КОР ДАР СОҲАИ СОХТМОН ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Дидору мулоқот бо як гурӯҳ намояндагони ташкилоту идораҳои сохтмон, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Қашқадарё рӯйи кор омад, хеле пурмаҳтаво буд.

Дар ин ҷамъомад ҳокими вилоят натиҷаи корҳоро дар соли 2024 мавриди таҳлил қарор дод ва таъкид кард, ки дар соли гузашта соҳаи сохтмон дар минтақа табъи дил пеш рафт ва кормандони ин соҳа бурдборона меҳнат кардаву дар барпои биноҳои маъмурии давлатӣ, истиқоматӣ, иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Натиҷаҳо таҳлил, ҳар камбудие, ки ҷой дошт, таъкид гардид ва супориши қатъӣ дода шуд, ки дар идомаи корҳо дар соли 2025 онҳо комилан бартараф гарданд.

Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ба қимати 15,1 триллион сӯм корҳои сохтмон амалӣ гардиданд ва дар қиёс бо соли 2023 хеле зиёд буда, ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда 112,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бо саъю эҳтимоми гурӯҳҳои фаъоли сохтмон 157 бинои баландошёни истиқоматӣ сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 5703 хонадон бо ҷои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва дар манозили нав расми бӯрёкӯбон гузарониданд. Ба 1005 шаҳрванд дар доираи тарҳҳои алоҳидаи давлатӣ барои соҳиб гардидан ба хонаҳои нав субсид дода шуд, ки дар маҷмӯъ 30,6 миллиард сӯмро ташкил медиҳанд.

Дар вилоят минтақаҳои иқтисодие амал мекунанд, ки маҳз ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ машғуланд ва ин чораву тадбир, ки бо нишондоди роҳбари давлат рӯйи кор омадаанд, ба арзон шудани нархи умумии сохтмон мусоидат мекунанд. Назар ба маълумоти ироашуда, дар ноҳияҳои Китоб ва Деҳқонобод чунин минтақаҳои иқтисодӣ амал мекунанд ва онҳо кунун бо истеҳсоли зиёдтар аз 20 намуди маводи пардоз ва ороиш машғуланд.

Дар ҷамъомад ба нақша гирифта шуд, ки соли 2025 низ соҳаи сохтмонро тараққӣ хоҳанд дод ва барои зиёдтар аз 7 ҳазор аҳолӣ манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд хоҳанд кард. Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи сохтмон усулҳои нав ва технологияи пешқадаму ҳозиразамонро омӯхтаву дар амал татбиқ созанд, то сифати кор беҳбуд ёбад.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: