ТАМОЮЛИ «ӮЗБЕКИСТОН НАВ – СУДИ НАВ» – ДАР АМАЛ

Дар асоси тамоюли «Ӯзбекистони нав – суди нав» вазифаҳо бобати васеъсозии имконияти дастрасии мардум ба суди одилона, суръат бахшидан ба ислоҳоти системаи суд, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳа, ба мақомоти мустақили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбил додани ҳокимияти суд ва ғайра муайян карда шуд.

Дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби Сарвари давлат бо мақсади татбиқи пайвастаи вазифаҳои соҳаи суду ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба мурофиаи одилона, беҳтар кардани сифати баррасии корҳои суд, васеъ намудани механизмҳои таъмини баробарҳуқуқӣ ва рақобати тарафҳо аз рӯйи қабули қарорҳои одилона ва қонунии суд  як қатор фармон ва қарорҳо имзо гардиданд.

Аз ҷумла, Фармони Президент аз 24 июли соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд такмил додани фаъолияти суд ва афзунсозии самарадории суди одилона» қабул гардид, ки дар асоси он ба шакли ташкилӣ-ҳуқуқии суд як қатор дигаргуниҳо ворид карда шуд. Эътибор ба таҳкими пойгоҳи моддиву техникии суд, васеъ ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба фаъолияти онҳо, дастгирии моддии кормандони дастгоҳи суд афзуд.

Бо Фармони дигари роҳбари давлат аз 7 декабри соли 2020 «Дар бораи чораҳо оид ба таъмини мустақилияти воқеии судя ва баланд бардоштани самаранокии пешгирии коррупсия дар низоми суд» бошад, самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини мустақилияти судя ва пешгирии коррупсия дар ин сохтор муайян гардиданд.

Аз моҳи январи соли 2021 суд оид ба корҳои шаҳрвандӣ, ҷиноӣ ва иқтисодии сатҳи вилоятӣ чун суди ягонаи дорои салоҳияти умумӣ муттаҳид карда шуданд.

Дар асоси тамоюли «Суди ягона –инстансияи ягона» таҷрибаи баррасии парвандаҳо бо тартиби назоратӣ барҳам дода шуд.

Инчунин, аз 7 июли соли 2021 Қонун «Дар бораи суд» дар таҳрири нав қабул гардид ва як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти суд, аз қабили сохтори низоми суд, мақоми судя, фаъолияти суди ҳарбӣ, дараҷаи тахассусии судя ва ғайра, ки бо 5 санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардиданд, ба низоми ягона муттаҳид карда шуданд.

Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар ин сохтор як қатор ислоҳот амалӣ гардида, тартиби баррасии парвандаҳо такмил ёфт. Илова бар ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандон дар фаъолияти суд технологияи муосир ба таври васеъ ҷорӣ гардид.

Бо шарофати равишҳои замонавӣ, аз қабили тақсимоти автоматии парвандаҳо дар байни судяҳо, муроҷиати электронии фосилавӣ ба суд ва интиқоли электронии ҳуҷҷатҳои суд ба тарафҳо, интиқоли электронии ҳуҷҷатҳои иҷро барои Бюрои иҷрои ҳатмӣ, сабти маҷлисҳои суд бо истифода аз сабти аудио ва видео, нашри қарорҳои суд дар интернет, самаранокии суди одилона таъмин гардид. 

Портали хидматҳои интерактивии Суди Олӣ ба кор даромад. Қабули муроҷиатҳо тавассути телефони боварӣ роҳандозӣ гардид.

Инчунин, бо мақсади рақамикунонии фаъолияти мақомоти ҳокимияти суд, беҳсозии табодули маълумот байни суд ва дигар идораҳо, таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ин сохтор чорабиниҳои судманд амалӣ шуданд.

Имзо гардидани Фармони Президент аз 16 январи соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тавсеаи минбаъдаи дастрасӣ ба суди одилона ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти суд» корҳоеро, ки дар ин самт иҷро мешаванд, ба марҳилаи нави рушд баровард.

Тибқи фармон Стратегияи кӯтоҳмуддати ба сатҳи сифатан нав баровардани низоми суд дар солҳои 2023-2026 ва Барномаи ҳаракат оид ба татбиқи он тасдиқ шуд.

Дар асоси тамоюли «Ӯзбекистони нав – суди нав» вазифаҳо бобати васеъсозии имконияти дастрасии мардум ба суди одилона, суръат бахшидан ба ислоҳоти системаи суд, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳа, ба мақомоти мустақили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбил додани ҳокимияти суд ва ғайра муайян карда шуд. Дар як соли сипаришуда дар асоси ин тамоюл корҳои шоёни таҳсин амалӣ гардиданд.

Роҳандозии таҳлили онлайни вазъи баррасии парвандаҳо дар суд, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторинги риояи расмиёти мурофиа ва муҳлатҳои баррасии парванда, инчунин таҳлили онҳо аз рӯйи минтақаҳо ва афзунсозии маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, аз ин ҷумлаанд, ки барои баланд бардоштани сифат ва самарадории суди одилона мусоидат мекунанд. Маҳз бо мақсади пурзӯр кардани назорат дар ин самт, дар сохтори Суди Олӣ Мониторинги ахбор-коммуникатсия – Маркази омӯзиши вазъ таъсис ёфт.

Бояд гуфт, ки дар ҳамин сана Фармони дигари сарвари давлат «Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯйи ташкили самараноки татбиқи фаъолияти суди одилона» қабул гардид ва бо он сохтори нави Суди Олӣ тасдиқ карда шуд.

Суди Олӣ аз замони таъсис эмблемаи махсуси худро, ки мақсад ва вазифаҳояшро инъикос мекард, надошт. Бо ин фармон бори аввал дар таърих герби Суди Олии Ӯзбекистон тасдиқ гардид.

Бояд гуфт, ки дар рафти ислоҳот ба таҳлили амиқи таҷрибаи судӣ ва бо назардошти тамоюлҳои байналмилалӣ, ба такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунанда эътибор дода мешавад. Бо ин мақсад ба кодексҳои протсессуалии ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.

Бо як сухан, ислоҳоти таърихие, ки дар шароити кунунии Ӯзбекистони Нав бо мақсади роҳандозии низоми суди нав амалӣ мегардад, барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муроҷиати озодонаи онҳо ба суд, афзунсозии самаранокии суди одилона, инчунин, таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар суд хидмат мекунад.

Низом ЮСУПОВ,

судяи суди вилояти Тошканд оид ба корҳои иқтисодӣ,

Музаффар ҲАСАНОВ,

омӯзгори литсейи академии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: