Ёздаҳ сол қабл як шеъри кӯтоҳи Бахтиёр Аминиро дар саҳифаи интернет хондам, ки баёнаш шавқбарангез буд: Он қадар ғарқи иштибоҳ, мисли ин ки тамоми себҳои оламро ман хӯрда бошам...
Ин оғози ошноии ман бо шоир буд. Дафъаи дигар дар ҷараёни тадқиқи анвои шеъри тоҷик дубора бо ҳойкуҳои Бахтиёр Аминӣ бархӯрдам, ки ба гуфти худи эшон ягона намояндаи тоҷик аз ин навъ ӯст ва бо дилбастагӣ беш аз 20 сол аст, ки ба жанрҳои ҷопониасли ҳойку ва сенрю шеър мегӯяд. Узви Анҷумани ҳойкусароёни ҷаҳон дар Ҷопон аст, дар озмунҳои зиёди ҳойкусароён ширкат варзида ва комёб гардидааст. Ба тоҷикӣ гуфтаҳояш камтаранд, асосан ба забони русӣ менависад ва се китоб зери номи «Дар ҳар нуқта чанд нуқта», «Таъми таҷаллӣ» ва «Табассуми зебои ту» дар хориҷ ба табъ расонидааст.
Ҳойку чист, ки имрӯз дар ҷаҳон пайравони зиёд пайдо намудааст? Ҳамон гуна, ки дар шинохти ин намуди шеър овардаанд, ҳойку яке аз намудҳои кӯтоҳи серистеъмол дар шеъри ҷопон, чун танка ва сенрю мебошад. Танка аз лиҳози ҳаҷм бузургтар буда, гӯиё ҳойку аз ҳамин танка берун омадааст ва минбаъд дар шакли алоҳида ривоҷ ёфтааст. Ҳойку дар се сатр, аз 17 ҳиҷо, дар шакли 5+7+5 сурат мегирад. Гоҳо мумкин аст ҷойи мисраъҳо иваз ва баъзан ҳаҷми умумии ҳиҷоҳо кам ё зиёд шавад. Гардиши табиат дар чаҳор фасл дар таносуб бо инсон мавзӯи аслии ҳойкуҳост. Он чӣ, ки шоири бузурги сафедсаро Аҳмади Шомлу ба ин мазмун гуфта, ки «шеъри ман дунёи онитареро бозгӯ мекунад» зоҳиран ҳамин аст, яъне тасвири як он аз мушоҳида ва тамошои табиат, ки ба шеър мегузарад. Шомлу ҳам ошноии хубе бо ҳойку ва умуман анвои шеъри кӯтоҳи ҷопонӣ доштааст ва худаш ҳам аз ин даста ашъори кӯтоҳ гуфтааст.
Тибқи маълумот, ҳойку ва сенрю сохти якхела доранд. Фарқи асосӣ дар он аст, ки ҳойку ба табиат ва аксар вақт ба мавсими мушаххас бахшида шудааст. Дар ҳойку калимаҳо ё ашёи ишоракунанда ба мавсим (киго) мавҷуданд. Ҳойкуи хуб навишташуда одатан ҷиддӣ ва зебост. Сенрю, ҳамшакл бо ҳойку, барои ифодаи заъфҳои инсон навишта мешавад. Дар сенрю на ҳамеша киго истифода мешавад. Мавзӯи ин шеърҳо саҳнаҳои рӯзмарраи ҳаҷвӣ-мазҳакавӣ мебошанд, ки аксар вақт ба рӯйдодҳои иҷтимову сиёсӣ ишора мекунанд. Дар сенрю, ба қавле, гоҳе ифодаҳои беҳаёву ҳазли сиёҳ ҳам меоваранд.
Дар миёни навиштаҳои Бахтиёр Аминӣ ҳойкуву сенрюҳоро дар ҳама мавзӯъ метавон пайдо кард. Табиат, таърих, ҷомеа, гузашта, имрӯз бо ғам, шодӣ, дард, ханда, истеҳзо ва ҳар эҳсоси дигар дар ҳамин семисраиҳои ӯ моҳирона гунҷоиш ёфтаанд.
Ба фикри мо низ таваҷҷуҳ ба як лаҳза, ба як он, ё андешаву хаёли чандлаҳзаӣ ба шеър мекӯчад. Шеър, ки кӯтоҳ аст, бояд муҷаз ҳам баён шавад ва аз ин рӯ ҳамон гуна, ки метобад, гуфтани ин шеърҳо ҳам осон нест. Лаҳзаҳои шоир дар ҳойку ҳисобӣ аст. Вай дар лаҳза шоир метавонад бошад, аз пайи кашфи лаҳзаҳо меравад, ба тарзи дигар, ҳойку ва сенрю шоирро дар лаҳзаҳо ба тааммуқ дар андешаю хаёл мекашанд.
Инак, дар поён чанд машқи худро дар ин жанр ба хонандагон пешниҳод менамоем:
1. Силсилаҳояш...
Ва гӯши бесадоӣ
Ҳавои беҳуда.
2. Саги озодӣ
Дар сармои зимистон
Бар санги зиндон.
3. Кон-сти-тут-си-я:
Ҳикмати инсонӣ
Дасти дарози аҷз.
4. Зану хобе ширин:
Гӯшворе заррин
Шавҳар, кисаи зар.
5. Регистони мо
Муқовимати замон
Бо нақши бод.
Дилшода ҲАЗРАТҚУЛИЁН,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.