ГРАФИКА: ҲАВАС ВА МАҲОРАТ

Дар Қасри фарҳанги Икуо Хираямаи Академияи бадеӣ намоишгоҳи анъанавии донишҷӯёни Донишкадаи рассомӣ ва дизайни ба номи Беҳзод таҳти номи «Графика: ҳавас ва маҳорат» ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ нигораҳои якчанд намуди санъати тасвирӣ, беш аз 40 асари рангубори дар офорт, линогравюра, литография ва акварел офаридаи 20 нафар донишҷӯён бо дастгирии устодони худ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар экспозитсия намунаҳои расмҳои ҷавонон «Бухоро», «Хива», «Оила», «Қаҳрамон», «Шаҳри куҳна», «Гӯштингирӣ», «Қурбони охирини ҷанг», «Кулоҳи сеҳрнок», инчунин портретҳо, манзараҳои табиати кишварамон ҷой гирифтаанд.
Ҳ. Абдуназаров.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: