Дар филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд дар Олмалиқ эътиборан аз соли таҳсили 2024-2025 барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ сохтори таълими дуалӣ ба роҳ гузошта шуд.
Дар доираи ин сохтор аз ҷониби таълимгоҳи олии мазкур таҳти ҳамкорӣ бо ҶС «Олмалиқ КМК» муоҳада ба имзо расид. Дар ҳамин асос дар «Корҳои конӣ», «Мошинҳои технологӣ ва таҷҳизот», «Технологияи мошинсозӣ», «Таҷҳизот ва автоматикунонии истеҳсоли мошинсозӣ» барин самтҳо ҷамъ 18 нафар донишҷӯён дар асоси озмун ба кор қабул гардиданд.
Донишҷӯён алҳол дар зершуъбаҳои гуногуни фабрикаи бойгардони Мис – 3, ки ба комбинат тобеъ мебошанд, кор мекунанд ва машғулоти амалӣ мегузаронанд. Ин ҷараён аз ҷониби падару модарони донишҷӯён низ хуб пазироӣ гашт. Онҳо баъди хатми донишгоҳ дар корхона фаъолияти меҳнатиашонро давом медиҳанд.
Суратгир: А. Алиҷонов (ӮзА).