Дар вилояти Сурхондарё дар натиҷаи аз имкониятҳои гидроэнергетикӣ дуруст ва босамар истифода бурдан баҳри истеҳсоли барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза – барқи «сабз» замина пайдо гардида, торафт самараи хуб медиҳад.
Чуноне ки мутахассисон таҳлил намуда, ба хулосаҳои мушаххас омадаанд, дар замоне, ки эҳтиёҷи халқу давлат нисбат ба қувваи барқ рӯз то рӯз афзоиш меёбад, дар натиҷаи аз захираҳои об дуруст ва оқилона истифода бурдан, бо барқи босифат ва тоза мунтазам таъмин намудани истеъмолчиён, албатта, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бо дастгирӣ ва маблағгузории ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» барпо намудани иншоотҳои барқии хурд дар вилоят ба ин далел шуда метавонад. Аз ҷумла, дар муддати панҷ соли охир дар дарёи Тӯпаланг ду иншооти барқи обӣ: «Зарчоб-1» ва «Зарчоб-2» бунёд ёфта, ба истифода дода шуд. Дар иншоотҳои барқии мазкур, ки иқтидори ҳар яки он 75 мегаваттӣ мебошад, дар айни замон қариб 50 ҳазор хонадон бо барқи табиӣ мунтазам таъмин аст. Соли гузашта дар ноҳияи Қизириқ неругоҳи барқии «Исфара-1» ба кор даромад. Аз неругоҳи барқии «Исфара-1» бошад, 460 хонадони маҳаллаи «Янгикент» бо барқ таъмин гардид.
Барои таъмини иҷрои қарори Президент аз 12 июли соли 2024 «Дар бораи суръат бахшидани чораву тадобири ислоҳсозии соҳаи гидроэнергетикӣ» дар тирамоҳи соли сипаришуда НБО-и Қумқурғон ба фаъолият оғоз кард. Дар НБО-и мазкур, ки дар арафаи «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» ба истифода дода шуд, 550 кВт қувваи барқ истеҳсол гардида, қариб 1000 хонадонро таъмин менамояд. Гидроагрегати замонавие, ки дар ин неругоҳи хурди барқӣ насб карда шудааст, дар корхонаи ҷамъияти саҳҳомии «Сувсаноатмаш» истеҳсол гардидааст. Дар ҳудуд истеҳсол намудани барқи тоза ва экологӣ – барқи «сабз» имкон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна дар як сол 730 ҳазор метри мукааб газ сарфа карда шавад.
Дар айни замон дар поёноби дарёи Тӯпаланг боз як иншооти барқи обии «Зарчоб-3» қад рост намуда истодааст, ки иқтидори он 16 мегаватт буда, дар як сол 70 миллион киловатт/соат қувваи барқи тоза истеҳсол менамояд.
Бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар мамлакатамон номгузорӣ шудани Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» дар ҷануби кишвар – Сурхондарё, ки манбаъ ва захираи об нисбатан зиёд аст, барқи «сабз» дар оянда боз ҳам бештар рушд мекунад. Дар натиҷа арзиши аслии қувваи барқ арзон, бехатарӣ таъмин ва сифати он низ аз ҷиҳати экологӣ баланд хоҳад шуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.