МУНОСИБАТИ НАВ БА ОМӮЗИШИ МЕРОСИ БЕҲБУДӢ ВА ҶАДИДОН

Дар қасри фарҳанги Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Муносибати нав ба омӯзиши мероси Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ҷадидон» анҷумани байналмилалии илмиву амалӣ баргузор гардид.

Аз манбаъҳои таърихӣ маълум, ки «ҷадидия» ҷараёни нави фарҳангию маърифатӣ аст, ки охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фаъолияти ҷадидон бар зидди зулми иҷтимоӣ ва хурофоту ҷаҳолат, ҳукуматдорони ноинсоф ва уламои манфиатҷӯву муллоҳои ҷоҳил равона шуда буд.

Шоирон, нависандагон ва донишмандоне чун Мирзо Сироҷ Ҳакими бухороӣ, Аҷзии самарқандӣ, Тошхоҷа Асирии хуҷандӣ, Садриддин Айнии бухороӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудии самарқандӣ, Васлии самарқандӣ, Саидризо Ализодаи самарқандӣ ва дигарон бо ашъор, достону сафарнома, хабару мақола мардумро ба бедорӣ ва ҳушёрӣ фаро мехонданд ва рӯзгори мардуми пешрафтаи ҷаҳонро ба онҳо нишон медоданд. Онҳо дар пайи он буданд то миллату кишвари хешро аз банди нодонӣ ва хурофот бираҳонанд. Фаъолияти ҷадидон дар ташаккули мактабҳои усули нав, дар омӯзиши илму маърифати халқҳои Осиёи Миёна саҳми калон дорад.

Дар чаҳорчӯби иҷрои Қарори Президент «Дар бораи бошукӯҳ ҷашн гирифтани 150-солагии зодрӯзи асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ, нависандаи барҷаста, арбоби ҷамъиятӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» дар қасри фарҳанги Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бо ҳамкории Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия, Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни табъид, инчунин рӯзномаи «Ҷадид», Ассотсиатсияи миллии расонаҳои Ӯзбекистон ва Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ таҳти мавзӯи «Муносибати нав ба омӯзиши мероси Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ҷадидон» анҷумани байналмилалии илмиву амалӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин хотираи ҷадидон, аз ҷумла, омӯхтани мероси намояндаи пешбари мактабу маориф Беҳбудӣ, инчунин баланд бардоштани сифат ва самаранокии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи ВАО, дастгирии олимони ҷавон, таҳкими робитаҳои илмии байни олимони ватаниву хориҷӣ дар омӯзиши сарчашмаҳои нодир мебошад.

– Аз таърих маълум аст, ки соли 1914 дар ҳамин бино аввалин спектакли дастаи ҳаваскорон таҳти роҳбарии Абдулло Авлонӣ «Падаркуш»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба саҳна гузошта шуда буд, – гуфт ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсия Шерзод Қудратхоҷаев. – Рӯзгор, роҳу эҷоди Беҳбудӣ, ки мардумро ба бедоршавӣ ва равшанфикрӣ, донишомӯзӣ ва китобхонӣ даъват кардааст, барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд.

Дар анҷуман намояндагони Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни табъид, хона-музейҳои ба номи Абдулло Қодирӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, рӯзномаи «Ҷадид», инчунин профессор-омӯзгорон, коршиносон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Котиб Чалабии Измир, Донишгоҳи давлатии Мичиган, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи таърихи Академияи фанҳои Ӯзбекистон, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд иштирок намуданд.

Дар поёни чорабинӣ тақдимоти китоби доктори фанҳои филологӣ Ҳалим Саидов бо номи «Беҳбудий феномени» рӯйи кор омад. Инчунин аз драмаи «Падаркуш» саҳнае пешкаши тамошобинон гардид.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси роҳбари давлат барои донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ стипендияи ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таъсис дода шудааст. Дар навбати худ, кафедраи назария ва амалияи донишгоҳ «Мактаби илмии ҷадидӣ»-ро таъсис дод. 

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: