24 январи соли 2025 дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими муаррифии китоби «Тафаккур гавҳари»-и Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, Пешвои миллии халқи туркман Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, ки чанде пеш бо забони ӯзбекӣ нашр шудааст, баргузор гардид.
Дар маросим намояндагони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои Сенати Олий Маҷлис ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, марказҳои миллии фарҳангӣ, аҳли илму адаб, маориф, вакилони маъруфи соҳаҳои эҷодӣ, инчунин кормандони васоити ахбори омма иштирок карданд.
Маълум аст, ки халқҳои бародари ӯзбек ва туркман тӯли асрҳо аз як дарё об нӯшидаанд, ҳамеша паҳлу ба паҳлу зиндагӣ кардаанд, таърихи умумӣ, фарҳанг ва арзишҳои неки муштарак доранд.
Сиёсати мардумпарваронаи сарони ҳар ду давлат – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, инчунин ташрифҳои сатҳи олӣ боиси густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳо мегарданд.
Дар шаҳри Тошканд «Боғи фарҳанг ва истироҳати Ашқобод», маҷмааи ёдгории Махтумқулӣ ва дар вилояти Хоразм «Хонаи дӯстии ӯзбеку туркман» ва маҷмааи «Улли ҳовли» бунёд шуданд. Дар навбати худ, дар шаҳри Ашқобод «Боғи фарҳанг ва истироҳати Тошканд» барпо гардид, ки ин ҳама қадамҳои амалии муҳиманд.
Бояд гуфт, ки тибқи анъанаҳои накӯи аз ҷониби сарони давлатҳо роҳандозишуда дар солҳои охир ба адабиёт ва китобхонӣ дар ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Бо ҳамкории Ташкилоти фарҳангии кишварҳои туркзабон – ТУРКСОЙ маҷмӯаи 100-ҷилдаи «Ганҷинаҳои адабиёти туркӣ» нашр шуд, ки 9 ҷилди он ба намунаҳои адабиёти туркман бахшида шудааст. Дар он осори беш аз 60 нависанда, аз ҷумла Озодӣ, Махтумқулӣ, Муллонафас, Андалиб, Мулломурод Хоразмӣ, Хидир Деряев, Бердӣ Карбобоев, Қора Сейтлиев, Қаюм Тангриқулӣ, Нозик Оннатиева, Ораз Яғмур, Отаҷон Тоғон, Ота Отҷонов, Аҳмед Маммедов ва Ӯрозқули Оннаев ҷой дода шудааст.
Илова бар ин, тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 феврали соли 2024 «Дар бораи таҷлили васеи 300-солагии таваллуди шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулӣ Фироқӣ», ин ҷашни фархунда дар кишвари мо бо шукӯҳи бузург ҷашн гирифта шуд.
Ба муносибати ин сана соли гузашта дар шаҳри Ашқобод дар форуми байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо медали хотиравии «300-солагии Махтумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардид.
Ҳамаи ин далели мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстиву бародарии байни халқҳои мо мебошад.
Дар чорабинӣ намояндаи махсуси Президент оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов, ректори Академияи идораи давлатӣ Адҳам Бекмуродов, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сенатор Сироҷиддин Саййид, академик Шуҳрат Сироҷиддинов, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти», Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Аҳмадҷон Мелибоев, директори Агентии кинематография Шуҳрат Ризаев, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, профессор Баҳром Абдуҳалимов, доктори илмҳои филология Баҳодир Каримов, роҳбари Маркази миллии фарҳангии туркманҳо, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Гулдана Авездурдиева ва дигарон нутқ эрод карда, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки бар пояи эътимоди мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, дар солҳои охир ба марҳилаи комилан нав ворид шудаанд.
Китоби «Тафаккур гавҳари»-и Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, ки ба чунин ҳадафҳои нек хизмат мекунад, дорои аҳамияти бузург аст.
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов на танҳо арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадор, балки олими варзида ва муаллифи даҳҳо асарҳои муҳим дар мавзӯъҳои таърих, фалсафа, адабиёт ва тиб мебошад. Ӯ узви фахрии Академияи илмҳои Ӯзбекистон интихоб шудааст.
То имрӯз китобҳои «Фарҳанг – ганҷи бебаҳои халқ», «Дунёи маънавии туркманҳо», «Афсонаи ҷовидона», «Асп – рамзи вафодорӣ ва бахт», «Чой – манбаи шифо ва нерӯи рӯҳӣ», «Зиндагии хуш аз тандурустӣ оғоз меёбад» ва дигари Г. Бердимуҳамедов нашр шудаанд, ки аксари онҳо ба хонандагони ӯзбек низ ошно ҳастанд.
Тавре дар маросими муаррифӣ зикр гардид, шахсе, ки китоби «Тафаккур гавҳари»-ро мехонад, на танҳо бо таъриху фарҳанги туркманҳо, балки бо таъриху фарҳанги ҳамаи халқҳои туркзабон, арзишҳои ҷовидонӣ ва фазилатҳои олӣ ошно мегардад.
Маълум аст, ки дар Ӯзбекистон шумораи зиёди ҳамватанони туркмантабор зиндагӣ мекунанд, ки дар соҳаҳои гуногун бо меҳнати садоқатмандона дар рушди Ватан саҳм мегузоранд. Дар кишвари бисёрмиллати мо ба таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи арзишу анъанаҳои онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ӯзбекистон Шодурдӣ Мередов зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар густариши муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон нақши муҳим дорад. Ӯ барои ҳамаи корҳои неке, ки дар ин самт амалӣ мешаванд, ба Президенти Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори сипос намуд.
Назокат Усмонова,
мухбири ӮзА.