ҲАФТГОНАИ МАҲАЛЛА: ДАСТОВАРДҲО ЗИЁД Ё МУАММОҲО?

Дар ин гузориш мо ба фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла» диққат менигаронем. Ин ҳафтгона аз раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким, пешвои ҷавонон, фаъоли бонувон, нозири профилактикӣ, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз иборат мебошад. Оё ин ҳафтгона масъулияти бар дӯш доштаи худро дуруст анҷом медиҳанд? Мардум аз кору фаъолияти онҳо розиву қаноатманд ҳастанд?

Маҳалла яке аз ниҳодҳои ҷомеаи кунунист, ки ба сифати ёвари давлату ҳукумат дар маҳалҳо фаъолият мекунад ва ба мардум хидматҳои беминнат мерасонад. Он иҷрои як қатор вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад, ки ба василаи он ҳаёту рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд оварда, муаммоҳо ва мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила ҳаллу фасл мегардад.

Дар ин гузориш мо ба фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла» диққат менигаронем. Ин ҳафтгона аз раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким, пешвои ҷавонон, фаъоли бонувон, нозири профилактикӣ, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз иборат мебошад. Оё ин ҳафтгона масъулияти бар дӯш доштаи худро дуруст анҷом медиҳанд? Мардум аз кору фаъолияти онҳо розиву қаноатманд ҳастанд?

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хуррамобод дар ноҳияи Риштон яке аз ҷамоатҳои хеле фаъолу пешқадам ва обод маҳсуб меёбад. Бо иқдоми наҷиби раиси вақт ва кормандони фаъоли он дар гузашта низ як идда корҳои савоб анҷом пазируфтаанд. Пардохти пули шартномаи бархе аз донишҷӯён, кумак барои сохтани хонаи одамони камбизоат, хариди бозичаҳои кӯдакистон, аз андоз озод кардани аъзои оилаҳои камтаъмин, ташкили сайру саёҳат ба шаҳрҳои таърихӣ барои шахсоне, ки имконияти молиашон маҳдуд мебошад ва монанди он аз ҳамин шумор корҳои неку савоб мебошанд.

– Маҳаллаи Хуррамобод таърихи ба худ хос дорад. Мардумашро саросар тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар ин деҳа кадрҳои закиву бомаҳорат низ сабзида баромадаанд, ки мактаби таълимоти умумии деҳаро ба забони тоҷикӣ хатм кардаанд ва ба дараҷаҳои баланди илмӣ расидаанд. Аз байни онҳо Камолиддин ва Шаҳобиддин Каримовҳо дорои унвони доктори улуми риёзиёт, се тани дигар номзади илм, ду тан дар магистратура машғули таҳсил мебошанд, – мегӯяд собиқ раис ва яке аз равшанфикрони ин маҳалла Сайфиддин Иноятов.

Ногуфта намонад, ки домулло Иноятов дастпарвари Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд, бештари умрашро ба тарғиби забону фарҳанги миллӣ бахшидааст. Солҳои дароз омӯзгорӣ кардааст, баъд 15 соли тамом дар мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандони Хуррамобод иҷрои вазифа намудааст. Муаллифи ҳафт китоби гуногун мебошад, ки таҷрибаҳои ҳаётии ӯро хеле равшан бозтоб додаанд.

– Ҳафт нафар ё ҳафтгонаи маҳалла иҷрои як қатор вазифаҳоеро бар дӯш дорад, ки бар асоси дастури роҳбари давлат сурат мегирад. Ин гурӯҳ бо эҳсоси масъулият кор кунад, зиндагии мардум беҳтар ва маҳалла обод мешавад. Аммо ҳафтгонаи маҳалларо лозим меояд, ки аз иллатҳои хешбозӣ сахт парҳез намояд ва мардумро аз худ розӣ кунад, – мегӯяд С. Иноятов.

Ба таъкиди ӯ дар китоб таҳти унвони «Маҳалла – қалъаи қадриятҳо» масъалаҳои марбут ба тартибу низоми кори маҳалла таҳлил карда шудааст. Ҳоло аз он кормандони ҷамоати шаҳрвандони чанд маҳалла истифода мебаранд.

Маҳалла 4 ҳазору 223 тан аҳолиро муттаҳид намудааст. Пешвои ҷавонон Муҳаммадалӣ Вайдуллоҷонов иброз дошт, ки ба наздикӣ Фарҳодҷон Солиев раиси нави маҳаллаашон интихоб гардид. Танҳо дар соли 2024 бо тақдими панҷ лоиҳа (2+2+1) се маротиба ғолиби «Опен-буҷа» шудаанд ва 5 миллиарду 440 миллион сӯм ба даст овардаанд.

– Мактаби таҳсилоти умумии рақами 29 ба таври алоҳида дар ин «Опен-буҷа» ғолиб дониста шуд ва соҳиби 1 миллиарду 360 миллион сӯм гардид. Тавассути ин маблағ мактабамон намои нав касб намуд, – мегӯяд М. Вайдуллоҷонов.

Дар тасарруфи ҷамоати шаҳрвандони маҳалла 30 сотих майдони ангурзор мавҷуд аст, ки ҳар сол ҳосили хуб медиҳад. Як қисми маблағи он барои кумакҳои молӣ ба аъзои 16 хонаводаи камбизоати маҳалла сарф карда мешавад. Инчунин аз ҳисоби маблағи субсид панҷ зани хонашин соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд. 30 сокини маҳалла дар ивази 15 миллион сӯмии қарзҳои имтиёзнок парвариши чорвои калону майдаро ба роҳ монданд. Ба 83 сокини маҳалла аз ҳисоби майдонҳои аз ҳосил холишуда 20 сотихӣ замин тақсим карда шуд ва ба ин васила зиндагии онҳо рӯ ба беҳбуд меоварад.

Бино ба гуфтаҳои сокинони маҳаллаи Хуррамобод боз чанд кору вазифаи навбатӣ назди ҳафтгонаи маҳалла кундаланг истодааст, ки иҷрояш баҳри беҳбуди зиндагии мардум, хусусан ҳимояи шахсони имконияташон маҳдуд бештар мусоидат хоҳад кард. Ҳанӯз баъзе сокинони ин маҳалла аз фаъолияти аъзои ҳафтгонаи маҳалла пурра огоҳ нестанд. 

Ба гуфтаи собиқ депутати шурои маҳаллӣ ва собиқ корманди бахши ноҳиявии ниҳоди маҳалла Камолиддин Азизов аз ноҳияи Сӯх имрӯз ҷомеаи мо дар марҳилаи дигаргуниҳои муҳиме қарор дорад, ки навсозии ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла сохтори маҳалларо низ тақозо менамояд. Аммо дар мисоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чашма» наметавон гуфт, ки дар ҳама маҳаллаҳои ноҳия кори ҳафтгонаи маҳалла мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.  

– Ёдовар мешавам, ки пештар 2-3 нафар масъули кори маҳалла буданд ва бо ташаббус ва масъулияти том кор мекарданд. Натиҷаҳои корашон низ қобили мулоҳиза буд. Аксари мушкилот дар маҳалла бо роҳи оддӣ ва бе расмият ҳаллу фасл мегардид. Имрӯз гурӯҳи кормандони маҳалла ба ҳафт нафар афзудааст, аммо самараи кор на дар ҳамаи маҳаллаҳо мӯъҷиби таъриф мебошад, – мегӯяд К. Азизов.

Ҳамсуҳбати мо ба ин ақида аст, ки танҳо афзоиши шумораи кормандони маъмурии маҳалла мушкилотро ҳал намекунад, балки агар кадрҳои баландмалакаву босалоҳият сари кор бошанд, натиҷаҳои корашон бештар ҷилвагар хоҳад шуд. Баъзе раисони маҳалла ҳатто саводи казоӣ надоранд ва аз сиёсати имрӯзаи Сарвари давлат чандон бохабар нестанд.

– Маоши ҳафтгона барои амалисозии ташаббусҳои муҳим, аз қабили ободонӣ, ҳалли мушкилоти муҳити зист ва рушди иҷтимоии маҳалла бояд мусоидат намояд. Нуктаи дигар ин аст, ки сохтори феълӣ бояд аз вартаи бюрократия наҷот дода шавад. Фикр мекунам, ки ҳанӯз ниёз ба шахсони соҳиби ташаббусҳои воқеӣ боқӣ мондааст ва ҳалли мушкилот иқдомоти амалии кормандони соҳибмалакаро тақозо менамояд, – қайд намуд Камолиддин Азизов.

Ҳарчанд аз ҷиҳати расмӣ «ҳафтгона» масъули умури маҳалла ба ҳисоб мераванд, аксари вақт фаъолияти онҳо маҳдуд ва расидагӣ барои ҳалли воқеии мушкилоти аҳолӣ имконнопазир мегардад. Вай мисол овард, ки Асадбек Мамаҷонов ном ҷавони деҳотӣ дар кишвари Русия таҳсил кардааст ва устои таҷҳизоти барқӣ мебошад. Чунин усто айни талаботи мардумро бароварда хоҳад сохт. Аммо на дастандаркорони ҳокимияти маҳаллӣ ва на ҳафтгона тавонистанд, ки ба вай имкон фароҳам оваранд, то ки устохона кушояд ва машғули кори дилхоҳи худ шавад. Ин дар ҳолест, ки борҳо ӯ ба қабули сайёр низ рафтааст ва арзи дил кардааст, аммо натиҷа ба сифр баробар аст.

– Чӣ бояд кард? – суол мекунад ин ҳамсуҳбати мо ва меафзояд: – Тақсими вазифаҳо байни ҳафтгона бояд бо теъдоди аҳолии ҳамон маҳалла мусоидат кунад ва касе берун аз доираи таваҷҷуҳ намонад. Ғайр аз ин, ҷалби ҷавонони ташаббускор ногузир аст, зеро онҳо нисбат ба ҳамзамонони дигари худ бо навгониҳои технология муҷаҳҳаз ҳастанд. Кормандони сохтори маҳалла бояд афроди фаъоли ҷомеаро барои фаъолият ҷалб намоянд, то ки чунин қишр дар рушди маҳалла нақши муҳим бозида тавонанд.

Азизов барҳам додани ҳама гуна расмияҳои зиёдатиро низ дар пешрафти кори маҳалла омили хеле муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, шаффофият ва масъулиятшиносӣ, ба таври доимӣ дар назди аҳолӣ ироаи ҳисоботи кори анҷом додашуда низ натиҷаи кори маҳалларо боз ҳам бештар пурмаҳсул мегардонад.

Ҷойи шубҳа нест, сол аз сол афзоиши аҳолӣ мунҷар ба он шудааст, ки доираи фаъолияти идораҳои худидоракунии маҳаллӣ низ ҷавобгӯи давру замон бошад. Аммо дар ҳама давру замон шахсони боилму маърифат, соҳиби ақлу тамиз дигаронро раҳнамоӣ карда метавонанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо ҷанбаҳои муҳимро корбаст менамоянд. Гуфтанист, ки ҳар ҷо, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҳаст, вале дар замони дастовардҳои технологӣ бояд мардум аз шароити беҳтар ва зиндагии бароҳат бархурдор бошанд. Ин сиёсати Сарвари давлати мост ва ин сиёсат манфиатҳои халқро ҳамеша мадди назар қарор додааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: