ОРДЕРИ ҲИМОЯ – ВОСИТАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ

​Дар расонаҳои ахбори умум бобати механизми пешгирии зӯроварӣ дар оила матолиби зиёд чоп мешаванд.

Баъд аз он, ки ин механизм дар кишварамон ҷорӣ гардид, баъзе ба татбиқшавии он бовар надоштанд. Зеро, бонувони мо аз қадимулайём муаммоҳои хонаи худро берун намебароваранд, дардашонро «достон» намекунанд. Арӯсон аз ҷониби хушдоману шавҳар, ёки баръакс хушдоман аз арӯс ба зӯроварӣ дучор шуда бошанд ҳам, аз ошкор кардани он ба каси дигар андеша мекунанд.

Вале давр бо шиддат дигаргун мешавад ва дар ҳама соҳа навигариҳо ба миён меоянд. Аз ҷумла, барои зан ва духтарон низ имконияту шароит фароҳам мегардад.

Хусусан, солҳои охир, дар шароити ислоҳоти нави демократӣ якчанд қонун ва фармоишҳо қабул шуданд, ки дар онҳо масъалаи баробарии марду зан муайян карда шудаанд.

Дар Ӯзбекистони Нав бонувон нафақат дар оила, балки дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат низ фаъоланд.

Ҷонишини роҳбари раёсати профилактикаи ҳуқуқвайронкунии хидмати бехатарии садорати корҳои дохилии вилоят оид ба масъалаҳои занону духтарон, подполковник Нигора Қаюмова аз ин хусус маълумот дод.

– Соли гузашта дар вилоят 2687 нафар занону духтарони ба тазйиқ ва зӯроварӣ дучоршуда ба рӯйхат гирифта шудаанд. Онҳо ба зӯроварии рӯҳӣ, ҷисмониву моддӣ, таъқиб ва тазйиқ дучор гардидаанд.

Ҳар як инсон, хоҳ зан бошаду хоҳ мард, бояд ҳуқуқи худро донад.

Зӯроварон ҳатто барои суханҳои бад ва дашном низ дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Ҳукумат ба бонувоне, ки ба чунин ҳолатҳои нохуш рӯ ба рӯ мешаванд, «Ордери ҳимоя» медиҳад.

Барои маълумот бояд гуфт, ки «Ордери ҳимоя»-ро ба воситаи портали my gov.uz гирифтан мумкин аст ва дар муддати 30 рӯз дода мешавад. Баъди тақдим намудани ариза, инспектори ҳудуд онро дар байни 24 соат дида баромада, баъд тақдим мекунад. Ба шахсе, ки тазйиқ ва зӯроварӣ зоҳир кардааст, аз ҷониби инспектори маҳалла чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Бояд гуфт, ки шахсони дар бораи тазйиқ ва зӯроварӣ хабардода низ мувофиқи қонун ҳимоя карда мешаванд.

Ба бонувоне, ки ба ин гуна вазъият афтодаанд, рӯҳшиносони марказҳои иҷтимоии «Инсон» хидматҳои махсус ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ мерасонанд. Тазйиқ ва зӯроварӣ фақат дар оила не, балки дар ҷойҳои ҷамоатӣ, дар корхонаву ташкилот, кӯчаву хиёбонҳо низ метавонад содир шавад. 

Тӯли соли сипаришуда бинобар пешниҳод гардидани «Ордери ҳимоя» дар 1243 оила зану шавҳар аз нав оштӣ карда шуданд. Дар 1374 оила низоъ бартараф гардид, 20 оила бошад пароканда ва 50 оила дар фикри худ монданд, яъне «ба кӯчаи муросо» надаромаданд.

Чунин корҳои амалӣ, тарғиботию ташвиқотӣ далолат медиҳанд, ки дар кишварамон ҳифзи занону духтарон ва ҳимояи иҷтимоии онҳо ба дараҷаи сиёсӣ бардошта шудааст. 

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: