КОРВОНСАРОЙИ РАБОТИ МАЛИК ВА САРДОБАИ ОН

​Корвонсаройи Работи Малик дар ҳудуди ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ, дар васати шоҳроҳи Самарқанд – Бухоро дар масофаи 23 километр аз истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Навоӣ ҷойгузин мебошад.

Он солҳои 1069-79-уми асри XI аз ҷониби шоҳи Қарохониён Шамсулмулк Наср ибни Иброҳим (1068-1080) бунёд шудааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Шамсулмулк дар байни мардум ҳамчун ҳукмфармои адолатпеша ном бароварда буд. Барои осоиштагии мардум ҳарбиёнро дар макони аз аҳолӣ дур нигоҳ дошта, аз онҳо тақозо мекардааст, ки ба халқ ҷабру ситам накунанд. Асрҳои XI-XII аҳли дарбор низ дар ҳамин работ буду бош доштаанд.

Маҷмӯаи корвонсаройи Работи Малик чоряки аввали асри XII аз ҷониби хони қарохониҳо Арслонхон Муҳаммад ибни Сулаймон (1102-1130) аз нав барқарор ва васеътар шуд. Қарохониҳо, ки мардуми кӯчӣ буданд, дар ибтидо маҷмӯаи корвонсаройи Работи Маликро ҳамчун қароргоҳи тобистонаи хон ва дарбориён истифода бурдаанд. Асбобу анҷоме, ки ҳангоми кофтуковҳои ҳафриётӣ пайдо гардидаанд, ба зодагони ҳамон давр нисбат доштани онҳоро собит мекунанд.

Работ пас аз истилои муғул мавқеи маркази сохтори идораи кишварро аз даст дод. Минбаъд он ҳамчун иншооти ҳифзи ҳудуд аз душманон ва истгоҳи корвон истифода мешуд, вале номи «Работи Малик», яъне бошишгоҳ ё худ қароргоҳи подшоҳ барҷо монд. Қисмҳои зиёди Работи Малик ба хароба табдил ёфта, танҳо пештоқи даромадгоҳи он боқӣ мондааст. Баландии пештоқ 18 метр, бараш 12 метр мебошад. Он бузургтарин пештоқ дар Осиёи Марказӣ аст. Вай дар забони аҳолии маҳаллӣ ҳамчун «Дарвозаи Бухоро» машҳур аст.

Майдони умумии корвонсарой 400 метри мураббаъ буда, дар 10 қатор 6-тоӣ сутунҳои дари диаметрашон аз як метр зиёд насб шудаанд. Ҷойи сутунҳо то ҳол боқист. Работи Малик аз корвонсаройҳои калонтарини Осиёи Миёна ба шумор рафта, дар ин ҷо аҳолии маҳаллӣ ба ивази маҳсулоти ҳунармандии худ, аз ҷумла зардӯзӣ, санг ва мармар бо маҳсулоти хориҷӣ ва хариду фурӯши онҳо машғул мешуданд.

Кофтуковҳои ҳафриётии миёнаҳои асри ХХ дар ҳудуди корвонсарой собит намудаанд, ки работ хеле мукаммал сохта шудааст. Дар он харобаҳои масҷид, айвонҳои гунбаздор, ҳаммом, хонаҳои истиқоматӣ, ҷойи нигоҳубини асп ва шутурҳо ёфт шуданд. Девори масҷид ва хонаҳои истиқоматӣ гаҷкористанд.

Ҳамчунин зимни кофтуковҳои ҳафриётӣ асбобу анҷоми сафолӣ, филизӣ, заргарӣ, дег, тангаи зиёдро пайдо кардаанд. Дар бунёди манораҳо хишти хом ва пухта, мӯй ва чӯб истифода шудаанд. Дар омӯзиши таърихи Работи Малик муаррих Н.Немсова саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз ӯ собит намуд, ки Работи Малик дар ибтидо ҳамчун саройи подшоҳ бунёд гардида, пас ба корвонсарой табдил ёфтааст.

То ба мо пештоқи даромадгоҳ ва харобаҳои корвонсарой боқӣ мондаанд. Работи Малик бори аввал дар асарҳои кишваршинос А. Леман миёнаҳои асри XIX мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Солҳои 1841-1842 бо сарварии Леман ва Богословский, ки муҳандисони экспедитсияи омӯзиши маъданҳои зеризаминӣ буданд, Работи Малик ва сардобаи он тадқиқ гардид. Аввалин асарҳои илмӣ дар ин хусус маҳз аз ҷониби Александр Леман навишта шудаанд. Тарҳ ва симои ҳамонвақтаи корвонсаройро А. Леман ба тасвир гирифта буд. Работи малик аз рӯйи ҳамин нақша аз нав тармим ва барқарор карда шуд.

Дуртар аз работ зери гунбаде, ки диаметраш 13 метр мебошад, сардоба ҷойгир аст, ки ҳамасри корвонсарой шумурда мешавад. Сардоба аз сатҳи замин дар амиқии 13 метр ҷойгир буда, баландии гунбази он 12 метр аст. Давродаври девори ҳавзи сардоба то 12 метр дар амиқӣ буда, бо хишти пухта сохта шудааст, дар он об тоза нигоҳ дошта мешавад. Дар гунбад 3 панҷара ҳаст, ки дохили сардобаро равшан мекунанд. Оби сардоба ба воситаи корез аз дарёи Зарафшон меояд. Сардоба аҳли Работи Малик, раҳгузарони танҳову ҳайати корвонро бо оби ошомиданӣ таъмин менамуд. Албатта, дар Дашти Малик пайдо намудани оби ошомиданӣ мушкилоти зиёд дошт. Ин мушкилоти аҳли корвонсарой дар фасли гармо бо оби сард ва дар фасли сармо бо оби ошомидании муътадил таъмин мегардид ва эҳтиёҷоти дигари мардум низ бо ҳамин об қонеъ карда мешуд.

Маҷмӯаи Работи Малик ва сардобаи он ба феҳрасти ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Тибқи қарорҳои ҳокимияти вилояти Навоӣ «Дар бораи таъмиру тармими ёдгориҳои таърихии Работи малик ва сардоба» аз 9-уми феврали соли 1997, «Дар бораи дастгирӣ кардан ва рушд соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Навоӣ» аз 9-уми июни соли 2011 дар маҷмӯаи корвонсарой корҳои ободонӣ бо суръат пеш рафтанд. Маҷмӯаи таърихӣ таъмир ва аз нав бунёд гардида, атрофи он ба як гӯшаи сабзу хуррам табдил ёфт. Имрӯз маҷмӯаи корвонсарой ба зиёратгоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст. Дар ин манзил шаҳраки Маликработ бо даҳҳо меҳмонхона бунёд гардид. 

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: