҷоти рӯйисангии Заҳириддин Муҳаммад Бобур маълумоти муфассал ҳаст.
Соли гузашта аз устод ба маросими рӯнамоии китоби наваш «Шоҳ, шоир ва дипломат» даъватнома расид. Ин тадбир дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон дар сатҳи хеле олӣ баргузор шуд. Аз китоб донистам, ки устод аснои эҷоди он навиштаҷоти рӯйи сангро низ дар мадди назар доштааст. Чанде пеш дар бораи нашри китобҳои мутафаккир ва дипломати бузург Аҳмади Дониш дар Душанбе пурсон шуд...
Таваҷҷуҳ кунед, Р.Фармонов солҳои пеш бештар дар бораи таърихи кишварҳои Аврупо, хусусан Фаронса, инчунин масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ ва дипломатияи замони муосир китобу мақолаҳо менавишт. Акнун дар бораи Бобур. Чаро?
— Аввалан ман аз ҷавонӣ ба омӯхтани шахсияти Бобур ҳамчун падидаи хеле нодир иштиёқ доштам, – мегӯяд устод. – Сониян, таърихи минтақаи Осиё, аз ҷумла Ӯзбекистони кунунӣ, як пораи таърихи ҷаҳон аст. Шахсиятҳое чун Бобур, ё мутафаккирони замони Эҳёи якум ва дуюми Мовароуннаҳр ба равандҳои муҳимтарини илмию фарҳангии тамоми дунё таъсири бузург расондаанд. Аз ин лиҳоз ба феномени Бобур дар Ғарб низ таваҷҷуҳ зиёд аст.
Боз як рисолаи ӯ «Шарқ ва Ғарб мушоираси» ном дорад. Маълум мешавад, ки ин олими пухтакор ва доманаи эҷодаш фарох дар назди худ талқини таърихи Шарқ, хусусан Осиёи Миёнаро дар контексти таърихи дунё мақсад гузоштааст. Ин далолат медиҳад, ки устод ба мақоми мардуми Осиёи Миёна дар таърихи дунё эътибори махсус додааст.
Устод аз олимони сермаҳсул ба шумор меравад. Соли 1992 рисолаи докториро ҳимоя кард. Ба рутбаи профессорӣ расид. Даҳҳо монография ва тақрибан 200 мақолаи илмӣ, зиёда аз он тайёр кардани чандин доктор ва номзади илм, таълифи китобҳои дарсии «Таърихи ҷаҳон» барои мактабҳои миёна, инчунин рисолаҳо перомуни сиёсатшиносӣ ва дипломатия барои донишгоҳҳо ва ҳоказо аз майдони фарохи фаъолияти илмии олими бузург далолат медиҳанд.
Олими маъруф Раҳмон Фармонов нафақат дар соҳаҳои таърих ва дипломатия асарҳои мондагор таълиф кардааст, ҳамчунин дар соҳаи эҷоди бадеӣ низ қалам меронад, шеър мегӯяд. Завқаш ба эҷоди бадеӣ хеле баланд аст. Зимнан шеърияти Шарқ ва Ғарбро дуруст таҳлил мекунад.
Муаллими азизи қалбаш пур аз меҳру муҳаббат, мунодии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек Раҳмон Фармонов 80-умин солгарди худро таҷлил мекунад.
Шоқаҳҳор Салимов,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.