(Ҳикояи воқеӣ)
Вақти пешин аз Душанбе баромаду то намози шом ба Фориш расид. Роҳи кам не – хатсайри ҳавоӣ дусаду ду ва роҳи мошингард низ бо хамгашту печҳояш дусаду шасту нуҳ километр.
Дар ин миён ҳавопайморо ба мошини саворӣ ва дар идома, ба бензинкашоне иваз карда, дар кобини он то Фориш омад. Ҳарчанд ҳавои сарди зимистонӣ ва аз чапу рост барфрезаҳои хунуки баландшуда бо боди саҳроӣ сару гӯшу гунаҳояшро лесидаву сӯзонда мегузашт, ӯро хаёли зодгоҳ ором мекард. На парвои сармо дошту на аз кӯфтагии роҳ ҳис мекард. Баробари наздик шудан ба ҳавою сафои зодгоҳ худро мисли мурғи осмонӣ озоду сабук медид. Бо ин фориғболӣ ҳар гуна бардорузани ҳавопаймои малахӣ, дингир-дингири мураттаби худравҳоро, ки шӯру заҳраирӯзада аз дастандозҳои ҷодаи нимаосфолтиро дар пайкари худ фурӯ мебурданд, фаромӯш кард. Ба шаҳраки Боғдон, ки акнун мардуми маҳаллӣ исмашро ба нудрат ба забон мегиранд ва ҷойи он маркази Форишро Янгиқишлоқ мехонанд, расиду меъдааш аз таниши худ хабар дод. Беихтиёр, ба хотири фурӯ нишондани садои нақораи меъда ба чойхонаи нурониёни шаҳрак қадам ниҳод.
Мисли ҳамеша, чанд мӯсафеди бекор аз лойи панҷаю пиёлаҳои чойи худ нигоҳҳои кунҷковона ба танутӯши ҷавони донишҷӯ афканданд – шалвору камзӯли гарм, пероҳани сапеду мӯйҳои ба як сӯ шоназадаи дароз ва дипломати қаҳваиранги дасташ аз ҳолу ҳавои ӯ дарак медод. Ҷавон наметавонист онҳоро нодида гирад, аз дур ҳам бошад, бо эҳтиром даст ба рӯйи сина гузошта, ду-се бор ба аломати дуруд сар ҷунбонд. Дар наздаш занаки хидматкор ҳозир шуд, бо лабханд ва лутфу нармӣ ба ӯ чойи кабуду ду дона самбӯса суфориш дод...
Роҳҳои байнишаҳрӣ дар қафо монд, ҷавон ба чорроҳи баромадгоҳи Фориш омад. «Акнун Худо бояд гуфт, – аз дил гузаронд ӯ, – кош мошине пайдо шаваду зудтар ба деҳа расам». Аммо...
Ба чорроҳу атрофи он лашкари торикӣ ҳамла овард. Гарчи пардаи нозуки барф, ки зоҳиран ду-се рӯз қабл боридаасту ин дам чун дарбеҳҳои сапедранг ба чашм метобад, равшанӣ медод, то даҳ қадам дуртар чизе дида намешуд. Ҳавои сард гузар кард, дигар либосҳои танаш корагар набуд. Ба ёдаш ҳамсояашон Маҷидака омад. Онҳо чанд сол пеш аз деҳа ба Боғдон омада муқим шуда буданд. Ба гуфтаи падараш, Маҷидака бо оилааш зиндагии хубе дошт, молдухтурӣ мекард. Бечора, ба хотири сиҳҳат кардани писари маъюбаш, ки зуд-зуд поҳояш фалаҷ мешуд, ба шаҳр кӯчид. Ӯ бо духтари сеюми Маҷидака ҳамсол буд, доиман бо ҳам бузғола мепоиданд, бозӣ мекарданд, дарс мехонданд. Онҳоро бо ҳам дида, падараш шӯхиомез мегуфт: «Ҳамин Фарзонаро ба писарам мегирам!» Маҷидака низ ҳар гоҳ ӯро медид, сарашро молида, хуш дида, ягон шириние медод. «Ба хонаашон равам-чи? – аз дил гузаронд ҷавон. – Пайдо мекарда бошам? Меёбам... Ин ҷо ҳама Маҷидакаро мешиносанд».
Раъйи ниҳонӣ бошад, гардани ҷавонро ба самти зодгоҳ кашид. Ба ин амр боди сарди саҳроӣ низ ҳамхонӣ кард, ки бераҳмона аз қафо шапидан гирифт. Дар як ҷо истодан хатарнок намуд, бояд ҳаракат кард! Ҷодаи хокии сахт дар торикии шаб тиратар ба чашм мехӯрд. Азбаски дар ду ҷониби роҳ ба дарозо тӯдаҳои барф ҷило медоданд, хавфи роҳгум задан бениҳоят кам буд. То фосилае, ки имкон дошт, ба дуртар нигоҳ карда, хати ҳаракатро зери чашм хонд ва бо азм ба роҳ афтод.
Наистода то хеле ҷо омад, шояд ду-се чақрим роҳро тай намуд. Аз самти чап аҳён-аҳён милтос задани чароғакҳое хаёлашро парешон кард. Дубора дудила шуд: раваду таваккул ба кулбае сар бизанад ё роҳашро идома диҳад? Аз бехи гиребон ҳаври гарме димоғашро мегирифт ва бо боди сард даромехта мағзи биниву чашмонашро месӯзонд. Ҳис кард, ки агар як-ду дақиқа бо ин ҳол бимонад, тамоми баданаш яхча хоҳад баст. Ҳавои хунукро танҳо бо ҳаракати муттасил метавон шикаст. Ба самти милтоси чароғакҳо даст афшонд ва аз нав бо тундӣ ба қадамзанӣ даромад. «Агарчи роҳам то саҳар тул бикашад, меравам! – роҳравон садо баланд кард ӯ ва дипломати дасташро ба сари дил зер кард, то ки ҳангоми қадамзанӣ ҳарчи камтар боди сард ба сандуқи синааш бархӯрад. – Дигар ба қафо роҳ нест!»
То ин ҷо, ки омад, ҳис кард ба нишеб меравад, худ аз худ ба суръаташ афзуд. Дар дили ҳамин аҷала баногоҳ садои чирросии гӯшгире дар фазо печид. «Шағол!» – зузаи тулонии ҳайвони ваҳширо, ки фарёди баланди нозук сар дода буд, шунида, мисли анор таркид ҷавон ва беихтиёр сари ҷо мех шуд. Чун ба самти овоз чашм дӯхт, на дуто, балки чаҳорто ва сипас ҳаштто ва аз он пас чандин чашми гурбасонро дуртар аз худ дид. Ҷилоҳои бозикун гувоҳӣ медод, ки ҳайвони нохонда на якто, балки як ҷуфт, чаҳор ҷуфт, чандин ҷуфт аст. Ба маҳзи ин ки ҳис кард чашмони шуълавар пасту болошавон ба сӯяш мепалаканд, беихтиёр хам шуда аз давру бараш як мушт санг чида гирифт. Чораи дигаре ҳам надошт, агар ба сӯяш ҳамла кунанд бо санг мезанад. Қадам шумурда ба пеш ҳаракат кард. Чашмҳои йилдирросӣ беист боло-поин мешуданд, гӯиё лаҳзаи ҳамларо мепоиданд. Ӯ ваҳму ҳароси худро ба дарун хӯрда, дар ҷодаи хокӣ ба қадаммониаш афзуд. Ҳарчанд ларзаи тану дӯш ва поҳояш лағзида роҳгардиаш номураттаб сурат мегирифт, ду чашм аз чашмони фурӯзон намеканд. Оҳиста-оҳиста он ҳама ламъа дар канор ва пас аз муддате дар қафо монданд, дар ин ҳолат, ӯ чун оҳуи аз камин ҷаста яке ба дав гузашт. Дигар ба қафо нигоҳ накарда давид. Медавиду кӯҳи ваҳм ба вуҷудаш фишор меовард, гумон бурд ҳайвонҳои ваҳшӣ ӯро таъқиб мекунанд. Тарси ӯ бо торикии ғализ ду баробар шуд. Ба нишеб чун тир медавиду ҳар як шибҳу сапедии атроф ба назараш чун чашмҳои гурбасон фурӯзон метофт. Азбаски бо шиддати давидан боди сард сару сураташро бурида мегузашт, чашмонаш пури об шуданду ёрои мижа задан намонд. Тавони дасту поҳояш низ коҳиш ёфт, ҳатто наметавонист дипломаташро муҳкамтар нигаҳ дорад. Бо ин заъфу сустӣ ба таҳи нишеб расидану ба бероҳа баромадани худро надониста монд. Парешонҳол таодулро гум кард, вазни ӯ танашро ба сурати қадди камонӣ афканда, чанд қадами дигар ба пеш давонд. Бар замми ин гирифторӣ, пардаи дурушти обӣ биноияшро аз байн бурд. Мисли ин ки ба чоҳи бетаҳе афтид, замину фалак яке шуд. Сари ҷо давр заду ба садди муҳкаме бархӯрд. Бо ин зарбаи ногаҳонӣ мисли пружин барҷаста, ба пушт афтод, дипломати китобу либосу ҳадоё ба як сӯ парид...
Осмоне, ки ҳамеша бо дунёи ситораҳояш муҳобот дошт, ин дам пардаи меҳ ба сурат кашида буд. Маҳтоб низ ба модари худ рӯ нишон намедод, ҳеч фикр намекард фардо мухлисонаш аз ин хиҷолати ӯ дилгир хоҳанд шуд. Бо дур дидани дӯстонаш Заминро боди қаҳратуни зимистонӣ ва лашкари торикӣ ғорат мекарданд, аз як сӯ бо шуввоси беохир, аз ҷониби дигар бо дамдарунии тазйиқзо сару тани пойгоҳи муқтадирро фаро мегирифтанд. Гӯё қасди дерина ба заминиён доштанд, муштоқи аз байн бурдани роҳату ҳиссиёти гуворои дар фироқ афтодаҳо буданд. Дарди ҷонсӯз дасту пойи ҷавонро ба ҳаракат даровард. Ӯ бо пушти дасти маҷруҳшудааш, ки аз заҳидани хун гарм мешуд, оби чашмонашро пок кард. Ангуштони карахтшудаашро ҷунбонд, бо тамоми неру ба паҳлу гашту ду дасташро мушт карда, чун асо ба замин такя зада, бо талвоса сари по хестанӣ шуд. Аммо сари по нахеста сараш давр зад, дубора пуштнокӣ ба замин афтод. Гунбади сурбиранги осмон, ҷо-ҷо лахтаҳои норанҷию гулханӣ ба чашм тофтанд, ки гӯё харошҳое бар чеҳраи фалак буданд. Нолаи дардомез аз мағзи ҷон баровард, «очаҷон!». Ин лаҳза гӯё ба имдодаш расиданд, чанд бор «фирқ-фирқ» садое аз димоғи ҷонваре шунида шуд. Боз ба ҳаракат омад, ҳарчанд дар маҳалли шонаю бозуи дасти чапаш дарди ҷонгир дошт, дасти росташро ба зер тиргак карда дар ҷо баланд шуд. Оре, дар рӯ ба рӯяш хари сапедранге меистод, ки пӯзаашро ба замин молида, гӯё чӯбе ё хоре ба биниаш халидааст, фирқас мезад. Ин лаҳза ҷавон ба худ омад, бо остини камзӯл аз рӯйи пешонию сураташ кашид, бо диққат ба давру бараш чашм дӯхт, бо вуҷуди ин ҳама дарду ранҷ, дунболи дипломаташ гашт. Мебоист онро пайдо кунад, чаро, ки дар он ду чизи нодир дошт – ду туҳфа: корди қассобии истаравшанӣ барои падар ва нони Файзобод барои модар. Дипломатро ёфт, хушбахтона, бо ҳама муҳтавояш, ҳарчанд аз ниҳояти сахт ба замин хӯрдан даҳонаш боз шуда буд. Хост бибандад, нашуд, қуфлу қуллобаш шикастааст. Бо рӯмоле, ки ягона савғотӣ барои хоҳараш буд, дипломатро муҳкам баст. Бо ин ки метавонист роҳ гардад, барқосо фикре ба зеҳнаш омад, ба самти хари беғам по ниҳод. Боре падараш гуфта буд: «Сари харро ба ҳар сӯе гардонӣ рост меравад, ҳатто дар шаби тор аслан аз роҳ бероҳ намешавад». Гӯшдароз аз ӯ нарамид, бо маҳси мулоиме гардан хам кард. Ҷавон бо як ҷаҳиш савори хар шуду роҳи манзилро дар пеш гирифт. Роҳравон рӯйдоди чанде пеш ба вуқӯъ пайвастаро аз мадди хаёл гузаронд: садде, ки ӯро аз парида сарнагун шудан нигаҳ дошт, ҳамин хар буд. Ба ёд овард, ҳангоми бархӯрди сахт нармиеро низ ҳис карда буд, нармие чун бадани урёни гӯшдароз, ки аз он кеш хӯрда мисли пружин баргашта ба қафо афтод...
Дарди дасти маҷрӯҳаш намемонд, аҳёнан дарунаш заъф меовард. Бар замми ин, ҳавои сарди зимистон бераҳмона теғкашӣ мекард, ҳарчанд почак мезаду худро ба камзӯли гарм фурӯ мекашид, боди хунук аз ҳар сӯ роҳ меёфт ва чун сӯзан сару танашро сӯрох мекард. Маркаби итоаткор ҳам ранҷи танҳоӣ мекашид магар, бо позаниҳои саворааш лӯкка ба роҳ даромад. На аз ҳавои сарду на аз ях кардани ҷавон парвое дошт.
Дар овони наврасӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи бачаҳои деҳа харсаворӣ буд. Ба хусус, аз он хушашон меомад, ки бо хари беполон пойга ташкил кунанд. Ҷавон он рӯзҳоро ба хотир оварда, «лаззат»-и аз ёд рафтаро дар пушти худ эҳсос намуд. Гарчи дуруштии тахтапушти гӯшдарозро мураттаб ҳис мекард, аз «хойидан»-и он хушаш омад. Камокон бардорузанҳояш низ хушоянд буд. Дар ин миён боди сард бераҳмона кори худро мекард, роҳи ончуноне нарафта гӯшу бинию лабҳояш яхча баст. Бо ин ҳол, маҷбур буд ба ҳар гуна азият тоб оварад. Ҳама умедаш ба ҳамин хари ғанимат буд. Медид, ки вай наистода роҳ мегардад ва беҳтар аз ӯ мустақим меравад, аслан аз роҳи мошингард ба берун намебарояд. Ба ҳар қимате шуда, ҳаракати дасту поҳояшро қатъ накарда, зуд-зуд кафи дастони хунакхӯрдаашро рӯйи ҳам молида аз сураташ низ кашида мемонд.
Аз ҷони набаромада умед. Ҷавон бо ҳамроҳи безабонаш дубора ба маҳалле омад, ки ҷо-ҷо аз дили он чароғакҳое милтас мезаданд. Надонист куҷост, аз лойи торикии шаб ҳадс задан ҳам мушкил буд. Шояд Порашт бошад, ё ки Ӯхм – маълум набуд. Дигар ба ҳоли ӯ маймунҳо механдиданд, дар пушти гӯшдароз на одам, балки хӯсае менишаст. На по мезад, на даст меҷунбонд, на метавонист ба сӯе гардан битобад. Танҳо наистода нафаси борик мекашиду базӯр чашмонашро нимабоз нигаҳ медошт. Агар маркаб андак ҳаракати беҷо мекард, ба замин яксон шуда рафтанаш яқин буд. Гӯё ин ҳолашро ҷонвар ҳис мекард, дигар лӯкка ҳам намерафт, ба оҳистагӣ, по чида-по чида қадам мениҳод. Шаб бошад, бо вуҷуди бедаступойӣ, аз ҳамлаҳои тазйиқовари худ даст намебардошт – бар замми торикӣ боди сарди биёбонӣ беист шуввос мезад. Гоҳ-гоҳе аз муҳити номаръӣ садоҳои ранг ба ранги уллосу зузакашии ҳайвонҳои ваҳшӣ ба гӯш мерасид. Ҷавон нахост ба сарнавишти муфоҷо тан диҳад, ба ҳама сарусадо ва сахтии пешомада бефарқ бошад, ӯ бо умед ба сӯйи равшаниҳои самти боло дида дӯхт. Ба он ҷо пиёда рафтанро афзал донист, чун дарёфт, ки агар боз ҳам савори хар биравад, яқинан ба хӯсаи ҳақиқӣ табдил хоҳад ёфт. Бо тамоми неру танашро ҷунбонд, пойи чапашро аз болои гардани хар гузаронда, ҷуссаашро ба ҷониби рост ба замин афканд. Гӯшдарози «меҳрубон» сари ҷо истод, баргашту ба назди ҷавони замингазида омад ва ду-се бор фуки яхбастаи худро ба босани ӯ халонда монд. Ҷавон аз ҷо ҷунбид, сар бардошт ва бо чашми сар дид, ки аз самти деҳаи номаълум ду чашмаки нурполо ламъа мезанад ва равшании ногаҳонӣ торафт фурӯзонтар мешавад.
Оре, дар ин лаҳзаҳои сарнавиштсоз нури ҷонбахш ба сӯйи ҷавони дардманду сармозада дурахшид. Пас аз андак муддат садои гур-гури гардонаи худрави «Виллис» муҳитро фаро гирифт. Худрав хоки ҷодаи борики деҳаро ба осмон бардошта, бо овози гӯшгири худ ҳар гуна сарусадоҳои шабонаро дар худ балъида, то роҳи асосӣ расид ва ба самти чап печид. Ба маҳзи баромадан ба ҷодаи калон, ончунон роҳе нагашта дар назди ҷавону гӯшдароз турмуз дод. Ронанда ҷаҳида аз мошин фуромад ва ҳамин ки ба назди ҷавон омад, дар зери шуои чароғҳои худрав ӯро шинохт. Дар ҳоле, ки аз моварои садои гардона базӯр шунида мешуд, бо овози баланд гуфт:
– Хуршедҷон, худатӣ?! Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!
Ҷавон бо мушкилӣ чашм кушода, ҳарчанд аз хурсандӣ арзи дил карданӣ шуд, бо лабҷунбониаш садое дарнаомад. Гӯё, ки наъше буд афтодаву беҷон. Ронанда афзуд:
– Наход, ки танҳо ба роҳ бароӣ, ин чӣ аҳвол аст?
Чун дид аз ҷавон на садоеву на ҳаракате ҳаст, дарҳол ба имдод расид. Каме сару сурату дастонашро молида баромад. Бо ин ҳам тағйироте дар ҷавон надида, озод ӯро рӯйи даст бардошт. Ҳамин бардоштан буд, ки ҷавон аз мағзи дил дарди ҷонкоҳе баровард. Чун ронанда аз ҷароҳати дасту шонаи чапи ҷавон огоҳӣ надошт, ҳаракати ғайримунтазираи ӯ дили маҷруҳро ба дарду худи ӯро ба нола андохт. Бо ин ҳол, дигар дар замин нагузошта рӯйи даст бурду дар курсии бағалдасти ронанда нишонд. «Эҳ, ҷавонҳо, ҷавонҳо, ҳеч аз худсарию мағрурӣ даст намебардоред... Охир, ин роҳи дур бошад, шаб, торикӣ, зимистони қаҳратун...», ронандаи тануманд, ки ба бар ҷомаи баланду ба сар телпаки пӯсти барра дошт, чолокона давида гузашту пушти фармон нишаст. Бо нигоҳҳои гурезон ба самти ҷавон, по рӯйи гози худрав гузошт. Ҳарчанд ин ҷодаи мошингард шоҳроҳи байни Форишу Нурато буд, дастандозҳои фаровон дошт. Аз дасти онҳо ГАЗ-67 наметавонист ором равад, бадтар аз маркаби ғанимат, бардорузанҳои бешумораш ингор дилу ҷигари одамро поин мерехтанд. Ба ин нигоҳ накарда, ҷавон аз кулфати ногаҳонӣ наҷот ёфт, дигар на торикии зулмат, на бодҳои шадиди яхин ба вуҷуди ӯ ҳамла меовард. Ӯ бо расидани Бобои Хизр – ҳамдеҳаи ронандааш аз панҷаи азобизою алим раҳида роҳат шуд.
То хеле ҷо ронанда беист ҳарфзанону ҷавон дам дар дарун рафтанд. Ниҳоят, яхҳо об шуданд, шуввоси буногӯш аз миён бардошта шуд, пилкҳову мижгон дар хонаи худ ба ҷунбиш даромаданд, ангуштони дасту поҳо маҷоли ҳаракат ёфтанд – ҷавон ба худ омад. Ӯ сар бардошта худро дар мошин дид, гоҳе ба пеш, ки роҳи хокии пур аз чақар-чуқуриҳо бо чароғи худрав то хеле ҷо равшан мешуд, гоҳе ба ҷониби ронанда, ки аз дасти бардорузанҳои мошин сари ҷо ҷунбида менишасту даст аз фармон намебардошт, нигоҳҳои таҳайюромез афканд. Ҳушёр шудани ӯро дида, ронанда гуфт:
– Хуршед, ба худ омадӣ?
– Шумо...
– Амаки Шарифат.
– Э-е, аз куҷо донистед, ман дар роҳ мондаам?
– Ҳеч, бо амри тасодуф. Бахтат будаст, имрӯз ба Порашт бор оварда будам, дар бозгашт туро пеш омадам.
– Ин ҳамон «Виллис»-атон аст?
– Ҳа, чӣ буд?
– Ун мошинатон мулоим мерафт, ин аз ароба ҳам шалақтар аст...
Шарифи ронанда қоҳ-қоҳзанон хандиду беихтиёр бо кафи даст ба китфи ҷавон зад. Ҳамин даст андохтанаш буд, ки дубора фарёди ҳамроҳаш ба осмон печид. Дувумин бор буд, ки аз зарбаи ногаҳонӣ шонаи маҷруҳи ҷавон дарди ҷонсӯз медод. Ронанда бо ҳисси пушаймонӣ гуфт:
– Бубахш, додарҷон, надонистам. Ҳамин тарафат ҷароҳати сахт дорад, ба назарам. Мошинамро шалақ гуфтанат маро аз худ равонд.
– Шумо маро бубахшед, амак, – базӯр нафаси роҳат кашида гуфт ҷавон, – агар ҳамин «шалақ»-атон намебуд, кӣ медонад ба чӣ рӯзе меафтидам? Шояд ҳам дар ин биёбон туъмаи шағолу гургон мешудаму касе хабар намеёфт.
– Медонӣ, ба тарафҳои мо ба осонӣ кола намеравад, бахусус, шабҳо. Дар Фориш бояд мемондӣ.
– Ҷавонӣ кардам, меҳри зодгоҳ чун оҳанрабо ба сӯяш кашид...
Ҳамин дам ногаҳон садои гӯшхароши тарақ-туруқ баланд шуду худрав такони сахте хӯрд ва ба фармондории ронанда нигоҳ накарда, то хеле ҷо якпаҳлушавон лағзида, бо ғиж-ғижи зиёд заминро харошида рафт. Ронандаи тануманд ин гуна ҳолатҳоро зиёд мувоҷеҳ омада буд магар, худро гум накард, ҳарчанд ду-се бор ба дари паҳлуву ба болои фармон ҷуссаю сари худро зада гирифт, билофосила турмузро зер кард ва худрави якпаҳлушудаи якравро нагузошт, ки аз ҳад зиёд ба бероҳа баромада равад. Ҷавон бошад, бо нахустин таконхӯрии худрав сарашро ба пешхон заду аз он пас ҳушёр шуд ва бо дасти солимаш муҳкам аз дастаки дар дошта истод.
Баробари истодани худрав Шарифи ронанда дарҳол дарро боз карду ба берун ҷаҳида фуромад. Ҷавон бесаброна овоз баланд кард:
– Чӣ хабар, амак?
– Лаънатӣ, балони мошин кафидаст!
– Акнун чӣ кор мекунем?
– Биё поин! – амр кард амак. – Балони эҳтиётӣ ҳаст, иваз мекунем.
Ҷавон низ пиёда шуд. Самти чапи танаш – аз дӯш то буҷулаки по гӯё ҷон надошт. Бо вуҷуди ин чамида-чамида ба самти чап, ба назди амаки ронанда гузашт. Шариф аллакай ҷомаашро кашида ба зери мошин паҳн карда буд. Дарпӯши брезентии қафоро ба боло кашида, аз нишастгоҳи ақиб чархи эҳтиётиро, ки амонатӣ бо ресмоне ба канораи мошин баста буд, аз гиреҳаш озод карда ба пеш овард. Сипас, аз ҳамон ҷо, аз дохили ҷаъбае ҷаки мошинбардориро низ гирифт ва ба пеш гузашту дар паҳлуи чархи ҷилав, ба устувор кардани он дар зери бадани худрав пардохт. Чун кораш тамом мешуд, ба ҷавон гуфт:
– Хуршедҷон, гузар, аз ҳамон қуттии пушти мошин тарсевоя биёр!
Ҷавон ба қафои худрав гузашт. Чун равшании чароғҳои мошин то ин тараф намерасид, қуттиро бардошту ба назди ронанда овард. Ҳар чӣ дар дарунаш буд – чандто калиди хурду калон, латтапораҳо, анбуру болғача ба чашм менамуд, вале тарсевой...
– Ин ҷо тарсевой нест, амак! – таваккул гуфт ҷавон. – Анбуру болғачара диҳам?
– Магар мешавад? – амак аз ҷо хеста ба пеши ӯ омад ва бо як нигоҳ шигифтангез гуфт: – Пас, ин чӣ аст?
Ӯ калидочори салибшаклеро аз қуттӣ бардошта ба пеш гузашт ва ба боз кардани чархи харобшуда пардохт. Дар ҳоле, ки ҷавон аз ноошноӣ дар хиҷолат монда сар хорида меистод, ронанда гуфт:
– Мегӯянд, дар донишгоҳ мехонӣ, оре?
– Ҳа.
– Агар тарсевоя надонӣ, чӣ ёд медиҳанд дар он донишгоҳатон?
Ҷавон аз сархорӣ даст набардошта афзуд:
– О, риштаи мо иқтисодиёт аст, амак.
– Иқтисодиётата дар ҳамин фермаи худамон ҳам ёд мегирӣ, аз ин пас равӣ, мошина хон, ин ба зиндагият даркор!
– Хуб, амакҷон, ин гапатона аслан фаромӯш намекунам!
– Ҳамин хел кун...
Ҳарчанд ҳавои хунук зӯза мекашид ва аёси сахти он гӯшҳоро бурида мегузашт, марди қавии барфу борондида корашро зуд анҷом дод. Чархи эҳтиётиро насб карду дубора савори мошин шуд. Ҳар ду то расидан ба деҳа танӯри суҳбатро тафсонданд. Вақте ки ҷавон дар пушти хонаи падарӣ пиёда мешуд, рӯмоли рӯйи дипломатро кушод ва аз он нони бӯлкаи ба модараш гирифтаро бароварда гуфт:
– Амакҷон, ин ҳамон нони Файзобод аст, ки дар роҳ таърифашро кардам, баред, бо бачаҳоятон хӯред!
Шарифи ронанда нонро ба даст гирифту бӯ кашид ва бо хуморе аз таҳи дил гуфт:
– Аз ин нон бӯйи Тоҷикистони азиз меояд, аммо, – ӯ нони бӯлкаро ба ду қисми баробар пора карда, як бахши онро ба ҷавон баргардонд ва афзуд, – ман нисфаша мегирам, боқимондааш барои худат, медонам, модарон хлеба нағз мебинанд!
– Ба ҳамааш ташаккур, амакҷон, шумо инсони олиҷанобед!
Худрави ГАЗ-67 – «Виллис» рафтаравон дар торикӣ ғоиб шуду Хуршеди студент ба хонаашон даромад ва ба маҳзи боз кардани зулфини дарвоза садо дардод:
– Оча, очаҷон, ман омадам!
Юнуси ИМОМНАЗАР